Check out the new design

クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: ユーヌス章   節:
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا وَرَضُواْ بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَٱطۡمَأَنُّواْ بِهَا وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِنَا غَٰفِلُونَ
7. Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз рӯзи қиёмат наметарсанд ва савобу азобро дурӯғ меҳисобанд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти оятҳоиқуръон ва муъҷизаҳои Мо бехабаранд,
アラビア語 クルアーン注釈:
أُوْلَٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
8. Чунин касоне, ки ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.[964]
[964] Тафсири Табарӣ15\25
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ يَهۡدِيهِمۡ رَبُّهُم بِإِيمَٰنِهِمۡۖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
9. Ононро, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳиштҳои пурнеъмате, ки ҷӯйҳои об дар зери манзилҳояшон ҷорист, ҳидоят мекунад.
アラビア語 クルアーン注釈:
دَعۡوَىٰهُمۡ فِيهَا سُبۡحَٰنَكَ ٱللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٞۚ وَءَاخِرُ دَعۡوَىٰهُمۡ أَنِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
10. Дуъояшон дар он ҷо “Парвардигоро, Ту покӣ” ва таҳияи Аллоҳ ва фариштагонаш ва таҳияи баъзеашон баъзеро дар ҷаннат “салом” аст ва поёни дуъояшон ин аст “Шукру сипоси махсус Парвардигори ҷаҳониёнро”.
アラビア語 クルアーン注釈:
۞ وَلَوۡ يُعَجِّلُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ ٱلشَّرَّ ٱسۡتِعۡجَالَهُم بِٱلۡخَيۡرِ لَقُضِيَ إِلَيۡهِمۡ أَجَلُهُمۡۖ فَنَذَرُ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
11. Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Аллоҳ барояшон шарр мерасонид, ҳароина уқубат ва азоб онҳоро нобуд мекард. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз азоби Мо наметарсанд, вомегузорем, то дар гумроҳии хеш саргардон бимонанд.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ٱلضُّرُّ دَعَانَا لِجَنۢبِهِۦٓ أَوۡ قَاعِدًا أَوۡ قَآئِمٗا فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُ ضُرَّهُۥ مَرَّ كَأَن لَّمۡ يَدۡعُنَآ إِلَىٰ ضُرّٖ مَّسَّهُۥۚ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلۡمُسۡرِفِينَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
12. Ва чун ба одамӣ зараре расад, чи бар паҳлӯ хуфта бошад ва чи нишаста ё истода, Моро ба дуъо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, боз ба мисли гузашта ба ширкаш давомат мекунад, чунон мегузарад, ки гӯё Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Аъмоли исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст.[965]
[965] Тафсири Табарӣ 15\37
アラビア語 クルアーン注釈:
وَلَقَدۡ أَهۡلَكۡنَا ٱلۡقُرُونَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
13. Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам кардандва ба Аллоҳ шарик оварданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далелҳои равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми табаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем.
アラビア語 クルアーン注釈:
ثُمَّ جَعَلۡنَٰكُمۡ خَلَٰٓئِفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لِنَنظُرَ كَيۡفَ تَعۡمَلُونَ
14. Он гоҳ шуморо, эй мардум, дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем, то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед: оё нек мекунед ё бад?
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: ユーヌス章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる