Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ម៉ាអ៊ីដះ   អាយ៉ាត់:
۞ يَوۡمَ يَجۡمَعُ ٱللَّهُ ٱلرُّسُلَ فَيَقُولُ مَاذَآ أُجِبۡتُمۡۖ قَالُواْ لَا عِلۡمَ لَنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ عَلَّٰمُ ٱلۡغُيُوبِ
109. Рўзе, ки Аллоҳ паёмбаронро гирд оварад, пас бипурсад, ки даъвати шуморо ба суи тавҳид умматҳоятон чӣ гуна ҷавоб доданд? Гўянд: «Моро ҳеҷ донише нест»[517]. Ҳамоно Ту ҳамаи умури пинҳон ва ошкорро медонӣ.
[517] Яъне мо намедонем дар синаи мардум чи аст ва баъд аз мо чи корҳое кардаанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱذۡكُرۡ نِعۡمَتِي عَلَيۡكَ وَعَلَىٰ وَٰلِدَتِكَ إِذۡ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِ تُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِي ٱلۡمَهۡدِ وَكَهۡلٗاۖ وَإِذۡ عَلَّمۡتُكَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَۖ وَإِذۡ تَخۡلُقُ مِنَ ٱلطِّينِ كَهَيۡـَٔةِ ٱلطَّيۡرِ بِإِذۡنِي فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيۡرَۢا بِإِذۡنِيۖ وَتُبۡرِئُ ٱلۡأَكۡمَهَ وَٱلۡأَبۡرَصَ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡ تُخۡرِجُ ٱلۡمَوۡتَىٰ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡ كَفَفۡتُ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ عَنكَ إِذۡ جِئۡتَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
110. Он гоҳ ки Парвардигор рўзи қиёмат ба Исо писари Марям гӯяд: “Эй Исо! Ба ёд овар неъмати маро, ки бар ту ва модарат арзонӣ доштам ва туро бе падар офаридам ва модаратро бар тамоми занҳои олам баргузидам ва аз тўҳмат ўро пок сохтам. Ва аз неъматҳое, ки Парвардигор ба Исо арзонӣ кард; ба воситаи Ҷабраил ўро қувват бахшид ва ёрӣ кард, дар гаҳвора бо мардум сухан мегуфт ва дар миёнсолӣ онҳоро ба сўи Аллоҳ даъват менамуд. Ва аз он неъматҳо; Парвардигор бе воситаи муаллим ба ў таълими навиштанро омўзонд ва қуввати фаҳм ва идрокро барояш ато кард ва таълим дод ба ў Тавротро, ки бар Мўсо алайҳиссалом фуруд овард ва Инҷилро, ки барои ҳидояти мардум барояш фуруд овард. Ва аз он неъматҳо, ки ба дастури Парвардигор аз гил чизе ба шакли парранда месохт ва дар он медамид, пас ба фармони Аллоҳ парранда мешуд. Ва кўри модарзод ва фарди мубтало ба бемории песиро ба изни Аллоҳ шифо медод. Ва аз он неъматҳо, ки мурдагонро ба фармони Аллоҳ аз қабр зинда берун меовард. Ва ҳамаи ин ба хост ва изни Парвардигор буд. Ва ин мўъҷизаҳо ҳама далолат бар паёмбарии Исо алайҳиссалом мекунад. Пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: “Он чи ки Исо аз далелҳое, ки овард, ҷодуи ошкоро аст”.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ أَوۡحَيۡتُ إِلَى ٱلۡحَوَارِيِّـۧنَ أَنۡ ءَامِنُواْ بِي وَبِرَسُولِي قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَٱشۡهَدۡ بِأَنَّنَا مُسۡلِمُونَ
111. Ба ёд овар неъмати Маро, ки ба ту арзонӣ намудам, он гоҳ ки пайравон ва ёваронеро барои ту фароҳам намудам. Пас ба ҳавориён илҳом кардам ва дилоҳояшонро барои имон овардан ба Ман ва паёмбарам омода сохтам ва бар забони ту ба сўи онҳо ваҳй кардам. Пас онро иҷобат намуда ва таслими фармони Ман шуданд ва гуфтанд: Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо мусалмонем.[518]
[518] Тафсири Саъдӣ 1\ 248
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِذۡ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ هَلۡ يَسۡتَطِيعُ رَبُّكَ أَن يُنَزِّلَ عَلَيۡنَا مَآئِدَةٗ مِّنَ ٱلسَّمَآءِۖ قَالَ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
112. Ва ба ёд овар, он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд : Эй Исо писари Марям! Оё Парвардигорат метавонад аз осмон дастархони пур аз таъом бар мо нозил кунад? Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالُواْ نُرِيدُ أَن نَّأۡكُلَ مِنۡهَا وَتَطۡمَئِنَّ قُلُوبُنَا وَنَعۡلَمَ أَن قَدۡ صَدَقۡتَنَا وَنَكُونَ عَلَيۡهَا مِنَ ٱلشَّٰهِدِينَ
113. Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихўрем, то дилҳоямон ба василаи имон ором гирад ва бо мушоҳидаи нишонаҳо ва мўъҷизоти ошкор имон ва боварии мо ба ҳақиқат табдил гардад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ម៉ាអ៊ីដះ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ