Check out the new design

क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर * - अनुवादों की सूची


अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-अम्बिया   आयत:
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ
25. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман маъбуди барҳақ нест. Пас, ба ихлос Маро бипарастед.
अरबी तफ़सीरें:
وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۚ بَلۡ عِبَادٞ مُّكۡرَمُونَ
26. Ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳи меҳрубон фарзанд ихтиёр кардааст[1641], пок аст Ӯ. Балки онон (фариштагон дар назди Аллоҳ) бандагоне гиромӣ ҳастанд[1642].
[1641]Яъне мепиндоранд, ки фариштагон духтароин Аллоҳанд.
[1642] Тафсири Саъдӣ 1\521
अरबी तफ़सीरें:
لَا يَسۡبِقُونَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ وَهُم بِأَمۡرِهِۦ يَعۡمَلُونَ
27. Дар сухан гуфтан бар Аллоҳ пешдастӣ намекунанд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.
अरबी तफ़सीरें:
يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ
28. Аллоҳ медонад ҳар чӣ дар баробари фариштагон аст ва ҳар чӣ пушти сари онҳост[1643]. Ва онон шафъоат намекунанд, магар барои касе, ки Аллоҳ аз ӯ хушнуд шудааст ва аз тарси Ӯ ҳаросонанд.
[1643] Яъне, аъмоли гузашта ва ҳоли гузаштаи онҳоро медонад
अरबी तफ़सीरें:
۞ وَمَن يَقُلۡ مِنۡهُمۡ إِنِّيٓ إِلَٰهٞ مِّن دُونِهِۦ فَذَٰلِكَ نَجۡزِيهِ جَهَنَّمَۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ
29. Ҳар кас аз онҳо (фариштагон), ки бигӯяд: «Ман ғайри ӮАллоҳи барҳақам», ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.
अरबी तफ़सीरें:
أَوَلَمۡ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ كَانَتَا رَتۡقٗا فَفَتَقۡنَٰهُمَاۖ وَجَعَلۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ كُلَّ شَيۡءٍ حَيٍّۚ أَفَلَا يُؤۡمِنُونَ
30. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем[1644]. Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?[1645]
[1644]Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем
[1645] Тафсири Саъдӣ 1\522
अरबी तफ़सीरें:
وَجَعَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِهِمۡ وَجَعَلۡنَا فِيهَا فِجَاجٗا سُبُلٗا لَّعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ
31.Ва бар рӯи замин кӯҳҳои устувор биёфаридем, то замин қарор гирад ва онҳоро наларзонад. Ва дар миёни он кӯҳҳо роҳҳои кушоде ба вуҷуд овардем, то бувад, ки онҳо роҳ биёбанд.
अरबी तफ़सीरें:
وَجَعَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ سَقۡفٗا مَّحۡفُوظٗاۖ وَهُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهَا مُعۡرِضُونَ
32. Ва осмонро сақфе барои замин бе сутун нигоҳдошташуда сохтем ва боз ҳам кофирон аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд; монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.[1646]
[1646] Тафсири Саъдӣ 1\522
अरबी तफ़सीरें:
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ
33. Ва Ӯст он Аллоҳе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро биёфарид, ки ҳар яке дар мадори муайяне шино мекунанд,
अरबी तफ़सीरें:
وَمَا جَعَلۡنَا لِبَشَرٖ مِّن قَبۡلِكَ ٱلۡخُلۡدَۖ أَفَإِيْن مِّتَّ فَهُمُ ٱلۡخَٰلِدُونَ
34. Мо пеш аз ту эй Расул ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Оё агар ту бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?[1647]
[1647]Ин оят ҳуҷҷат аст бар ботил будани сухани касоне, ки мепиндоранд Хизр алайҳиссалом зиндааст.Тафсири Саъдӣ 1\523
अरबी तफ़सीरें:
كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَنَبۡلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلۡخَيۡرِ فِتۡنَةٗۖ وَإِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ
35. Ва ҳар инсоне мазаи маргро мечашад ва шуморо ба тариқи имтиҳон ба сахтию осудагӣ гирифтор мекунем; ва ба сӯи Мо барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: अल्-अम्बिया
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर - अनुवादों की सूची

अनुवाद ख़ाजा मीरोफ़ खाजा मीर ने किया है। इस अनुवाद को अनुवाद अग्रदूत केंद्र की निगरानी में विकसित किया गया है। अब मूल अनुवाद को राय व्यक्त करने, मूल्यांकन और निरंतर विकास के उद्देश्य से समीक्षा के लिए उपलब्ध कराया जा रहा है।

बंद करें