Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាស់សាជដះ   អាយ៉ាត់:

Саҷда

الٓمٓ
1.Алиф, Лом, Мим. (Зикр дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара рафтааст).
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
2.Нозил шудани ин китоби Қуръон, ки ҳеҷ шакке дар он нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۚ بَلۡ هُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ
3. Оё мушрикон мегӯянд: Муҳаммад онро ба дурӯғ бофтааст? На, онҳо дурӯғ мегӯянд, балки Қуръон суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат барои ту нозил шудааст, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, битарсонӣ. Шояд аз гумроҳиашон наҷот ёбанд ва ба роҳи ҳидоят афтанд.[2013]
[2013] Тафсири Саъдӣ 1\653
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ مَا لَكُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِيّٖ وَلَا شَفِيعٍۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ
4. Аллоҳ зотест, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш истиво ёфт[2014]. Шуморо ғайрӣӮ дӯст ё шафоаткунандае нест. Оё панд намегиред?
[2014] Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ثُمَّ يَعۡرُجُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥٓ أَلۡفَ سَنَةٖ مِّمَّا تَعُدُّونَ
5. Кори ҷаҳони ҳастиро аз осмон то замин тадбир менамояд. Сипас он корҳо дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки дар ин дунё мешуморед, ба сӯи Ӯ боло мераванд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ذَٰلِكَ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
6. Аллоҳ, ки донои пинҳону ошкор аст ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ғолибу меҳрубон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥۖ وَبَدَأَ خَلۡقَ ٱلۡإِنسَٰنِ مِن طِينٖ
7.Он Зоте, ки ҳар чиро офарид ба некӯтарин сурат офарид ва офариниши одамро аз гил оғоз кард. (Ҳамоно он, Одам алайҳиссалом аст).
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ جَعَلَ نَسۡلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
8. Сипас насли ӯро аз қатраи оби пасту ночиз офарид.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦۖ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ
9. Он гоҳ аъзои шакли ӯро рост кард ва пурра гардонид ва офариниши ӯро бисёр зебо ва некӯ намуд ва аз РӯҳиХуд ба воситаи малоика дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо сохт, то байни овозу рангҳоро ҷудо кунед ва дилҳо офарид, то ба ақли хеш байни неку бад ва фоидаву зарарро дарк намоед. Чӣ андак шумо шукр мегӯед![2015]
[2015] Тафсири Табарӣ 20\173
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالُوٓاْ أَءِذَا ضَلَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ أَءِنَّا لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدِۭۚ بَلۡ هُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمۡ كَٰفِرُونَ
10. Ва мушрикон гуфтанд: Оё вақте ки дар замин бо гӯшту устухонамон несту нобуд шавем, оё бори дигар дар офариниши нав хоҳем буд? Балки онҳо ба дидори Парвардигорашон имон надоранд!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ قُلۡ يَتَوَفَّىٰكُم مَّلَكُ ٱلۡمَوۡتِ ٱلَّذِي وُكِّلَ بِكُمۡ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ تُرۡجَعُونَ
11. Бигӯ эй Расул: Фариштаи марг (Малакулмавт), ки бар шумо муваккал (вазифадор карда шудааст), ҷонатонро мегирад ва лаҳзае таъхир намекунад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед ва он гоҳ шуморо. тибқи амалҳоятон подош ва ҷазо хоҳад дод[2016].
[2016] Тафсири Саъдӣ 1\654
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាស់សាជដះ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ