クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 節: (31) 章: 包まる者章
وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ
31. Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд[3034] ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари[3035] Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест[3036].
[3034] Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/ 24
[3035] Аз он ҷумла фариштагонро.
[3036] Тафсири Бағавӣ 8/ 271
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 節: (31) 章: 包まる者章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

クルアーン・タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる