Check out the new design

Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir * - Teburin Bayani kan wasu Fassarori


Fassarar Ma'anoni Sura: Saba'i   Aya:
قُلۡ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَمَا يُبۡدِئُ ٱلۡبَٰطِلُ وَمَا يُعِيدُ
49. Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил бознаёяд ва дар партави нури ҳақ асаре аз он намонад ва нобуд шавад ва дубора бознагардад!»[2123]
[2123] Тафсири Табарӣ 20\420
Tafsiran larabci:
قُلۡ إِن ضَلَلۡتُ فَإِنَّمَآ أَضِلُّ عَلَىٰ نَفۡسِيۖ وَإِنِ ٱهۡتَدَيۡتُ فَبِمَا يُوحِيٓ إِلَيَّ رَبِّيٓۚ إِنَّهُۥ سَمِيعٞ قَرِيبٞ
50. Бигӯ ба мушрикони бутпараст : «Агар ман бо тарки бутҳо ва дурӣ аз ойини шумо гумроҳ шавам, албатта, зиёнаш бар ман аст ва ҷазои онро мебинам ва агар бо роҳи ҳидоят равам, ба он аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. ҳароина, Ӯ шунавову наздик аст ва гуфтору кирдори мо бар ӯ пинҳон намемонад!»[2124]
[2124] Тафсири Табарӣ 20\420
Tafsiran larabci:
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ فَزِعُواْ فَلَا فَوۡتَ وَأُخِذُواْ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ
51. Агар бубинӣ эй Расул, ҳоли ситамкоронро, он гоҳ, ки сахт битарсанд ва аз азоб раҳоияшон набошад ва аз маконе наздик ба дӯзах гирифторашон созад.
Tafsiran larabci:
وَقَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِهِۦ وَأَنَّىٰ لَهُمُ ٱلتَّنَاوُشُ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ
52. Кофирон дар охират чун азобро бубинанд, гӯянд: «Инак, имон овардем ба Аллоҳ, паёмбар ва қуръон. Аммо аз он ҷои дур аз дунёи фонӣ, ки ҷойи пазириши имон ва киштзори охират буд, чӣ тавр ба он имон даст ёбанд?[2125].
[2125] Тафсири Табарӣ 20\425
Tafsiran larabci:
وَقَدۡ كَفَرُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۖ وَيَقۡذِفُونَ بِٱلۡغَيۡبِ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ
53. Пеш аз ин дар даврони ҳаёт, ки аз ақлу ихтиёр ва ирода бархӯрдор буданд, ба Аллоҳ, паёмбар ва қуръон кофир шуда буданд ва ба гумони хеш ба он тӯҳмат мезаданд.
Tafsiran larabci:
وَحِيلَ بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ مَا يَشۡتَهُونَ كَمَا فُعِلَ بِأَشۡيَاعِهِم مِّن قَبۡلُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ فِي شَكّٖ مُّرِيبِۭ
54. Ва чун миёни онҳо ва он орзу, ки пазириши имони онҳо ва наҷот аз азоб аст, ҷудоӣ афканда шуд, ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд. ҳароина, онҳо сахт дар шубҳа буданд ва зиндагиро пайваста бо гумони ботил ба сар бурданд ва ба ҳамин сабаб имон наоварданд[2126].
[2126] Тафсири Бағавӣ 6\407
Tafsiran larabci:
 
Fassarar Ma'anoni Sura: Saba'i
Teburin Jerin Sunayen Surori Lambar shafi
 
Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir - Teburin Bayani kan wasu Fassarori

Kuja Miruf Mir ya fassarata. An sabunta ta ƙarƙashin kulawar Cibiyar Ruwad Tarjamah, an bada damar karanta fassarar ta asali dan manufar bayyanar da ra'ayi da daidaitata da kuma ci gaba mai dorewa.

Rufewa