Check out the new design

क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर * - अनुवादों की सूची


अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-इस्रा   आयत:

Исро

سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ
1. Пок аст он Аллоҳе, ки бандаи худро бо ҷасаду рӯҳ, бедор на хоб, шабе аз Масҷидулҳаром (Макка)ба Масҷидулақсо, (Байтулмуқаддас)ки гирдогирдашро бо зироату меваҳо баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, Ӯ шунавову биност![1433]
[1433] Тафсири Саъдӣ 1\453
अरबी तफ़सीरें:
وَءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُواْ مِن دُونِي وَكِيلٗا
2. Ва китоби Тавротро ба Мӯсо додем ва он китобро роҳнамои бани Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман сарпарасти дигаре дар амри дину дунёятон интихоб накунед.[1434]
[1434] Тафсири Саъдӣ 1\453
अरबी तफ़सीरें:
ذُرِّيَّةَ مَنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٍۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَبۡدٗا شَكُورٗا
3. Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон бардоштем, Мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас Аллоҳро дар муқобили неъматҳояш шукргузор бошед, бидонед, ки ӯ (Нӯҳ) бандае сипосгузор буд.[1435]
[1435] Тафсири Бағавӣ 5\67
अरबी तफ़सीरें:
وَقَضَيۡنَآ إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَتُفۡسِدُنَّ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَّتَيۡنِ وَلَتَعۡلُنَّ عُلُوّٗا كَبِيرٗا
4. Ва бани Исроилро дар Тавроте, ки ба онҳо нозил шуда буд, хабар додем, ки ду бор дар замини (Шом ва Байтулмуқаддас) фасод мекунед ва низ саркашӣ мекунед, ва сар ба туғён хоҳед дошт.[1436]
[1436]Тафсири Бағавӣ 5\79
अरबी तफ़सीरें:
فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثۡنَا عَلَيۡكُمۡ عِبَادٗا لَّنَآ أُوْلِي بَأۡسٖ شَدِيدٖ فَجَاسُواْ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِۚ وَكَانَ وَعۡدٗا مَّفۡعُولٗا
5. Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид.
अरबी तफ़सीरें:
ثُمَّ رَدَدۡنَا لَكُمُ ٱلۡكَرَّةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَمۡدَدۡنَٰكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ أَكۡثَرَ نَفِيرًا
6. Бори дигар чун ислоҳ шудед, шуморо бар онҳо (Ҷолут ва лашкараш) ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон дар замони Довуд (алайҳиссалом) афзудем.[1437]
[1437] Тафсири Табарӣ 17\370
अरबी तफ़सीरें:
إِنۡ أَحۡسَنتُمۡ أَحۡسَنتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡۖ وَإِنۡ أَسَأۡتُمۡ فَلَهَاۚ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ لِيَسُـُٔواْ وُجُوهَكُمۡ وَلِيَدۡخُلُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوۡاْ تَتۡبِيرًا
7. Аллоҳ ба бани Исроил мегӯяд: Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум[1438] фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо бо озору алам расонидан ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.[1439]
[1438] Ва омадани ин вақт дар замоне буд ки Паёмбари Аллоҳ Яҳё ибни Закариёро куштанд
[1439] Тафсири Табарӣ 17\372
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-इस्रा
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर - अनुवादों की सूची

अनुवाद ख़ाजा मीरोफ़ खाजा मीर ने किया है। इस अनुवाद को अनुवाद अग्रदूत केंद्र की निगरानी में विकसित किया गया है। अब मूल अनुवाद को राय व्यक्त करने, मूल्यांकन और निरंतर विकास के उद्देश्य से समीक्षा के लिए उपलब्ध कराया जा रहा है।

बंद करें