Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: យូសុហ្វ   អាយ៉ាត់:
فَلَمَّا سَمِعَتۡ بِمَكۡرِهِنَّ أَرۡسَلَتۡ إِلَيۡهِنَّ وَأَعۡتَدَتۡ لَهُنَّ مُتَّكَـٔٗا وَءَاتَتۡ كُلَّ وَٰحِدَةٖ مِّنۡهُنَّ سِكِّينٗا وَقَالَتِ ٱخۡرُجۡ عَلَيۡهِنَّۖ فَلَمَّا رَأَيۡنَهُۥٓ أَكۡبَرۡنَهُۥ وَقَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّ وَقُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا هَٰذَا بَشَرًا إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا مَلَكٞ كَرِيمٞ
31. Пас, чун зани Азиз ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва барои пӯст кардани мева ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун Юсуфро диданд, бузургаш шумурданд ва аз ҳусну ҷамоли ӯ дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»[1140]
[1140] Тафсири Бағавӣ 4\237
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَتۡ فَذَٰلِكُنَّ ٱلَّذِي لُمۡتُنَّنِي فِيهِۖ وَلَقَدۡ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ فَٱسۡتَعۡصَمَۖ وَلَئِن لَّمۡ يَفۡعَلۡ مَآ ءَامُرُهُۥ لَيُسۡجَنَنَّ وَلَيَكُونٗا مِّنَ ٱلصَّٰغِرِينَ
32. Зани Азиз гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби дӯст доштани ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман ӯро ба худ хондаам ва ӯ хештанро нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». Пас Юсуф бар худ зиндонро ихтиёр кард[1141].
[1141] Тафсири Бағавӣ 4\238
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ رَبِّ ٱلسِّجۡنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدۡعُونَنِيٓ إِلَيۡهِۖ وَإِلَّا تَصۡرِفۡ عَنِّي كَيۡدَهُنَّ أَصۡبُ إِلَيۡهِنَّ وَأَكُن مِّنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
33. Гуфт Юсуф паноҳҷуёна аз шарри занон: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон маҳбубтар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَٱسۡتَجَابَ لَهُۥ رَبُّهُۥ فَصَرَفَ عَنۡهُ كَيۡدَهُنَّۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
34. Пас, Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Аллоҳ ба дуъои Юсуф ва дуъои ҳар як дуъокунанда шунаво аст ва ба он чи ки Юсуф ва ҷамиъи бандагонаш ба он эҳтиёҷ доранд ва барояшон шоиста аст, доност![1142]
[1142] Тафсири Табарӣ 16\90
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا رَأَوُاْ ٱلۡأٓيَٰتِ لَيَسۡجُنُنَّهُۥ حَتَّىٰ حِينٖ
35. Пас бо он нишонаҳо[1143], ки бар Азиз ва ҷамоъаташ зоҳир шуд, тасмим гирифтанд, ки барои дафъи овозаи мардум муддати номаълуме ба зиндонаш бияфкананд.[1144]
[1143] Яъне, куртаи Юсуф аз пушт дарида шуда буд.
[1144] Тафсири Табарӣ 16\92
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَدَخَلَ مَعَهُ ٱلسِّجۡنَ فَتَيَانِۖ قَالَ أَحَدُهُمَآ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَعۡصِرُ خَمۡرٗاۖ وَقَالَ ٱلۡأٓخَرُ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَحۡمِلُ فَوۡقَ رَأۡسِي خُبۡزٗا تَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِنۡهُۖ نَبِّئۡنَا بِتَأۡوِيلِهِۦٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ.[1145]
[1145] Тафсири Бағавӣ 4\241
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامٞ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
37. Гуфт (Юсуф): « Ба шумо ҳеҷ навъ таъоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.[1146]
[1146] Тафсири Бағавӣ 4\241
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: យូសុហ្វ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ