លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
74 : 6

۞ وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ ءَازَرَ أَتَتَّخِذُ أَصۡنَامًا ءَالِهَةً إِنِّيٓ أَرَىٰكَ وَقَوۡمَكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ба падараш –Озар– гуфт: «Оё бутҳоро маъбуди [хеш] мегирӣ? Ба ростӣ, ки ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам» info
التفاسير: |

external-link copy
75 : 6

وَكَذَٰلِكَ نُرِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ مَلَكُوتَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلِيَكُونَ مِنَ ٱلۡمُوقِنِينَ

Ва ин гуна фармондиҳии [шукӯҳманди] осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем, то [ягонагии Аллоҳ таоло ва гумроҳии Озар ва қавмашро дарёбад ва] аз аҳли яқин бошад info
التفاسير: |

external-link copy
76 : 6

فَلَمَّا جَنَّ عَلَيۡهِ ٱلَّيۡلُ رَءَا كَوۡكَبٗاۖ قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَآ أُحِبُّ ٱلۡأٓفِلِينَ

Пас, ҳангоме ки [торикии] шаб Ӯро дарбар гирифт, ситорае дид, [ва] гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дӯст надорам» info
التفاسير: |

external-link copy
77 : 6

فَلَمَّا رَءَا ٱلۡقَمَرَ بَازِغٗا قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمۡ يَهۡدِنِي رَبِّي لَأَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلضَّآلِّينَ

Пас, ҳангоме ки моҳро тобанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, ҳатман, аз гумроҳон будам» info
التفاسير: |

external-link copy
78 : 6

فَلَمَّا رَءَا ٱلشَّمۡسَ بَازِغَةٗ قَالَ هَٰذَا رَبِّي هَٰذَآ أَكۡبَرُۖ فَلَمَّآ أَفَلَتۡ قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ

Пас, ҳангоме ки хуршедро дурахшанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст. Ин бузургтар аст». Он гоҳ вақте ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм, ман аз он чи [барои Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам» info
التفاسير: |

external-link copy
79 : 6

إِنِّي وَجَّهۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ حَنِيفٗاۖ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Ба ростӣ, ки ман ҳақгароёна дин [-у ибодат]-и хешро барои касе холис кардам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон нестам» info
التفاسير: |

external-link copy
80 : 6

وَحَآجَّهُۥ قَوۡمُهُۥۚ قَالَ أَتُحَٰٓجُّوٓنِّي فِي ٱللَّهِ وَقَدۡ هَدَىٰنِۚ وَلَآ أَخَافُ مَا تُشۡرِكُونَ بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَشَآءَ رَبِّي شَيۡـٔٗاۚ وَسِعَ رَبِّي كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

Ва қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред? info
التفاسير: |

external-link copy
81 : 6

وَكَيۡفَ أَخَافُ مَآ أَشۡرَكۡتُمۡ وَلَا تَخَافُونَ أَنَّكُمۡ أَشۡرَكۡتُم بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ عَلَيۡكُمۡ سُلۡطَٰنٗاۚ فَأَيُّ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ أَحَقُّ بِٱلۡأَمۡنِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Ва чигуна аз он чи шарик [-и Аллоҳ таоло] мепиндоред битарсам бо он ки шумо худ намеҳаросед аз ин ки чизеро шарики Аллоҳи мутаол сохтаед, ки Ӯ [ҳеҷ] далеле дар бораи [ҳаққонияти] он бар шумо нозил накардааст? Пас, агар медонед, [бигӯед] кадом як аз ин ду гурӯҳ [муваҳҳид ва мушрик] ба амният [ва дурӣ аз азоб] сазовортар аст? info
التفاسير: |
prev

Анъом

next