Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍   អាយ៉ាត់:
وَتَحۡمِلُ أَثۡقَالَكُمۡ إِلَىٰ بَلَدٖ لَّمۡ تَكُونُواْ بَٰلِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ ٱلۡأَنفُسِۚ إِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ
7. Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи бисёре ба онҳо натавонед расид, ба худ бардошта мебаранд. Ҳамоно Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст![1333]
[1333] Тафсири Бағавӣ 5\9
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلۡخَيۡلَ وَٱلۡبِغَالَ وَٱلۡحَمِيرَ لِتَرۡكَبُوهَا وَزِينَةٗۚ وَيَخۡلُقُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
8. Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зиннати шумо бошанд. Ва Аллоҳ чизҳоеро меофарад, ки шумо намедонед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَعَلَى ٱللَّهِ قَصۡدُ ٱلسَّبِيلِ وَمِنۡهَا جَآئِرٞۚ وَلَوۡ شَآءَ لَهَدَىٰكُمۡ أَجۡمَعِينَ
9. ҳидояти мардум бар Аллоҳ аст, ки роҳи ростро бинамояд роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад ва он Ислом аст. Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ ҳаст, ки ба хайр ё ҳақ намерасад ва он роҳи тамоми миллатҳои куфр аст. Агар Аллоҳмехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.[1334]
[1334] Тафсири Бағавӣ 5\11
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗۖ لَّكُم مِّنۡهُ شَرَابٞ وَمِنۡهُ شَجَرٞ فِيهِ تُسِيمُونَ
10. Ӯ зоте аст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يُنۢبِتُ لَكُم بِهِ ٱلزَّرۡعَ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلنَّخِيلَ وَٱلۡأَعۡنَٰبَ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
11. Ва бо он борон бароятон киштзор ва зайтуну хурмоҳо ва ангур ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин боридани борон ва рӯёнидани гиёҳ ибратест барои мардуме, ки меандешанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ وَٱلنُّجُومُ مُسَخَّرَٰتُۢ بِأَمۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
12. Ва мусаххару тобеъи шумо кард шабро барои роҳати шумо ва рӯзро барои дарёфти зиндагиатон ва хуршедро бароятон равшан сохт ва моҳро бароятон партави нур гардонд ва ситорагон ҳама дар осмон фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Албатта дар ин кори офаридан ва мутеъ сохтан, ки хирадмандон меандешанд, ибратҳост.[1335]
[1335] Тафсири Саъдӣ 1\437
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا ذَرَأَ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَذَّكَّرُونَ
13.Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид аз чорпоён, дарахтҳо ва меваҳо [1336], ҳамоно дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!
[1336] Тафсири Табарӣ 17\180
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَهُوَ ٱلَّذِي سَخَّرَ ٱلۡبَحۡرَ لِتَأۡكُلُواْ مِنۡهُ لَحۡمٗا طَرِيّٗا وَتَسۡتَخۡرِجُواْ مِنۡهُ حِلۡيَةٗ تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
14. Ӯст, ки дарёро мусаххар сохтааст, то аз он гӯшти моҳие, ки сайд мекунед тоза бихӯред ва зеварҳое аз луълӯву марҷон берун оред ва хештанро бо он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд ва меоянд ва саворашон мешавед , то аз фазли Аллоҳ рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед бар он неъмати бузурге, ки ба шумо арзонӣ кард, пас ғайри Ӯро ибодат макунед![1337]
[1337] Тафсири Табарӣ 17\182
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ