1. Алиф, Лом, Ро.[1032]ин қуръон китобест, аз ҷониби Аллоҳ, нозил шудааст бар бандааш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки оятҳояш устувор аз ҳар гуна нақсу камбудиҳо, сипас возеҳу равшан карда шудааст бо амру наҳй ва баён карда шудааст бо ҳалолу ҳаром ва савобу азоб; аз ҷониби Аллоҳи ҳакиме, ки корҳояш аз рӯи кордонӣ аст ва аз оқибати онҳо огоҳ аст.[1033]
3. Ва низ аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо то муддати муайяне аз ризқе некӯ, бархурдор гардонад. Ва дар охират баробари адлу доди хеш ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар аз имон ба Аллоҳ ва тоъату ибодати Ӯ рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург, ки рӯзи қиёмат аст, бимнокам.[1035]
8. Ва агар муддати муайяне аз мушрикон азобашонро боздорем, масхаракунон мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд, ононро он азоб аз ҳар тараф дар бар хоҳад гирифт .[1039]
12. Мабодо, баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту эй Расул ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: Чаро ганҷе (моли бисёре) бар ӯ фурӯ фиристода намешавад?[1041] Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд? Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Аллоҳ аст, ки корсози ҳар чизест.
[1041] Ин гуфторашон аз рӯи зулм ва ҷаҳолаташон аст; ту бар амри Парвардигорат устувор бош ва ин гуфторҳо туро бознадоранд ва дилтанг машав! Тафсири Саъдӣ 1\378
13. Ё он ки мегӯянд ин мушрикони аҳли Макка, ки Муҳаммад аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбаташ мекунад. Бигӯ барояшон: Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта биёваред.
17. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст).[1044]
23. Касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
32. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар ту дар даъвои худ рост мегӯӣ, ҳар ваъдае аз азоб, ки ба мо додаӣ, биёвар!»
36. Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош, ки Ман онҳоро ҳалоккунандаам ва туро аз онҳо наҷотдиҳандаам.[1056]
40. Чун фармони Мо ба ҳалоки онҳо даррасид ва танӯр[1061]ҷӯшид, гуфтем: Аз ҳар ҷинсе ду тан (нару мода) ва низ хонадони худро дар киштӣ савор кун, ғайри он касе[1062], ки фармони ҳалоки онҳо пеш содир шудааст ва низ ҳамроҳ гир онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд.[1063]
[1061]Танӯри пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он далолат бар омадани азоб мекунад [1062] Яъне, касе, ки ба Аллоҳ имон наовардаст монанди ҳамсараш ва яке аз писаронаш [1063] Тафсири Бағавӣ 4\176
44. Ва гуфта шуд: Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, аз боридан бозист. Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудий қарор гирифт ва нидо омад аз ҷониби Аллоҳ, ки ҳалокат бод бар мардуми ситамкор!
47. Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он, ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмӯрзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд.
48. Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фурӯд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират[1066].
49. Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ, ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст![1067]
51. Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?[1069]
52. Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед, он гоҳ ба сӯи Ӯ бо тавба бозгардед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон аз даъвати ман рӯй барматобед!
56. Ман бар Аллоҳи якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ва ҳеҷ чизе намерасад маро, магар ба амри Ӯ ва бар ҳама чиз Ӯ тавоност. Ҳеҷҷунбандае, нест бар рӯи замин, магар Аллоҳ молики ӯст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (яъне, дар қазо ва шариъат ва амраш одил аст, некӯкорро бо некӯияш ва бадкорро бо бадиаш ҷазо медиҳад)![1072]
59. Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд.
65. Пас Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.
82. Пас чун фармони Мо бар ҳалоки онҳо фаро расид, он деҳаро зеру забар кардем (яъне чаппа намудем) ва бар он деҳа бо бороне аз санггилҳо пай дар пай онҳоро сангборон кардем,
86. Агар имон дошта бошед, он чӣ Аллоҳ аз моли ҳалоли худ боқӣ мегузорад ба сабаби вафо карданатон бар паймонаву тарозу бароятон беҳтар аст аз ҳаром ва камбудиҳое, ки аз тарозу мезанед. Ва ман бар шумо нигаҳбоннестам.[1093]
92. Гуфт (Шуъайб): Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Аллоҳи барҳақ болотару гиромитар аст? Оё Аллоҳро пушти сар қарор медиҳед ва аз Ӯ наметарсед ва қудрат ва иззати Вайробузург намедоред? Ва ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, онро иҳота дорад. Ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад![1097]
95. чунон ки гӯӣ ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки дурӣ аз раҳмати Аллоҳ ва ҳалок бар қавми Самуд шуд!
103. Албатта, дар қисса ва ахбори гузаштагон барои касоне, ки аз азоби охират метарсанд, ибратест. Он рӯз рӯзест, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро аз аввалин то охирин дар он ҳозир оваранд![1104]
112. Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност.
116. Пас чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.[1114]
118. Ва агар хоста буд Парвардигори ту, мегардонд ҳамаи мардумонро як миллат (яъне, дар дини Ислом), лекин Аллоҳ инро нахост, барои ҳамин ҳамеша мардум дар дин мухталифанд; (ва дар ин ҳама ҳикматест),[1115]
120. Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят эй Паёмбар ҳикоят мекунем, то дили туро собиту ором гардонем. Ва дар ин сура бар ту сухани ҳақ (мурод аз сухани ҳақ қиссаҳоест, ки пештар дар ин сура зикр шудаанд) ва барои мӯъминон мавъизаву панд ва ёдоварӣ омадааст.[1117]
123. Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби[1118] осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар)Ӯробипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест ![1119]
[1118] Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст [1119] Тафсири Саъдӣ 1/ 392
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
ئەنجامەکانی گەڕان:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".