Check out the new design

クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: 詳細にされた章   節:

Фуссилат

حمٓ
1.Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)
アラビア語 クルアーン注釈:
تَنزِيلٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
2.Ин Қуръон китобест, ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон бар паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.
アラビア語 クルアーン注釈:
كِتَٰبٞ فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
3. Китобест, ки оятҳояш бо тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест, ки ба забони арабӣ, осонфаҳм барои мардуме, ки забони арабиро медонанд
アラビア語 クルアーン注釈:
بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا فَأَعۡرَضَ أَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ
4. Ҳам муждадиҳанда аст ин китоб мӯъминро ба подоши дунё ва охират ва ҳам бимдиҳанда кофирро ба азоби дунё ва охират. Бештарини мардум аз онрӯй гардонидаанд ва онҳо намешунаванд.[2369]
[2369] Шунидане, ки аз он қабул ва иҷобати он мужда ҳосил шавад. Тафсири Саъдӣ 1/ 744
アラビア語 クルアーン注釈:
وَقَالُواْ قُلُوبُنَا فِيٓ أَكِنَّةٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ وَفِيٓ ءَاذَانِنَا وَقۡرٞ وَمِنۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابٞ فَٱعۡمَلۡ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ
5. Кофирон ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту (эй Муҳаммад) ҳиҷобест. Пас амал кун ту ба дини худ, албатта мо ҳам амалкунандаем ба дини худ.[2370]
[2370]Тафсири Бағавӣ 7/ 161
アラビア語 クルアーン注釈:
قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَٱسۡتَقِيمُوٓاْ إِلَيۡهِ وَٱسۡتَغۡفِرُوهُۗ وَوَيۡلٞ لِّلۡمُشۡرِكِينَ
6. Бигӯ (эйПаёмбар): «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки лоиқи ибодат аст. Пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омӯрзиш бихоҳед. Ва вой (азоб), бар мушрикон:
アラビア語 クルアーン注釈:
ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
7. Онҳое, ки ба ғайри Аллоҳ бутонеро парастиш карданд, ки фоида ва зараре нарасонанд ва нафсҳояшонро ба тавҳид ва ихлос пок накарданд ва намоз нахонданд ва закот надоданд ва ба охират (яъне ба баъс, ҷаннат ва дӯзах) имон надоранд.[2371]
[2371]Тафсири Саъдӣ 1/ 744
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٖ
8. Ҳамоно онон, ки ба Аллоҳу Расулаш ва Китобаш имон овардаанд ва корҳои шоиста карданд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданӣ.
アラビア語 クルアーン注釈:
۞ قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
9. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: Оё ба Аллоҳе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори тамоми ҷаҳониён!
アラビア語 クルアーン注釈:
وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامٖ سَوَآءٗ لِّلسَّآئِلِينَ
10. Ӯ зотест, ки офарид дар болои замин кӯҳҳои устуворро ва баракат[2372] ниҳод дар он ва муайян сохт дар рӯи замин ризқу рӯзӣ (аҳли онро) дар муддати чаҳор рӯз[2373] , ин тафсилот барои суолкунандагон аст.
[2372] Яъне, сарсабзу хуррам гардонид.
[2373] Яъне, ду рӯз заминро офарид ва ду рӯзи дигар дар он куҳҳоро офарид. Тафсири Саъдӣ 1/ 745
アラビア語 クルアーン注釈:
ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانٞ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ
11. Сипас Аллоҳи пок ба осмон мутаваҷҷиҳ шуд ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед[2374]». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем»[2375].
[2374] Яъне, таслими ҳукми Ман шавед. Тафсири Саъдӣ 1/ 745
[2375] Яъне, нашояд иродаи мо мухолифи иродаи Ту бошад.
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 詳細にされた章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる