Check out the new design

クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター * - 対訳の目次

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

対訳 章: 雌牛章   節:
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ بَلۡ نَتَّبِعُ مَآ أَلۡفَيۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ءَابَآؤُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ شَيۡـٔٗا وَلَا يَهۡتَدُونَ
Ва ҳангоме ки ба онон [кофирон] гуфта шавад: "Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед", мегӯянд: [На] Балки мо аз чизе пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем. Оё агар падаронашон [аз ҳақиқат] чизе нафаҳмидаву ҳидоят наёфта бошанд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунанд]!?
アラビア語 クルアーン注釈:
وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ ٱلَّذِي يَنۡعِقُ بِمَا لَا يَسۡمَعُ إِلَّا دُعَآءٗ وَنِدَآءٗۚ صُمُّۢ بُكۡمٌ عُمۡيٞ فَهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ
Масали [даъвати ту – эй Муҳаммад – барои ҳидояти ин] кофирон ҳамчун касест, ки чаҳорпоеро садо мезанад, ки ҷуз садо ва овозе намешунавад. [Ин кофирон дар рӯёрӯӣ бо ҳақ] кару лолу кӯр ҳастанд, аз ин рӯ, намеандешанд
アラビア語 クルアーン注釈:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва шукри Аллоҳро ба ҷо оваред, агар танҳо Ӯро мепарастед
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
[Аллоҳ таоло] Танҳо мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад, бар шумо ҳаром кардааст. Пас, ҳар ки [ барои ҳифзи ҷони худ ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, бар ӯ гуноҳе нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَشۡتَرُونَ بِهِۦ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَٰٓئِكَ مَا يَأۡكُلُونَ فِي بُطُونِهِمۡ إِلَّا ٱلنَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Касоне, ки он чиро Аллоҳ таоло дар китоби [Таврот дар бораи нубуввати Муҳаммад] нозил кардааст, китмон мекунанд ва онро [барои касби молу мақоми дунё] ба баҳои андаке мефурӯшанд [дар ҳақиқат] ҷуз оташ дар шикамҳояшон фурӯ намебаранд ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва [аз палидии гуноҳ] покашон намекунад ва азоби дардноке хоҳанд дошт
アラビア語 クルアーン注釈:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡعَذَابَ بِٱلۡمَغۡفِرَةِۚ فَمَآ أَصۡبَرَهُمۡ عَلَى ٱلنَّارِ
Инон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро ба [баҳои] ҳидоят ва азобро ба [баҳои] омурзиш хариданд, пас, бар оташи [дӯзах] чи шикебо ҳастанд!
アラビア語 クルアーン注釈:
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ
Ин [муҷозот бар китмони ҳақ] ба хотири он аст, ки Аллоҳ таоло китоб [-ҳои осмони]-ро ба ҳақ нозил кардааст ва касоне, ки дар он ихтилоф карданд, [аз ҳақиқат] бисёр дуранд
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 雌牛章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター - 対訳の目次

ルゥワード翻訳事業センターとラブワ招待協会およびイスラームコンテンツサービス協会の共訳

閉じる