Check out the new design

क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - ख़्वाजा मीरोफ़ ख़्वाजा मीर * - अनुवादों की सूची


अर्थों का अनुवाद सूरा: हूद   आयत:
قَالَ يَٰنُوحُ إِنَّهُۥ لَيۡسَ مِنۡ أَهۡلِكَۖ إِنَّهُۥ عَمَلٌ غَيۡرُ صَٰلِحٖۖ فَلَا تَسۡـَٔلۡنِ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۖ إِنِّيٓ أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
46. Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ, ҳароина, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест, зеро писарат кофир буд. Пас ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест! Ба дурустӣ, ки панд медиҳам туро, ки аз мардуми нодон набошӣ. (Яъне,ту худ бар ҳалоки кофирон дуъо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)[1065]
[1065] Тафсири Бағавӣ 4\181
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِكَ أَنۡ أَسۡـَٔلَكَ مَا لَيۡسَ لِي بِهِۦ عِلۡمٞۖ وَإِلَّا تَغۡفِرۡ لِي وَتَرۡحَمۡنِيٓ أَكُن مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
47. Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он, ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмӯрзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд.
अरबी तफ़सीरें:
قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهۡبِطۡ بِسَلَٰمٖ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٖ مِّمَّن مَّعَكَۚ وَأُمَمٞ سَنُمَتِّعُهُمۡ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ
48. Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фурӯд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират[1066].
[1066] Тафсири ибни Касир 4\327
अरबी तफ़सीरें:
تِلۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهَآ إِلَيۡكَۖ مَا كُنتَ تَعۡلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوۡمُكَ مِن قَبۡلِ هَٰذَاۖ فَٱصۡبِرۡۖ إِنَّ ٱلۡعَٰقِبَةَ لِلۡمُتَّقِينَ
49. Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ, ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст![1067]
[1067]Тафсири ибни Касир 4\328
अरबी तफ़सीरें:
وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۖ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا مُفۡتَرُونَ
50. Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт барояшон: Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест,пас холис Ӯро ибодат кунед ва нестед шумо дар ибодати бутон магар дурӯғсозоне.[1068]
[1068] Тафсири Бағавӣ 4\182
अरबी तफ़सीरें:
يَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱلَّذِي فَطَرَنِيٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
51. Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?[1069]
[1069] Тафсири Табарӣ 15\357
अरबी तफ़सीरें:
وَيَٰقَوۡمِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا وَيَزِدۡكُمۡ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمۡ وَلَا تَتَوَلَّوۡاْ مُجۡرِمِينَ
52. Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед, он гоҳ ба сӯи Ӯ бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед!
अरबी तफ़सीरें:
قَالُواْ يَٰهُودُ مَا جِئۡتَنَا بِبَيِّنَةٖ وَمَا نَحۡنُ بِتَارِكِيٓ ءَالِهَتِنَا عَن قَوۡلِكَ وَمَا نَحۡنُ لَكَ بِمُؤۡمِنِينَ
53. Гуфтанд: Эй Ҳуд, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту ибодати маъбудони хешро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем.
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: हूद
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - ख़्वाजा मीरोफ़ ख़्वाजा मीर - अनुवादों की सूची

अनुवाद ख़्वाजा मीरोफ़ ख़्वाजा मीर ने किया है। इस अनुवाद को अनुवाद अग्रदूत केंद्र की निगरानी में विकसित किया गया है। अब मूल अनुवाद को राय व्यक्त करने, मूल्यांकन और निरंतर विकास के उद्देश्य से समीक्षा के लिए उपलब्ध कराया जा रहा है।

बंद करें