क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर * - अनुवादों की सूची


अर्थों का अनुवाद सूरा: सूरा अज़्-ज़ारियात   आयत:

Сураи Зориёт (Бодҳои хокпарокандасоз)

وَٱلذَّٰرِيَٰتِ ذَرۡوٗا
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки хокро ба сахтӣ пароканда мекунанд,
अरबी तफ़सीरें:
فَٱلۡحَٰمِلَٰتِ وِقۡرٗا
2. пас савганд ба абрҳои бардорандаи бори об,
अरबी तफ़सीरें:
فَٱلۡجَٰرِيَٰتِ يُسۡرٗا
3. пас савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ дар обҳои баҳру уқёнусҳо равонанд,
अरबी तफ़सीरें:
فَٱلۡمُقَسِّمَٰتِ أَمۡرًا
4. пас савганд ба фариштагоне, ки бо фармони Аллоҳ миёни халқаш тақсимкунандаи корҳоянд,
अरबी तफ़सीरें:
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٞ
5. ки ҳароина, он чӣ шуморо ваъда ва бим медиҳанд, аз омадани қиёмат ва ҳисоб рост аст
अरबी तफ़सीरें:
وَإِنَّ ٱلدِّينَ لَوَٰقِعٞ
6. ва ҳароина, рӯзи ҷазои аъмол, ҳатман омаданист.
अरबी तफ़सीरें:
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡحُبُكِ
7.Ва Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба осмон, ки ороста ба ситорагон аст.
अरबी तफ़सीरें:
إِنَّكُمۡ لَفِي قَوۡلٖ مُّخۡتَلِفٖ
8. Бегумон шумо эй такзибкунандагон[2668]дар бораи Қуръон ва ба хусуси пайғамбар дар сухане гуногун дар бораи ваҳй бо ҳам ихтилоф доред.
[2668]Касоне, ки Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат бовар надоранд.
अरबी तफ़सीरें:
يُؤۡفَكُ عَنۡهُ مَنۡ أُفِكَ
9.Аз ҳақ (Қуръон ва паёмбар) рӯй гардонмешавад, он касе, киаз имон овардан ба Қуръон ва паёмбар рӯйгардоншуда бошад. Аз сабаби он, ки ҳуҷҷату бурҳонҳои равшани илоҳиро қабул надошт, пас ба роҳи хайр муваффақ нашуд.
अरबी तफ़सीरें:
قُتِلَ ٱلۡخَرَّٰصُونَ
10.Марг бод бар он шаккокон ва дурӯғгӯён,
अरबी तफ़सीरें:
ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي غَمۡرَةٖ سَاهُونَ
11. онон, ки ба ғафлат дар куфру дар ҷаҳл фурӯ мондаанд.
अरबी तफ़सीरें:
يَسۡـَٔلُونَ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلدِّينِ
12. Инҳо дурӯғгӯён бо тамасхур мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
अरबी तफ़सीरें:
يَوۡمَ هُمۡ عَلَى ٱلنَّارِ يُفۡتَنُونَ
13. Рӯзи ҷазо, рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд,
अरबी तफ़सीरें:
ذُوقُواْ فِتۡنَتَكُمۡ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَسۡتَعۡجِلُونَ
14. ва барояшон гуфта мешавад «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки дар дунё ба шитоб металабидед!»[2669]
[2669] Тафсири Бағавӣ 7\372
अरबी तफ़सीरें:
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ
15. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз Аллоҳ метарсиданд, дар боғҳову канори чашмасорон бошанд.
अरबी तफ़सीरें:
ءَاخِذِينَ مَآ ءَاتَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُحۡسِنِينَ
16. Он чиро аз орзуҳояшон Парвардигорашон ба онҳо ато кардааст, ба хурсандӣ гирифтаанд ва ба он розӣ ҳастанд Ҳароина, пеш аз он дар дунё бо ба ҷо овардани амалҳои шоиста некӯкор буданд,[2670]
[2670] Тафсири Саъдӣ 1\808
अरबी तफ़सीरें:
كَانُواْ قَلِيلٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِ مَا يَهۡجَعُونَ
17. Он некӯкорон андаке аз шабро мехобиданд ва шабро бо намоз зиндадорӣ мекарданд
अरबी तफ़सीरें:
وَبِٱلۡأَسۡحَارِ هُمۡ يَسۡتَغۡفِرُونَ
18. ва ба ҳангоми саҳар аз гуноҳони хеш истиғфор (тавба) мекарданд[2671]
[2671] Тафсири Бағавӣ 7\372
अरबी तफ़सीरें:
وَفِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ
19. ва дар амволашон барои муҳтоҷон аз пурсандаву маҳрум; (он ки аз рӯи ҳаё намепурсад), ҳаққе буд.[2672]
[2672] Тафсири Бағавӣ 7\375
अरबी तफ़सीरें:
وَفِي ٱلۡأَرۡضِ ءَايَٰتٞ لِّلۡمُوقِنِينَ
20. Ва дар замин барои аҳли яқин (ба онон, ки ба ваҳдонияти Аллоҳ бовар доранд ва рисолатии паёмбарашро тасдиқ мекунанд), далоили равшан ва ибратҳоест
अरबी तफ़सीरें:
وَفِيٓ أَنفُسِكُمۡۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ
21. ва низ дар вуҷуди худатон нишонаҳои ошкоре ҳаст, ки далолат бар ягонагии офаридагори шумо мекунад ва танҳо Ӯ сазовори ибодат аст. Оё намебинед, то аз он ибрат бигиред?[2673]
[2673] Тафсири Табарӣ 22\420
अरबी तफ़सीरें:
وَفِي ٱلسَّمَآءِ رِزۡقُكُمۡ وَمَا تُوعَدُونَ
22. Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо аз неку бад ва савобу иқоб ваъда шуда, ҳамааш дар осмон навишта шудааст.
अरबी तफ़सीरें:
فَوَرَبِّ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِنَّهُۥ لَحَقّٞ مِّثۡلَ مَآ أَنَّكُمۡ تَنطِقُونَ
23. Пас, Аллоҳ ба Зоти поки худ қасам ёд мекунад:) савганд ба Парвардигори осмонҳову замин, ки он чи ваъда шудааст бароятон ҳақ аст, ҳамон гуна ки шумо бо якдигар) сухан мегӯед ва дар суханатон шак намеоред[2674].
[2674] Тафсири Ссаъдӣ 1\809
अरबी तफ़सीरें:
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ضَيۡفِ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡمُكۡرَمِينَ
24. Эй Расул, оё хабари меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст, ки он меҳмонон фариштагон буданд?
अरबी तफ़सीरें:
إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗاۖ قَالَ سَلَٰمٞ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ
25.Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношиносед!»[2675]
[2675] Тафсири Бағавӣ 7\376
अरबी तफ़सीरें:
فَرَاغَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ فَجَآءَ بِعِجۡلٖ سَمِينٖ
26. Дар ниҳон ва шитобон назди аҳли худ рафт ва қасд ба гӯсолаи фарбеҳе карда онро кушта бирён карда овард .
अरबी तफ़सीरें:
فَقَرَّبَهُۥٓ إِلَيۡهِمۡ قَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ
27. Таъомро ба наздашон гузошту бо лутфу меҳрубонӣ гуфт: «Чаро намехӯред?»[2676]
[2676]Тафсири ибни Касир 7\421
अरबी तफ़सीरें:
فَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۖ قَالُواْ لَا تَخَفۡۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ
28. Он ҳангом дид, ки намехӯранд, пасдар дилаш аз онҳо тарсе ёфт. Гуфтанд (барояш): «Матарс!» Мо паёмбарони Аллоҳ ҳастем. Ва ӯро ба писаре доно башорат доданд, ки ҳамсари ӯ Сора барояш таваллуд мекунад ва чун ба ҳадди мардӣ мерасад, онгоҳ бисёр доно ва огоҳ аз илми илоҳӣ мешавад ва ӯ Исҳоқ алайҳиссалом аст[2677].
[2677] Тафсири Табарӣ 22\425
अरबी तफ़सीरें:
فَأَقۡبَلَتِ ٱمۡرَأَتُهُۥ فِي صَرَّةٖ فَصَكَّتۡ وَجۡهَهَا وَقَالَتۡ عَجُوزٌ عَقِيمٞ
29. Пас чун занаш башорати малоикаҳоро шунид, фарёдзанон (аз таъаҷҷуб) омад ва бар чеҳрааш заду гуфт: «Чӣ гуна таваллуд мекунам, ҳол он ки ман пирзани нозо ҳастам».[2678]
[2678] Тафсири Саъдӣ 1\809
अरबी तफ़सीरें:
قَالُواْ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡعَلِيمُ
30. Малоикаҳо барояш гуфтанд: «Парвардигори ту ҳамчунин фармудааст он чӣ ба ту хабар додаем ва Ӯ бар ҳар чӣ қодир аст, пас дар қудрати Ӯ таъаҷҷубе нст. Ва ҳароина, Ӯ ҳаким аст ҳама ашёро ба ҳикмати худ дар ҷояш мегузорад ва ба шоистагии бандагонаш доност!»
अरबी तफ़सीरें:
۞ قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ
31. Иброҳим ба малоикаҳо гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
अरबी तफ़सीरें:
قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ
32. Гуфтанд: «Мо ҳароина, ба сӯи мардуми табаҳкор[2679] фиристода шудаем,
[2679] Қавми Лут алайҳиссалом
अरबी तफ़सीरें:
لِنُرۡسِلَ عَلَيۡهِمۡ حِجَارَةٗ مِّن طِينٖ
33.то пораҳои сангҳои гилӣ бар сарашон биборем, ҳалокашон созем,
अरबी तफ़सीरें:
مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلۡمُسۡرِفِينَ
34. ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад гузаштаҳо (дар гуноҳ) нишонае гузошта шудааст».
अरबी तफ़सीरें:
فَأَخۡرَجۡنَا مَن كَانَ فِيهَا مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
35.Пас, ҳамаи касонеро, ки дар он ҷо имон оварда буданд, аз диёри қавми Лут берун овардем.[2680]
[2680] Тафсири Бағавӣ 7\377
अरबी तफ़सीरें:
فَمَا وَجَدۡنَا فِيهَا غَيۡرَ بَيۡتٖ مِّنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
36.Ва дар он шаҳр ҷуз як хонаи дигаре аз фармонбардорон наёфтем. Ва он хонаи Лут алайҳиссалом буд, магар ҳамсараш, ки ӯ аз ҳалокёфтагон буд[2681]
[2681] Тафсири Саъдӣ 1\810
अरबी तफ़सीरें:
وَتَرَكۡنَا فِيهَآ ءَايَةٗ لِّلَّذِينَ يَخَافُونَ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ
37.Ва дар он сарзамин[2682] барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне, ки далолат бар ҳалоки куффор аст, боқӣ гузоштем.[2683]
[2682] Диёри қавми Лут алайҳиссалом
[2683] Тафсири Бағавӣ 7\377
अरबी तफ़सीरें:
وَفِي مُوسَىٰٓ إِذۡ أَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ
38. Ва дар қиссаи Мӯсо, барои касоне, ки аз азоби дарднок метарсанд, нишонае қарор додем, он гоҳ ки ӯро бо далелҳои ошкор (бо мӯъҷизаҳои равшан) назди Фиръавн фиристодем.
अरबी तफ़सीरें:
فَتَوَلَّىٰ بِرُكۡنِهِۦ وَقَالَ سَٰحِرٌ أَوۡ مَجۡنُونٞ
39. Ва Фиръавн ба ҳамаи нерӯяш рӯй гардонду гуфт: Ин Мӯсо: «Ҷодугарест ё девонае!»[2684]
[2684] Тафсири Саъдӣ 1\811
अरबी तफ़सीरें:
فَأَخَذۡنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٞ
40. Пас Фиръавн ва лашкарҳояшро фурӯ гирифтем ва ба баҳр андохтем. Ва ӯ ба сабаби куфру инкори ҳақ сазовори маломат буд.[2685]
[2685] Тафсири Бағавӣ 7\378
अरबी तफ़सीरें:
وَفِي عَادٍ إِذۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمُ ٱلرِّيحَ ٱلۡعَقِيمَ
41. Ва низ барои андешакунандагон ибратест дар ҳалок шудани қавми Од, чун боди ақимро[2686] бар онҳо фиристодем.
[2686]Бодест, ки дар он хайру баракат нест, дар куҷое ки вазад он ҷоро ба вайронӣ мебарад.
अरबी तफ़सीरें:
مَا تَذَرُ مِن شَيۡءٍ أَتَتۡ عَلَيۡهِ إِلَّا جَعَلَتۡهُ كَٱلرَّمِيمِ
42. Ба ҳар чизе ки мевазид, онро боқӣ намегузошт, магар ки онро чун устухони пӯсида мегардонд.
अरबी तफ़सीरें:
وَفِي ثَمُودَ إِذۡ قِيلَ لَهُمۡ تَمَتَّعُواْ حَتَّىٰ حِينٖ
43. Ва низ панду ибратест дар ҳалок шудани қавми Самуд, чун ба онҳо гуфта шуд: «Замоне чанд то ба охир расидани умратон баҳра баред».
अरबी तफ़सीरें:
فَعَتَوۡاْ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَهُمۡ يَنظُرُونَ
44. Пас онон аз фармони Парвардигорашон сар тофтанд ва ҳамчунон ки бо чашми сар менигаристанд, раъди тунде онҳоро фурӯ гирифт.[2687]
[2687] Тафсири Саъдӣ 1\811
अरबी तफ़सीरें:
فَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ مِن قِيَامٖ وَمَا كَانُواْ مُنتَصِرِينَ
45. Пас на тавони гурехтан ва на тавони ба по истодан доштанд ва на интиқомгиранда буданд, то худро кумак кунанд.[2688]
[2688] Тафсири Табарӣ 22\ 436
अरबी तफ़सीरें:
وَقَوۡمَ نُوحٖ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ
46. Ва пеш аз он гурӯҳ қавми нӯҳро ҳалок сохта будем, зеро онҳо қавми фосиқе[2689] буданд.
[2689] Қавме, ки мухолифи амри Аллоҳ ва аз тоъати Ӯ берун буданд.
अरबी तफ़सीरें:
وَٱلسَّمَآءَ بَنَيۡنَٰهَا بِأَيۡيْدٖ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ
47. Ва аммо осмонро бо қувват ва қудрати азим бино кардем ва онро сақфе барои замин қарор додем ва ҳаққо, ки Мо бар паҳноварии канорҳои он тавоноем.[2690]
[2690] Тафсири Саъдӣ 1\811
अरबी तफ़सीरें:
وَٱلۡأَرۡضَ فَرَشۡنَٰهَا فَنِعۡمَ ٱلۡمَٰهِدُونَ
48. Ва заминро паҳн кардаем ва барои зиндагии мардумон омода сохтаем, пас чӣ омодакунандагони хубе ҳастем![2691]
[2691] Тафсири Табарӣ 22\439
अरबी तफ़सीरें:
وَمِن كُلِّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَا زَوۡجَيۡنِ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
49. Ва аз ҳар (мавҷудот) чиз ҷуфте[2692] биёфаридаем, бошад, ки аз қудрати илоҳӣ ибрат гиред.[2693]
[2692] Монанди шабу рӯз, сиёҳу сафед, ҷаннату дузах ва ғайраҳо
[2693]Тафсири ибни Касир 7\424
अरबी तफ़सीरें:
فَفِرُّوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ مُّبِينٞ
50. Пас Паёмбар гӯяд: Эй мардум аз азоби Аллоҳ, ба сӯи раҳмати Аллоҳ ба василаи имон овардан ба Аллоҳу расулаш ва ба пайравӣ намудану амал кардан ба фармонаш бигрезед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам[2694].
[2694] Тафсири Табарӣ 22\440. Ҳар вақте ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мушкилие дучор мешуд, зуд ба намоз меистоданд. Ин аст мурод аз гурехтан ба сӯи Аллоҳ.
अरबी तफ़सीरें:
وَلَا تَجۡعَلُواْ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۖ إِنِّي لَكُم مِّنۡهُ نَذِيرٞ مُّبِينٞ
51.Ва бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мапарастед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.
अरबी तफ़सीरें:
كَذَٰلِكَ مَآ أَتَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُواْ سَاحِرٌ أَوۡ مَجۡنُونٌ
52. Ҳамин гуна, ки қурайшиҳо паёмбарашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд, ҳеҷ паёмбаре ба сӯи мардумони пеш аз онҳо наёмад, магар ин гуфтанд: "Ӯ ҷодугар ё девонаест" [2695]
[2695]Тафсири ибни Касир 7\425
अरबी तफ़सीरें:
أَتَوَاصَوۡاْ بِهِۦۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ
53. Оё ба гузаштагон ва ояндагон дурӯғ баровардани паёмбаронро бо якдигар васият карда буданд? На! Балки, онҳо мардуми саркаше буданд, ки дилҳо ва амалҳояшон дар куфр варзидан ва саркашӣ кардан монанди якдигараст. Пас ояндагоншон чунин гуфтаанд, чунон ки гузаштагонашон гуфтаанд.[2696]
[2696] Тафсири Табарӣ 22\442
अरबी तफ़सीरें:
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَمَآ أَنتَ بِمَلُومٖ
54. Пас, эй Расул, аз мушрикон рӯй бигардон, то фармони Аллоҳ дар ҳаққи онҳо ба ту нозил гардад. Касе туро маломат нахоҳад кард, зеро он чиро, ки бар ӯҳдаи ту буд, ба охир расонидаӣ.[2697]
[2697] Тафсири Табарӣ 22\442
अरबी तफ़सीरें:
وَذَكِّرۡ فَإِنَّ ٱلذِّكۡرَىٰ تَنفَعُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
55. Ва панд деҳ, ба ростӣ ки панд додан ба мӯъминон фоидае мебахшад.
अरबी तफ़सीरें:
وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ
56. Ва ҷинну одамиро наёфаридаам,магар барои ҳадафи бузурге, то танҳо маро ибодат кунанд, на ғайри Маро[2698]
[2698] Тафсири Саъдӣ 1\813
अरबी तफ़सीरें:
مَآ أُرِيدُ مِنۡهُم مِّن رِّزۡقٖ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطۡعِمُونِ
57. Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро таъом диҳанд. (Аллоҳ таъоло худ эҳтиёҷ ба халқ надорад, балки онҳо ҳама ба Ӯ эҳтиёҷманданд. Ӯ офаридагор ва рӯзидиҳандаи онҳост ва аз онҳо бениёз аст).
अरबी तफ़सीरें:
إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلۡقُوَّةِ ٱلۡمَتِينُ
58. Ҳароина, Аллоҳ барои бандагонаш рӯзидиҳандааст. Ва Ӯст соҳиби тамоми нерӯи сахти устувор!
अरबी तफ़सीरें:
فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذَنُوبٗا مِّثۡلَ ذَنُوبِ أَصۡحَٰبِهِمۡ فَلَا يَسۡتَعۡجِلُونِ
59. Пас, ҳароина, барои касоне, ки ситам кардаанд[2699], аз азоб насибаест монанди насибае, ки ёронашон доштанд. Пас, набояд, ки ба шитоб аз ман азоб талаб кунанд! Бегумон он омаданист.[2700]
[2699]Ба сабаби бовар надоштанашон ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам
[2700] Тафсири Саъдӣ 1\813
अरबी तफ़सीरें:
فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن يَوۡمِهِمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ
60. Вой (ва ҳалокӣ бод) бар онон, ки куфр варзиданд ба Аллоҳу расулаш, аз он рӯз, ки онҳо ба фуруд омадани азоб ваъда дода мешаванд! Ва он рӯз рӯзи қиёмат аст.[2701]
[2701] Тафсири Табарӣ 22\442
अरबी तफ़सीरें:
 
अर्थों का अनुवाद सूरा: सूरा अज़्-ज़ारियात
सूरों की सूची पृष्ठ संख्या
 
क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर - अनुवादों की सूची

पवित्र क़ुरआन के अर्थों का ताजिकी अनुवाद, अनुवादक : खाजा मीरोफ़ खाजा मीर। संशोधन का काम रुव्वाद अनुवाद केंद्र की निगरानी में संपन्न हुआ। मूल अनुवाद सुझाव प्राप्त करने तथा मूल्यांकन एवं निरंतर उन्नयन हेतु उपलब्ध है।

बंद करें