Check out the new design

ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ * - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ


ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಸಬಅ್   ಶ್ಲೋಕ:
قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ لِلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُوٓاْ أَنَحۡنُ صَدَدۡنَٰكُمۡ عَنِ ٱلۡهُدَىٰ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَكُمۖ بَلۡ كُنتُم مُّجۡرِمِينَ
32. Қудратмандон ба нотавонон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят фаро хонданд, мо шуморо боздоштем? На, балки шумо худ гунаҳкор будед, зеро бо ихтиёри худ куфрро пазируфтед!»
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ بَلۡ مَكۡرُ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ إِذۡ تَأۡمُرُونَنَآ أَن نَّكۡفُرَ بِٱللَّهِ وَنَجۡعَلَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۚ وَجَعَلۡنَا ٱلۡأَغۡلَٰلَ فِيٓ أَعۡنَاقِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ هَلۡ يُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
33. Нотавонон ба қудратмандон гӯянд: «На, балки шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Аллоҳи барҳақ кофир шавем ва барои Ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, ҳар ду гурӯҳ дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо ғулҳоро (тавқҳои азобро) бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари аъмолашон ҷазо дода мешаванд?[2114]
[2114] Ин оят далел аст барои мӯъминон, ки аз пайравии доъиёни гумроҳ ва саркаш дар ҳазар бошанд.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتۡرَفُوهَآ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ
34. Мо ҳеҷ бимдиҳандае ба деҳае нафиристодем, ҷуз он ки тавонгарони он бо айшу ишраташ гуфтанд: «Эй паёмбарон!, бегумон мо ба он чи шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَقَالُواْ نَحۡنُ أَكۡثَرُ أَمۡوَٰلٗا وَأَوۡلَٰدٗا وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ
35. Ва гуфтанд: «Амволу авлоди мо аз ҳама бештар аст ва Аллоҳ барои мо аз ризогии худ ато намудааст, касе моро дар дунёву охират азоб накунад».[2115]
[2115] Тафсири Бағавӣ 6\401
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
36. Бигӯ эй Расул барояшон: «Парвардигори ман ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, дар дунё фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Ва ин аз барои имтиҳон аст, на барои дустӣ ва на бадбинӣ. Вале бештари мардум намедонанд».[2116]
[2116] Тафсири Табарӣ 20\410
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُم بِٱلَّتِي تُقَرِّبُكُمۡ عِندَنَا زُلۡفَىٰٓ إِلَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ جَزَآءُ ٱلضِّعۡفِ بِمَا عَمِلُواْ وَهُمۡ فِي ٱلۡغُرُفَٰتِ ءَامِنُونَ
37. Амволу авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки подоши инҳо ба сабаби аъмолашон чанд баробар аст[2117] ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд.
[2117] Яъне, подоши онҳо аз даҳ то ҳафсад ва бештар аз он дода мешавад, ки андозаи онро ба ҷуз Аллоҳ касе надонад
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَٱلَّذِينَ يَسۡعَوۡنَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ
38. Касоне, ки муборизакунон дар инкори оёти Мо талош мекунанд ва мепиндоранд, ки аз Мо гурезанд, онҳо дар азоб ҳозир карда мешаванд.[2118]
[2118] Тафсири Бағавӣ 6\402
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥۚ وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَهُوَ يُخۡلِفُهُۥۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ
39. Бигӯ эй Расул барои фирефташудагон ба молу фарзанд: «Парвардигори ман ба ҳикмату дониши худ ризқи ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро дар охират хоҳад дод ва Ӯ таъоло беҳтарини ризқдиҳандагон аст!
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
 
ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಸಬಅ್
ಅಧ್ಯಾಯಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ
 
ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ

ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರದ ಮೇಲ್ವಿಚಾರಣೆಯಲ್ಲಿ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಪಡಿಸಲಾಗಿದೆ. ಅಭಿಪ್ರಾಯ, ಮೌಲ್ಯಮಾಪನ ಮತ್ತು ನಿರಂತರ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಗಾಗಿ ಮೂಲ ಅನುವಾದವು ಪರಿಶೀಲನೆಗೆ ಲಭ್ಯವಿದೆ.

ಮುಚ್ಚಿ