Check out the new design

ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ * - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ


ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಅನ್ನಿಸಾಅ್   ಶ್ಲೋಕ:
۞ إِنَّآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ كَمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ نُوحٖ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَعِيسَىٰ وَأَيُّوبَ وَيُونُسَ وَهَٰرُونَ وَسُلَيۡمَٰنَۚ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورٗا
163. Мо ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй фиристодем, ҳамчунон ки ба Нўҳ ва паёмбарони баъд аз ў ваҳй фиристодем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон (алайҳимуссалом) ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забурро додем.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا
164. Ва паёмбароне, ки пеш аз ин қиссаҳояшонро барои ту гуфтаем дар Қуръон ва он, ки қиссаҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳиссалом) сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا
165. Паёмбароне, ки муждадиҳанда[416]ва тарсонанда[417] буданд, то баъд аз паёмбарон далел ва ҳуҷҷате барои мардум бар Аллоҳ боқӣ намонад. Ва Аллоҳ ғолиб аст дар мулкаш ва дар тадбираш бо ҳикмат аст.
[416](Мўъминонро ба хушбахтии дунёву охират)
[417](Кофиронро ба бадбахтии дунёву охират)
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
لَّٰكِنِ ٱللَّهُ يَشۡهَدُ بِمَآ أَنزَلَ إِلَيۡكَۖ أَنزَلَهُۥ بِعِلۡمِهِۦۖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَشۡهَدُونَۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدًا
166. Вале Аллоҳ ба он чи бар ту нозил кардааст (Қуръонро), шаҳодат медиҳад, ки онро ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд (ба ҳақ будани Қуръон) ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад.[418]
[418] Тафсири Саъдӣ 1/ 215
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ قَدۡ ضَلُّواْ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا
167. Ҳамоно касоне, ки инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд.[419] @ಸರಿಪಡಿಸಲಾದ
167. Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд (инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро) ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд. (1)
[419] Тафсири Бағавӣ 2/ 312
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَظَلَمُواْ لَمۡ يَكُنِ ٱللَّهُ لِيَغۡفِرَ لَهُمۡ وَلَا لِيَهۡدِيَهُمۡ طَرِيقًا
168. Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз Аллоҳ намеомӯрзад ононро ва нишон надиҳад ба онон роҳи ҳақро,
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا
169. магар роҳи дўзах, ки дар он ҳамеша ҷовидонанд! Ва ин кор ба Аллоҳ осон аст.
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُمُ ٱلرَّسُولُ بِٱلۡحَقِّ مِن رَّبِّكُمۡ فَـَٔامِنُواْ خَيۡرٗا لَّكُمۡۚ وَإِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا
170. Эй мардум! Ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ў имон биёваред ва ўро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад. Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст![420]
[420] Тафсири Табарӣ 9/ 412
ಅರಬ್ಬಿ ವ್ಯಾಖ್ಯಾನಗಳು:
 
ಅರ್ಥಗಳ ಅನುವಾದ ಅಧ್ಯಾಯ: ಅನ್ನಿಸಾಅ್
ಅಧ್ಯಾಯಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ
 
ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ - ಅನುವಾದಗಳ ವಿಷಯಸೂಚಿ

ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್ ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರದ ಮೇಲ್ವಿಚಾರಣೆಯಲ್ಲಿ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಪಡಿಸಲಾಗಿದೆ. ಅಭಿಪ್ರಾಯ, ಮೌಲ್ಯಮಾಪನ ಮತ್ತು ನಿರಂತರ ಅಭಿವೃದ್ಧಿಗಾಗಿ ಮೂಲ ಅನುವಾದವು ಪರಿಶೀಲನೆಗೆ ಲಭ್ಯವಿದೆ.

ಮುಚ್ಚಿ