លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
9 : 6

وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ مَلَكٗا لَّجَعَلۡنَٰهُ رَجُلٗا وَلَلَبَسۡنَا عَلَيۡهِم مَّا يَلۡبِسُونَ

Ва агар он [фиристода]-ро фариштае қарор медодем, ҳатман, вайро ба шакли марде дармеовардем [то битавонанд ӯро бубинанд ва суханонашро бифаҳманд] ва яқинан, ононро дучори ҳамон иштибоҳе мекардем, ки қаблан дар он буданд [зеро ӯ низ сурати инсон дошт] info
التفاسير: |

external-link copy
10 : 6

وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

[Эй паёмбар] Ҳатман, паёмбароне пеш аз ту [низ аз сӯйи кофирон] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, пас, он чи ки масхарааш мекарданд, домонашонро гирифт [ва гирифтори азоб шуданд] info
التفاسير: |

external-link copy
11 : 6

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ ٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ

[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чигуна будааст» info
التفاسير: |

external-link copy
12 : 6

قُل لِّمَن مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قُل لِّلَّهِۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَۚ لَيَجۡمَعَنَّكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِۚ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ

Бигӯ: «Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист»? Бигӯ: «Аз они Аллоҳи мутаол аст, ки раҳматро бар хеш воҷиб гардонидааст, [ва] ҳатман, шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, [назди худ] ҷамъ хоҳад кард. Ва касоне, ки ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд info
التفاسير: |

external-link copy
13 : 6

۞ وَلَهُۥ مَا سَكَنَ فِي ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

Ва ҳарчи дар шабу рӯз ором [-у қарор] дорад аз они Ӯст ва Ӯ шуновову доност info
التفاسير: |

external-link copy
14 : 6

قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيّٗا فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَهُوَ يُطۡعِمُ وَلَا يُطۡعَمُۗ قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَسۡلَمَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳи мутаолро [барои худ дӯст ва] корсоз гирам? [Парвардигоре] Ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад ва худ рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «Ман фармон ёфтаам, ки нахустин касе [аз ин уммат] бошам, ки таслим [-и амри илоҳӣ] шудааст ва [Аллоҳ таоло бар ман фармон дод, ки]: “Ҳаргиз аз мушрикон набошам” info
التفاسير: |

external-link copy
15 : 6

قُلۡ إِنِّيٓ أَخَافُ إِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّي عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ

Бигӯ: «Агар ман аз [ҳукми] парвардигорам нофармонӣ кунам, бе тардид аз азоби рӯзи бузург метарсам» info
التفاسير: |

external-link copy
16 : 6

مَّن يُصۡرَفۡ عَنۡهُ يَوۡمَئِذٖ فَقَدۡ رَحِمَهُۥۚ وَذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡمُبِينُ

Ҳар ки дар он рӯз ба вай азоб нарасад, ҳатман, [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кардааст ва ин ҳамон пирӯзии ошкор аст info
التفاسير: |

external-link copy
17 : 6

وَإِن يَمۡسَسۡكَ ٱللَّهُ بِضُرّٖ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَۖ وَإِن يَمۡسَسۡكَ بِخَيۡرٖ فَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

[Эй инсон] Агар Аллоҳ таоло [бихоҳад] зиёне ба ту расонад, ҳеҷ касе ҷуз Ӯ бартарафкунандаи он нест; ва агар [ирода кунад, ки] хайре ба ту расонад, [касе боздорандаи он нест] пас, Ӯ бар ҳама чиз тавоност info
التفاسير: |

external-link copy
18 : 6

وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡخَبِيرُ

Ва Ӯст, ки бар бандагони худ чира [ва мусаллат] аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст info
التفاسير: |

Анъом