15. Албатта, рӯзи қиёмат, ки мардум дар он аз нав зинда мешаванд, омаданӣ аст. Мехоҳам, ки вақти онро пинҳон дорам, то ҳар касе ба ивази он чи мекард, дар дунё аз нек ё бад ҷазо дода шавад.[1587]
16. Пас он кас, ки ба воқеъ шудани қиёмат имон надорад ва пайравии ҳавои хеш кардааст, туро эй Мӯсо аз он (имони ба қиёмат) боз надорад, то ба ҳалокат афтӣ.
23. Мехоҳем, ки то оятҳои бузургтари худро ба ту -эй Мӯсо нишон диҳем ва ин ҳама далолат бар бузургии қудрати Мо ва дуруст будани паёмбарии ту мекунад[1588].
39.ки ӯро дар сандуқе бинеҳ, сандуқро ба дарё парто, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро баргирад. Муҳаббати хеш бар ту арзонӣ доштам, то зери назари чашми Ман парвариш ёбӣ.[1590].
[1590]Дар оят сифати чашми Аллоҳ зикр шудааст, ки он лоиқ ба зоти бузург ва камоли Ӯст ва бе чун ва чарост
42. Ту ва бародарат Ҳорун нишонаҳои Маро бибаред , ки ин нишонҳо далолат бар улуҳият ва камоли қудрати Ман ва сидқи паёмбарии ту мекунанд ва дар ёд кардани Ман сустӣ макунед!
53. Ӯ он Зотест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он замин роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он об навъҳои гуногуне аз наботот бирӯёнем.
69.Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бипарто, то ҳар чиро, ки сохтаанд аз асо ва ресмонҳо, фурӯ барад. Бешак онҳо ҳар чиро, ки сохтаанд найрангиҷодугарона аст ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад».
73. Ба дурустӣ, ки мо ба Парвардигори хеш имон овардем ва расули Ӯро тасдиқ намудаем ва он чи ки овард ба он амал намудаем, то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он маҷбур кардӣ, даргузарад, ки Аллоҳ беҳтар аст аз ту эй Фиръавн дар подош додан ва азоби Аллоҳ пойдортар аст.[1600]
76.(Барои онҳост) биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст подоши поконе, ки худро аз палидӣ ва ширк тоза намудаанд.[1601]
77. Ҳамоно ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро (бани Исроилро) ҳангоми шаб аз Миср бибар ва барояшон дар баҳр гузаргоҳи хушке биҷӯй ва матарс аз Фиръавн ва лашкари ӯ, ки бар ту даст ёбанд ва низ аз ғарқ шудан матарс!
99. Инчунин хабарҳои гузаштаро аз Мӯсо ва Фиръавн ва қавмашон барои ту эй Расул ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ ин Қуръонро ато кардем, ки он панд аст барои шахсе ки панд мегирад.[1614]
110. Аллоҳ ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост аз амри қиёмат ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст аз амри дунё, медонад ва илми онон (инсонҳо) Ӯро дарбар нагирад.
115. Ва ба дурустӣ, Мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, ки аз дарахт чизе нахӯрад ва барояш гуфтем, ки шайтон душмани ту ва душмани ҳамсарат аст, пас шуморо аз ҷаннат берун накунад, ки бадбахт шавӣ вале фаромӯш карда шайтонро итоъат кард ва босабраш наёфтем.[1622]
121. Пас аз он дарахт Одам ва Ҳавво хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳиштро бар худ мечаспониданд , то шармгоҳи худро бипӯшонанд, вале Одам ба Парвардигори хеш осӣ шуд ва роҳ гум кард.
123. Гуфт Аллоҳ ба Одам ва Ҳавво: «Шумо ҳар ду аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле, ки душмани ҳамдигар ҳастед! Пас агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на ба ранҷ меафтад.
124. Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад дар ҳаёти дунё,агарчанде молу давлат дошта бошад ҳам ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».
129. Ва агар аз пеш ваъдае аз Парвардигорат сурат нагирифта ва мавъиди мушаххас муқаррар нашуда буд,[1626] бидуни шак азоби онҳо дар ҳамин дунё лозим мешуд.
[1626] Яъне, Аллоҳ касеро азоб намедиҳад, магар баъди барпо кардани ҳуҷҷат ва ба муддати муайян, вагарна бо азоб ногаҳон ҳалокашон мекард. Тафсири ибни Касир 5\325
130. Пас бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ситоиш ёд кун. Ва дар соатҳои шаб ва аввалу охири рӯз низ ба покӣ ёд кун. Шояд бо анҷоми ин амалҳо савоб дода шавӣ ва хушнуд гардӣ.
131. Ту ба онҳо (мушрикон ва амсолашон) нанигар, ки гурӯҳҳое аз онҳоро ба он аз ороиши зиндагии дунё баҳраманд сохтаем, то онҳоро дар он биозмоем. Ризқи Парвардигорат ва савобаш беҳтар аст аз он чи ки баҳрамандашон сохтаем дар дунё ва пойдортар аст![1627]
132. Эй Паёмбар, аҳли худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар адои он кор сабрро пеша гир. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр дар дунёву охират аз они парҳезгорон аст.
134. Агар кофиронро пеш аз омадани паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ, то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти Ту пайравӣ мекардем?»
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
検索結果:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".