Check out the new design

क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र * - अनुवादों की सूची

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-ब-क़-रा   आयत:
حَٰفِظُواْ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلۡوُسۡطَىٰ وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ
[Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ таоло ба по хезед
अरबी तफ़सीरें:
فَإِنۡ خِفۡتُمۡ فَرِجَالًا أَوۡ رُكۡبَانٗاۖ فَإِذَآ أَمِنتُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ
Агар [аз хатар] тарсидед, дар ҳоли пиёда ё савора [ё ҳатто бо имо ва ишора намозро ба ҷой оваред] ва чун эмин шудед, Аллоҳро [чунонки ба шумо омӯхтааст] ёд кунед [ва шукрашро ба ҷо оваред], ки он чиро намедонистед ба шумо ёд дод
अरबी तफ़सीरें:
وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوۡنَ مِنكُمۡ وَيَذَرُونَ أَزۡوَٰجٗا وَصِيَّةٗ لِّأَزۡوَٰجِهِم مَّتَٰعًا إِلَى ٱلۡحَوۡلِ غَيۡرَ إِخۡرَاجٖۚ فَإِنۡ خَرَجۡنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِي مَا فَعَلۡنَ فِيٓ أَنفُسِهِنَّ مِن مَّعۡرُوفٖۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Касоне аз шумо, ки маргашон фаро мерасад ва ҳамсароне [аз худ] ба ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсаронашон васият кунанд, ки [ворисон] то як сол ононро [бо пардохтани харҷи зиндагӣ] баҳраманд созанд, бидуни он ки [аз хонаи шавҳар] берун кунанд. Пас, агар [ба майли худ пеш аз поёни як сол хонаро тарк кунанд ва] берун бираванд, дар бораи он чи, ки нисбат ба [зоҳир ва зиндагии] худ ба таври шоиста [ва машруъ] анҷом медиҳанд [аз қабили зинат кардан ва издивоҷи муҷаддад] гуноҳе бар шумо нест; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
अरबी तफ़सीरें:
وَلِلۡمُطَلَّقَٰتِ مَتَٰعُۢ بِٱلۡمَعۡرُوفِۖ حَقًّا عَلَى ٱلۡمُتَّقِينَ
Ва барои занони талоқшуда ҳадяи муносибу шоиста лозим аст [ки аз тарафи шавҳар пардохта шавад, то дилшикастагиаш ҷуброн гардад. Иҷрои ин ҳукм], ҳаққе аст бар мардони парҳезкор
अरबी तफ़सीरें:
كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
[Эй муъминон] Аллоҳ таоло оёти худро [ки муштамал бар ҳудуд ва аҳком аст] инчунин бароятон ба равшанӣ баён мекунад; бошад, ки бияндешед
अरबी तफ़सीरें:
۞ أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَهُمۡ أُلُوفٌ حَذَرَ ٱلۡمَوۡتِ فَقَالَ لَهُمُ ٱللَّهُ مُوتُواْ ثُمَّ أَحۡيَٰهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ
[Эй паёмбар] Оё намедонӣ, [достони] афроде [аз бани Исроил]-ро, ки ҳазорон нафар буданд, ки аз тарси [беморӣ ва] марг аз хонаҳояшон фирор карданд? Аллоҳ таоло ба онон гуфт: Бимиред [пас мурданд]. Сипас Аллоҳ таоло онҳоро зинда кард [то барояшон равшан гардонад, ки тамоми корҳо ба дасти Ӯст]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба бандагонаш бахшоиш дорад, вале бештари мардум шукр [-и неъматҳо] -ашро ба ҷой намеоваранд
अरबी तफ़सीरें:
وَقَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Ва [эй муъминон] дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ва бидонед, ки бе тардид Аллоҳ таоло шунавову доност
अरबी तफ़सीरें:
مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضۡعَافٗا كَثِيرَةٗۚ وَٱللَّهُ يَقۡبِضُ وَيَبۡصُۜطُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
Кист, ки ба Аллоҳ таоло қарз диҳад; қарзи наку [ва аз амволаш дар роҳи хушнудии Парвардигор инфоқ кунад], то [Аллоҳ таоло] онро барояш чандин баробар кунад? Ва Аллоҳ таоло аст, ки [аз рӯйи ҳикмат ва адолат, дар рӯзии бандагонаш] тангӣ ва кушоиш падид меоварад ва [ҳамагӣ дар охират] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-ब-क़-रा
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र - अनुवादों की सूची

अनुवाद अनुवाद अग्रदूत केंद्र द्वारा नियुक्त एक समूह ने अल-रब्वाह आह्वान संस्था और भाषाओं में इस्लामिक सामग्री की सेवा करने वाली संस्था के सहयोग से किया है।

बंद करें