クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: 筆章   節:

Сураи Қалам

نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ
1. Нун.[2967] Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
[2967]Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.
アラビア語 クルアーン注釈:
مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٖ
2. ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٖ
3. Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٖ
4. ва ҳароина, ту эй Расул бар хулқи азим[2968] ҳастӣ.
[2968] Тафсири ибни Касир 8\188. Он чиро ки Қуръон дарбар гирифтааст: аз ахлоқи ҳамида, он хулқи бузург аст ва Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳамин хулқ буданд.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ
5. Ба зудӣ ту эй Расул мебинӣ ва он кофирон низ мебинанд,
アラビア語 クルアーン注釈:
بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ
6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
7. Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.[2969]
[2969] Тафсири Табарӣ 23\532
アラビア語 クルアーン注釈:
فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
8.Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ
9. Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ
10. Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
アラビア語 クルアーン注釈:
هَمَّازٖ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٖ
11. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,
アラビア語 クルアーン注釈:
مَّنَّاعٖ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
12. боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,
アラビア語 クルアーン注釈:
عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ
13. дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)
アラビア語 クルアーン注釈:
أَن كَانَ ذَا مَالٖ وَبَنِينَ
14. ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,
アラビア語 クルアーン注釈:
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
15. чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»[2970]
[2970] Гарчанде ин оят дар шаъни баъзе аз мушрикон нозил шуда бошад ҳам, монанди Валид ибни Муғира, лекин барои мусалмон таҳзир аст, ки мабодо бо яке аз ин сифатҳои бад гирифтор нашавад. Тафсири Саъдӣ 1\879
アラビア語 クルアーン注釈:
سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلۡخُرۡطُومِ
16. Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем, ки назди мардум бо он доғ бад шавад.
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّا بَلَوۡنَٰهُمۡ كَمَا بَلَوۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ إِذۡ أَقۡسَمُواْ لَيَصۡرِمُنَّهَا مُصۡبِحِينَ
17. Ҳароина, Мо аҳли Маккаро бо гуруснагиву қаҳтӣ озмудаем, чунон ки соҳибони он боғро озмудем. Он гоҳ, ки миёни худ қасам хӯрданд, ки фардо бомдод ҳатман меваҳоро хоҳанд чид ва азм карданд, ки мискинонро аз он маҳрум гардонанд.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَلَا يَسۡتَثۡنُونَ
18. Ва иншоаллоҳ нагуфтанд, (яъне, "агар Аллоҳ хоҳад" нагуфтанд)
アラビア語 クルアーン注釈:
فَطَافَ عَلَيۡهَا طَآئِفٞ مِّن رَّبِّكَ وَهُمۡ نَآئِمُونَ
19. Пас, азобе (оташи фарогир шабона) аз сӯи Парвардигорат бар боғи онҳо фурӯ омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд,
アラビア語 クルアーン注釈:
فَأَصۡبَحَتۡ كَٱلصَّرِيمِ
20. Пас он боғи сабзу хуррам ҳамчун шаби сиёҳ шуд.[2971]
[2971] Тафсири Бағавӣ 8\195
アラビア語 クルアーン注釈:
فَتَنَادَوۡاْ مُصۡبِحِينَ
21.Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:
アラビア語 クルアーン注釈:
أَنِ ٱغۡدُواْ عَلَىٰ حَرۡثِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰرِمِينَ
22.«Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»
アラビア語 クルアーン注釈:
فَٱنطَلَقُواْ وَهُمۡ يَتَخَٰفَتُونَ
23. Сипас ба роҳ афтоданд ва оҳиста ба ҳамдигар сухан мегуфтанд:
アラビア語 クルアーン注釈:
أَن لَّا يَدۡخُلَنَّهَا ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكُم مِّسۡكِينٞ
24.ки имрӯз набояд мискине ба боғи шумо дарояд.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَغَدَوۡاْ عَلَىٰ حَرۡدٖ قَٰدِرِينَ
25. Ва субҳгоҳон зуд тавонманд (ба хотири манъи бенавоён) ба он боғ расиданд, ки худро бар чидани мева ва манъи бенавоён тавоно медиданд.[2972]
[2972] Тафсири Табарӣ 23\546
アラビア語 クルアーン注釈:
فَلَمَّا رَأَوۡهَا قَالُوٓاْ إِنَّا لَضَآلُّونَ
26. Чун боғи худро диданд, гуфтанд: Роҳро гум кардем. Пас он ҳангом, донистанд, ки он боғи онҳост, гуфтанд:
アラビア語 クルアーン注釈:
بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ
27.Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем, ба сабаби бухле, ки аз мо сар зад.
アラビア語 クルアーン注釈:
قَالَ أَوۡسَطُهُمۡ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ لَوۡلَا تُسَبِّحُونَ
28. Яке аз беҳтарини онҳо гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, чаро шукру тасбеҳи Аллоҳро намегӯед ва "иншоаллоҳ" нагуфтед?
アラビア語 クルアーン注釈:
قَالُواْ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
29. Баъд аз он ки ба роҳи ҳақ баргаштанд, гуфтанд: Пок аст Парвардигори мо, аз зулме, ки ба мо расидааст, балки ҳароина, мо бар нафси худ ва қасди бадамон ситамкор будаем.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ يَتَلَٰوَمُونَ
30. Пас, ба хотири "иншоаллоҳ" нагуфтанашон ва қасди бадашон он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд.
アラビア語 クルアーン注釈:
قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا طَٰغِينَ
31. Гуфтанд: Вой бар мо, ҳароина, мо мардуми саркаше будаем, ки бенавоёнро манъ кардем ва мухолифати амри Аллоҳ баромадем,
アラビア語 クルアーン注釈:
عَسَىٰ رَبُّنَآ أَن يُبۡدِلَنَا خَيۡرٗا مِّنۡهَآ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا رَٰغِبُونَ
32. бошад, ки ба сабаби тавба ва иқрори гуноҳони худ Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он боғ моро диҳад. Ҳароина, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!
アラビア語 クルアーン注釈:
كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
33. Инчунин аст азоб, монанди азобе, ки соҳибони он боғро мубтало кардем, ҳамин гуна азоби мо дар дунё барои касест, ки амри Аллоҳро мухолифат мекунад ва аз хайр кардани мол бахилӣ менамояд. Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд![2973]
[2973] Тафсири ибни Касир 8\197
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
34. Ҳароина, барои парҳезгорон, онон, ки аз азоби Аллоҳ тарсиданд, бо анҷом додани амрҳояш ва тарк намудани манъкардаҳояш дар назди Парвардигорашон боғҳоест пурнеъмат ва бардавом.[2974]
[2974] Тафсири Табарӣ 23\552
アラビア語 クルアーン注釈:
أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ كَٱلۡمُجۡرِمِينَ
35. Оё пас мо мусалмононро ҳамчун гунаҳкорон қарор медиҳем?
アラビア語 クルアーン注釈:
مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ
36. Шуморо чӣ шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед, пас ҳар ду гурӯҳро дар ҷазо баробар хоҳем кард? Ҳеҷ гоҳ![2975]
[2975]Тафсири ибни Касир 8\198
アラビア語 クルアーン注釈:
أَمۡ لَكُمۡ كِتَٰبٞ فِيهِ تَدۡرُسُونَ
37. Оё шуморо китобест, аз осмон нозил шуда, ки аз он мехонед ва дарс мегиред, ки фармонбардор монанди гунаҳкор аст?
アラビア語 クルアーン注釈:
إِنَّ لَكُمۡ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ
38. Ва ба таҳқиқ, дар он китоб он чиро интихоб кунед, барои шумо навишташуда аст?! (Ҳаргиз чунин нест!)[2976]
[2976]Тафсири ибни Касир 8\198
アラビア語 クルアーン注釈:
أَمۡ لَكُمۡ أَيۡمَٰنٌ عَلَيۡنَا بَٰلِغَةٌ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّ لَكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُونَ
39. Ё ин ки шумо бар ӯҳдаи Мо аҳду паймони устуворе доред, ки то рӯзи қиёмат ҳар чиро ҳукм кунед, ҳақ барои шумо бошад?!
アラビア語 クルアーン注釈:
سَلۡهُمۡ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ
40.Эй Расул, аз мушрикон бипурс, кадом якеашон зомини чунин паймонест, ки кофирон дар охират монанди мӯъминонанд?
アラビア語 クルアーン注釈:
أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَآءُ فَلۡيَأۡتُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ
41. Ё онҳоро шариконест, ки онҳоро дар охират ҳамонанди мусалмонон гардонанд? Агар рост мегӯянд, дар даъвои худ, пас шарикони худро биёваранд.[2977]
[2977] Тафсири Бағавӣ 8\198
アラビア語 クルアーン注釈:
يَوۡمَ يُكۡشَفُ عَن سَاقٖ وَيُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ
42. Рӯзе, ки соқ бараҳна ва макшуф гардад, (яъне, рӯзи қиёмат вазъият бениҳоят душвор гардад, дар он рӯз Аллоҳ таъоло соқи худро, ки бе чӣ гунагӣ ва ба чизе монандӣ надорад, ошкор кунад, Аллоҳ таъоло барои доварӣ миёни мардум биёяд) ва ҳама халоиқ ба саҷда фаро хонда шаванд, пас мунофиқон ва мушрикон саҷда кардан наметавонанд.[2978]
[2978] Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Парвардигори Мо (дар рӯзи қиёмат) соқашро бараҳна менамояд (бе чӣ гунагӣ) ва ҳар марду зани мӯъмине барояш саҷда мекунад, вале касоне, ки дар дунё ба ҷиҳати риё ва сумъа саҷда мекарданд, мехоҳанд, ки саҷда намоянд, вале пушти онҳо монанди табақи рост қарор мегирад" яъне, қудрат ба саҷда кардан пайдо намекунанд. (Бухорӣ №4919)
アラビア語 クルアーン注釈:
خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٞۖ وَقَدۡ كَانُواْ يُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ وَهُمۡ سَٰلِمُونَ
43. Дар ҳоле, ки чашмонашон аз надомат ва хиҷолат фурӯ афтода ва аз азоби Аллоҳ зиллат ва хорӣ онҳоро фурӯ гирад ва ҳақиқатан, ки пеш аз он дар дунё дар ҳоле, ки солим буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд, аммо онҳо аз рӯи такаббур саҷда намекарданд.[2979]
[2979] Тафсири ибни Касир 8\200
アラビア語 クルアーン注釈:
فَذَرۡنِي وَمَن يُكَذِّبُ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِۖ سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَيۡثُ لَا يَعۡلَمُونَ
44. Пас, эй Расул, Маро бо касе, ки ин сухан (қуръон)-ро дурӯғ мебарорад, вогузор, зеро интиқом аз онҳо ва ҷазо доданашон бар Ман аст. Мо онҳоро ба зудӣ аз он ҷое, ки намедонанд, андак –андак ба азоб хоҳем гирифт.[2980]
[2980]Яъне, онҳоро бо молу фарзандон ва неъматҳо зиёд хоҳем кард ва онҳо пиндоранд, ки ин барояшон инъом аст, вале оқибати онро фикр намекунанд, ки ин сабаби ҳалокии онҳост.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأُمۡلِي لَهُمۡۚ إِنَّ كَيۡدِي مَتِينٌ
45. Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам ва умрашонро дароз кунам, то гуноҳро зиёд кунанд. Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст ва касе аз он раҳоӣ надорад.[2981]
[2981] Тафсири Табарӣ 23\562
アラビア語 クルアーン注釈:
أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرٗا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٖ مُّثۡقَلُونَ
46. Эй Расул ё аз мушрикон, дар ивази таблиғи рисолат музде металабӣ, пас товони он барояшон гаронбор аст ва онҳо аз адои он дар ранҷанд?
アラビア語 クルアーン注釈:
أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ
47.Ё илми ғайб назди онҳост,пас онҳо аз рӯи он менависандон чиро, ки мегӯянд?
アラビア語 クルアーン注釈:
فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ ٱلۡحُوتِ إِذۡ نَادَىٰ وَهُوَ مَكۡظُومٞ
48. Пас эй Расул барои фармон ва ҳукми Парвардигорат сабр кун, ва монанди соҳиби моҳӣ (Юнус ибни Мато алайҳиссалом,) мабош, ки дар даъвати қавмаш сабр накард ва чун саршор аз ғаму андӯҳ буд, Аллоҳро нидо кард.
アラビア語 クルアーン注釈:
لَّوۡلَآ أَن تَدَٰرَكَهُۥ نِعۡمَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ لَنُبِذَ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ مَذۡمُومٞ
49. Агар неъмат ва раҳмате[2982] аз сӯи Парвардигораш ӯро дарнамеёфт, яқинан аз шиками моҳӣ ба саҳрои беобу алаф партофта мешуд, дар ҳоле, ки ӯ бадҳол буд.
[2982] Яъне, мурод аз он неъмат, тавфиқ додани Юнус алайҳиссалом барои тавба буд.
アラビア語 クルアーン注釈:
فَٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَجَعَلَهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
50. Пас, Парвардигораш ӯро барои рисолаташ ихтиёр кард ва ӯро аз зумраи солеҳон қарор дод, ки ният, аъмол ва ақволашон шоиста ва дуруст аст.[2983]
[2983] Тафсири Саъдӣ 1\881
アラビア語 クルアーン注釈:
وَإِن يَكَادُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَيُزۡلِقُونَكَ بِأَبۡصَٰرِهِمۡ لَمَّا سَمِعُواْ ٱلذِّكۡرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُۥ لَمَجۡنُونٞ
51. Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки аз сабаби бад диданашон туро бо чашмони худ билағжонанд ва аз рӯи ҳасад мегӯянд, ки қатъан ӯ девона аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ
52. Ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён (аз инсу ҷин) фақат панде аст!
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 筆章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

クルアーン・タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる