Check out the new design

Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Saba'i   Aya:
أَفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَم بِهِۦ جِنَّةُۢۗ بَلِ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ فِي ٱلۡعَذَابِ وَٱلضَّلَٰلِ ٱلۡبَعِيدِ
8. Оё ин Муҳаммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад, ё девонааст»? На, Муҳаммад аз росттарин ростгӯйҳо аст , балки онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва дар ҳаёти дунё сахт аз роҳи ҳақ дуранд.[2099]
[2099] Тафсири Табарӣ 20\354
Tafsiran larabci:
أَفَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِن نَّشَأۡ نَخۡسِفۡ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ نُسۡقِطۡ عَلَيۡهِمۡ كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ
9. Оё ин кофирон ба пеши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд, ки ақлҳоро ба ҳайрат меандозад? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем, чуноне ки ба Қорун кардем ё порчаи азоберо аз осмон бар сарашон меафканем, чуноне ки ба қавми Шуъайб кардем.[2100] Албатта, дар ин барои ҳар бандае, ки ба сӯи Аллоҳ бо тавба бозмегардад, ибратест.
[2100]:Яъне, аз осмон оташе фуруд овардем, ки онҳоро сӯзонд.
Tafsiran larabci:
۞ وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ مِنَّا فَضۡلٗاۖ يَٰجِبَالُ أَوِّبِي مَعَهُۥ وَٱلطَّيۡرَۖ وَأَلَنَّا لَهُ ٱلۡحَدِيدَ
10. Ва дар ҳақиқат, Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки он паёмбарӣ, китоб ва илм буд, пас гуфтем: Эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ Маро дар тасбеҳ гуфтан ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш монанди хамир мулоиму нарм кардем, то ҳар чӣ мехоҳад бо он бисозад[2101].
[2101] Тафсири Бағавӣ 6\388
Tafsiran larabci:
أَنِ ٱعۡمَلۡ سَٰبِغَٰتٖ وَقَدِّرۡ فِي ٱلسَّرۡدِۖ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ إِنِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
11. Фармудем , Довудро, ки бисоз аз оҳан зиреҳҳои кушода ва андоза нигоҳ дор (яъне, пухтакорӣ кун) дар бофтани ҳалқаҳои зиреҳ. Ва эй Довуд ҳамроҳи аҳли худ корҳои шоиста кунед, ки албатта, Ман ба корҳоятон биноам ва ҳеҷ чиз бар ман пӯшида намемонад![2102]
[2102] Тафсири ибни Касир 6\498
Tafsiran larabci:
وَلِسُلَيۡمَٰنَ ٱلرِّيحَ غُدُوُّهَا شَهۡرٞ وَرَوَاحُهَا شَهۡرٞۖ وَأَسَلۡنَا لَهُۥ عَيۡنَ ٱلۡقِطۡرِۖ وَمِنَ ٱلۡجِنِّ مَن يَعۡمَلُ بَيۡنَ يَدَيۡهِ بِإِذۡنِ رَبِّهِۦۖ وَمَن يَزِغۡ مِنۡهُمۡ عَنۡ أَمۡرِنَا نُذِقۡهُ مِنۡ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ
12. Ва барои Сулаймон бодро мусаххар кардем, ки субҳгоҳон масофаи як моҳро тай мекард ва шомгоҳон масофаи як моҳро. Ва чашмаи миси обшударо барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз ҷинҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекарданд ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.
Tafsiran larabci:
يَعۡمَلُونَ لَهُۥ مَا يَشَآءُ مِن مَّحَٰرِيبَ وَتَمَٰثِيلَ وَجِفَانٖ كَٱلۡجَوَابِ وَقُدُورٖ رَّاسِيَٰتٍۚ ٱعۡمَلُوٓاْ ءَالَ دَاوُۥدَ شُكۡرٗاۚ وَقَلِيلٞ مِّنۡ عِبَادِيَ ٱلشَّكُورُ
13. Сулаймон ҳар чӣ мехост, ҷинҳо барояш месохтанд: аз қасрҳову ибодатгоҳҳо ва суратҳо аз мис ва шиша ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками бар ҷой ва ба онҳо гуфтем: Эй хонадони Довуд, ба тоъат амал кунед, шукри ин ҳама неъматҳоро ба ҷо оред. Ва андаке аз бандагони ман шукргузоранд.[2103]
[2103]Довуд ва хонадони ӯ аз гурӯҳи андаке буданд.Тафсири Табарӣ 20\365
Tafsiran larabci:
فَلَمَّا قَضَيۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَوۡتَ مَا دَلَّهُمۡ عَلَىٰ مَوۡتِهِۦٓ إِلَّا دَآبَّةُ ٱلۡأَرۡضِ تَأۡكُلُ مِنسَأَتَهُۥۖ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ ٱلۡجِنُّ أَن لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٱلۡغَيۡبَ مَا لَبِثُواْ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ
14. Чун маргро бар ӯ (Сулаймон) муқаррар кардем, ҷинҳоро бар маргаш огоҳ насохт, магар кирми чӯбхорае, ки асояшро мехоид аз байн рафт ва шикаст. Пас, вақте ки Сулаймон биафтид, ҷинҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, ин қадар худро дар азоби хоркунанда намемонданд.[2104]
[2104] Ин ояти карима ботил месозад даъвои касонеро, мегӯянд ҷинҳо илми ғайбро медонанд, агар онҳо илми ғайбро медонистанд, вафоти Сулаймон алайҳи саломро пайбурда ва худро азоб намедоданд.Тафсири Бағавӣ 6\392
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Saba'i
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

Kuja Miruf Mir ya fassarata. An sabunta ta ƙarƙashin kulawar Cibiyar Ruwad Tarjamah, an bada damar karanta fassarar ta asali dan manufar bayyanar da ra'ayi da daidaitata da kuma ci gaba mai dorewa.

Rufewa