Check out the new design

ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ * - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ


ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಮರ್ಯಮ್   ಶ್ಲೋಕ:

Марям

كٓهيعٓصٓ
1. Коф, Ҳо, Ё,Ъайн, Сод.[1542]
[1542] Тафсири ҳарфҳои муқатъа дар сураи Бақара гузашт.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
ذِكۡرُ رَحۡمَتِ رَبِّكَ عَبۡدَهُۥ زَكَرِيَّآ
2. Ин аст баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандааш Закариё алайҳиссалом, ки онро ба ту қисса мекунем, то ки панд гиранд пандгирандаҳо.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ نِدَآءً خَفِيّٗا
3. Он гоҳ, ки Парвардигорашро оҳиста ва ором нидо кард.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قَالَ رَبِّ إِنِّي وَهَنَ ٱلۡعَظۡمُ مِنِّي وَٱشۡتَعَلَ ٱلرَّأۡسُ شَيۡبٗا وَلَمۡ أَكُنۢ بِدُعَآئِكَ رَبِّ شَقِيّٗا
4. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва нишонаҳои пирӣ сарамро фаро гирифтааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, ноумед набудаам.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَإِنِّي خِفۡتُ ٱلۡمَوَٰلِيَ مِن وَرَآءِي وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا فَهَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ وَلِيّٗا
5. Ва ҳамоно ман пас аз марги хеш аз хешовандонам метарсам, ки дини туро зоеъ кунанд ва ҳамсарам таваллуд намекунад . Пас маро аз ҷониби Худ фарзанде (меросбаре) ато кун,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنۡ ءَالِ يَعۡقُوبَۖ وَٱجۡعَلۡهُ رَبِّ رَضِيّٗا
6. ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандидаи Худат ва бандагонат гардон.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
يَٰزَكَرِيَّآ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ ٱسۡمُهُۥ يَحۡيَىٰ لَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ مِن قَبۡلُ سَمِيّٗا
7. «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем».
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا وَقَدۡ بَلَغۡتُ مِنَ ٱلۡكِبَرِ عِتِيّٗا
8.Гуфт Закариё: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам таваллуд намекунад ва ҳамоно ман худ дар пирӣ ба нотавонӣ расидаам?».
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞ وَقَدۡ خَلَقۡتُكَ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ تَكُ شَيۡـٔٗا
9.Фармуд: ҳамин гуна аст. «Парвардигори ту гуфтааст: «Ин кор барои Ман осон аст ва ба ростӣ туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ ва вуҷуд ҳам надоштӣ, биёфаридаам»[1543]
[1543]Тафсири Саъдӣ 1/ 490
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَ لَيَالٖ سَوِيّٗا
10Гуфт Закариё: «Эй Парвардигори ман, ба ман аломату нишонеро бинамой»[1544]. Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум сухан натавонӣ гуфт, дар ҳоле, ки тансиҳат ва солим ҳастӣ ( яъне дар ҳоле, ки на гунг ҳастиву на кар)[1545] ».
[1544]То дилам қарор гирад. Тафсири Саъдӣ 1/ 490 [1545] Тафсири Табарӣ 18/151
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ مِنَ ٱلۡمِحۡرَابِ فَأَوۡحَىٰٓ إِلَيۡهِمۡ أَن سَبِّحُواْ بُكۡرَةٗ وَعَشِيّٗا
11. Пас Закариё аз меҳроби ибодат ба миёни қавми худ баромад ва ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
 
ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಮರ್ಯಮ್
ಅಧ್ಯಾಯಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ
 
ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ

ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರದ ಮೇಲ್ವಿಚಾರಣೆಯಲ್ಲಿ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಪಡಿಸಲಾಗಿದೆ. ಅಭಿಪ್ರಾಯ, ಮೌಲ್ಯಮಾಪನ ಮತ್ತು ನಿರಂತರ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಗಾಗಿ ಮೂಲ ಅನುವಾದವು ಪರಿಶೀಲನೆಗೆ ಲಭ್ಯವಿದೆ.

ಮುಚ್ಚಿ