Check out the new design

クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター * - 対訳の目次

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

対訳 章: 物語章   節:
قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمٍ عِندِيٓۚ أَوَلَمۡ يَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَهۡلَكَ مِن قَبۡلِهِۦ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مَنۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرُ جَمۡعٗاۚ وَلَا يُسۡـَٔلُ عَن ذُنُوبِهِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
[Қорун] гуфт: «Он чи ба ман дода шуда, дар натиҷаи [қудрату] донишест, ки назди ман аст». Оё намедонист, ки Аллоҳ таоло наслҳоеро пеш аз вай нобуд карда буд, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватмандтар буданд? Ва [рӯзи қиёмат] аз муҷримон дар бораи гуноҳонашон суол намешавад [зеро Аллоҳ таоло ҳамаро медонад]
アラビア語 クルアーン注釈:
فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ فِي زِينَتِهِۦۖ قَالَ ٱلَّذِينَ يُرِيدُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا يَٰلَيۡتَ لَنَا مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ قَٰرُونُ إِنَّهُۥ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٖ
Он гоҳ Қорун бо [таҷаммулоту] зинатҳояш дар баробари қавмаш зоҳир шуд. Афроде [аз атрофиёни ӯ], ки хостори зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, ҳаммонанди он чи ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем. Воқеан, ӯ баҳраи бузурге [аз моли дунё] дорад»
アラビア語 クルアーン注釈:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَيۡلَكُمۡ ثَوَابُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لِّمَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗاۚ وَلَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلصَّٰبِرُونَ
Аммо касоне, ки дониш [-и ҳақиқӣ] ёфта буданд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Барои касе, ки имон овардааст ва корҳои шоиста мекунад, савоби илоҳӣ беҳтар аст ва ин [сухан]-ро касоне ба ҷуз шикебоён намепазиранд»
アラビア語 クルアーン注釈:
فَخَسَفۡنَا بِهِۦ وَبِدَارِهِ ٱلۡأَرۡضَ فَمَا كَانَ لَهُۥ مِن فِئَةٖ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُنتَصِرِينَ
Он гоҳ Қорунро ҳамроҳи [хонааш дар замин фуру бурдем, пас, ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва [худ низ] натавонист ба хештан ёрӣ расонад
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَصۡبَحَ ٱلَّذِينَ تَمَنَّوۡاْ مَكَانَهُۥ بِٱلۡأَمۡسِ يَقُولُونَ وَيۡكَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُۖ لَوۡلَآ أَن مَّنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا لَخَسَفَ بِنَاۖ وَيۡكَأَنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ба ҷойи ӯ бошанд, бомдод [-и рӯзи баъд] мегуфтанд: «Вой бар мо! Гӯӣ Аллоҳ таоло аст, ки [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Агар Аллоҳ таоло бар мо миннат наниҳода буд, ҳатман, моро [низ ба сазои суханонамон ба жарфои замин] фурӯ мебурд. Эй вой! Гӯӣ кофирон ҳаргиз растагор намешаванд
アラビア語 クルアーン注釈:
تِلۡكَ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ نَجۡعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوّٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فَسَادٗاۚ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ
Ин сарои охиратро [фақат] барои касоне қарор медиҳем, ки хоҳони гарданкашӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми нек аз они парҳезкорон аст
アラビア語 クルアーン注釈:
مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجۡزَى ٱلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
[Рӯзи қиёмат] Ҳар ки некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва ҳар ки бадӣ биёварад, [бидонад, ки] касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, ҷуз [ба миқдори] он чи мекарданд, кайфар намебинанд
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 物語章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター - 対訳の目次

ルゥワード翻訳事業センターとラブワ招待協会およびイスラームコンテンツサービス協会の共訳

閉じる