Check out the new design

क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर * - अनुवादों की सूची


अर्थों का अनुवाद सूरा: ताहा   आयत:
فَأَخۡرَجَ لَهُمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٞ فَقَالُواْ هَٰذَآ إِلَٰهُكُمۡ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِيَ
88. Пас Сомирӣ барои бани Исроил ҷасади гӯсолае, ки садои говро дошт, бисохт ва дар фитна афтодагон ба баъзе гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсост. Ва Мӯсо маъбуди худро фаромӯш кардааст»[1607].
[1607] Тафсири Табарӣ 18\356
अरबी तफ़सीरें:
أَفَلَا يَرَوۡنَ أَلَّا يَرۡجِعُ إِلَيۡهِمۡ قَوۡلٗا وَلَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا
89. Оё касоне ки гӯсоларо парастиш карданд намедонанд, ки он ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ фоидаву зиёне барояшон надорад?
अरबी तफ़सीरें:
وَلَقَدۡ قَالَ لَهُمۡ هَٰرُونُ مِن قَبۡلُ يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوٓاْ أَمۡرِي
90. Албатта Ҳорун низ пеш аз баргаштани Мӯсо ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд, то мӯъмин аз кофир маълум гардад. Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳи меҳрубон аст, аз паи ман биёед ва дар тарки ибодати гӯсола фармонбардори ман бошед!»[1608]
[1608] Тафсири Бағавӣ 5\290
अरबी तफ़सीरें:
قَالُواْ لَن نَّبۡرَحَ عَلَيۡهِ عَٰكِفِينَ حَتَّىٰ يَرۡجِعَ إِلَيۡنَا مُوسَىٰ
91. Бархе аз гӯсолапарастон гуфтанд: «Мо барои парастиши гӯсола ҳамеша қоим хоҳем буд, то вақте ки Мӯсо ба сӯи мо бозояд».
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ يَٰهَٰرُونُ مَا مَنَعَكَ إِذۡ رَأَيۡتَهُمۡ ضَلُّوٓاْ
92. Мӯсо барои бародараш Ҳорун гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ шуданд, чи туро боздошт?
अरबी तफ़सीरें:
أَلَّا تَتَّبِعَنِۖ أَفَعَصَيۡتَ أَمۡرِي
93.Чаро аз пайи ман наомадӣ . Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»[1609]
[1609] Тафсири ибни Касир 5\312
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ يَبۡنَؤُمَّ لَا تَأۡخُذۡ بِلِحۡيَتِي وَلَا بِرَأۡسِيٓۖ إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقۡتَ بَيۡنَ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَلَمۡ تَرۡقُبۡ قَوۡلِي
94.(Мӯсо даст ба риши Ҳорун ва мӯи сари ӯ зад, вале Ҳорун ба Мӯсо) гуфт: «Эй писари модарам, магир аз риш ва мӯи сари ман. Ман тарсидам, ки агар онҳоро гузорам ва ба сӯи ту оям, бигӯӣ: «Ту миёни бани Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва онҳоро ба гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо намудӣ ва гуфтори маро риъоят накардӣ»[1610].
[1610] Тафсири Бағавӣ 5\291
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ فَمَا خَطۡبُكَ يَٰسَٰمِرِيُّ
95.Гуфт Мӯсо барои Сомирӣ: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ بَصُرۡتُ بِمَا لَمۡ يَبۡصُرُواْ بِهِۦ فَقَبَضۡتُ قَبۡضَةٗ مِّنۡ أَثَرِ ٱلرَّسُولِ فَنَبَذۡتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتۡ لِي نَفۡسِي
96. Сомирӣ гуфт: « Ман чизеро дидам, ки онҳо онро надида буданд[1611]. Муште аз хоке, ки паи пои аспи Ҷабраил, баргирифтам ва дар он қолабе, ки аз зар сохта будам ба шакли гӯсола дар даҳонаш андохтам ва нафси бади ман ин корро дар чашми ман биёрост.[1612]
[1611] Яъне Ҷабраилро дидам, ки барои ҳалоки Фиръавн омад
[1612] Тафсири ибни Касир 5\313
अरबी तफ़सीरें:
قَالَ فَٱذۡهَبۡ فَإِنَّ لَكَ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَۖ وَإِنَّ لَكَ مَوۡعِدٗا لَّن تُخۡلَفَهُۥۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ إِلَٰهِكَ ٱلَّذِي ظَلۡتَ عَلَيۡهِ عَاكِفٗاۖ لَّنُحَرِّقَنَّهُۥ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُۥ فِي ٱلۡيَمِّ نَسۡفًا
97. Гуфт Мӯсо барои Сомирӣ: Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯӣ: «Ба ман наздик машав[1613]». Ва низ туро ваъдаи дигарест, дар рӯзи қиёмат, ки аз он раҳо нашавӣ ва инак, ба сӯи маъбуди худ, кипайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки онро бисӯзонем ва онро ба дарё паҳн ва пароканда созем.
[1613] Яъне гуфта шудааст, ки агар бо касе ҳамнишин мешуд, ҳар дуро таб мегирифт. Тафсири Бағавӣ 5\292
अरबी तफ़सीरें:
إِنَّمَآ إِلَٰهُكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ وَسِعَ كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمٗا
98. Ҷуз ин нест, ки маъбуди шумо Аллоҳ аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст.
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: ताहा
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर - अनुवादों की सूची

अनुवाद ख़ाजा मीरोफ़ खाजा मीर ने किया है। इस अनुवाद को अनुवाद अग्रदूत केंद्र की निगरानी में विकसित किया गया है। अब मूल अनुवाद को राय व्यक्त करने, मूल्यांकन और निरंतर विकास के उद्देश्य से समीक्षा के लिए उपलब्ध कराया जा रहा है।

बंद करें