Check out the new design

وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير * - پێڕستی وه‌رگێڕاوه‌كان


وه‌رگێڕانی ماناكان سوره‌تی: هود   ئایه‌تی:
يَقۡدُمُ قَوۡمَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَأَوۡرَدَهُمُ ٱلنَّارَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡوِرۡدُ ٱلۡمَوۡرُودُ
98. Дар рӯзи қиёмат Фиръавн пешопеши қавми худ биёядва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро ҷойгоҳи баде аст![1100]
[1100] Тафсири ибни Касир 4/ 348
تەفسیرە عەرەبیەکان:
وَأُتۡبِعُواْ فِي هَٰذِهِۦ لَعۡنَةٗ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ بِئۡسَ ٱلرِّفۡدُ ٱلۡمَرۡفُودُ
99. Лаънати дунё ва охиратро аз ақиби азоб (яъне ғарқ шудан дар дарё) бар онҳо фиристода шуд ва чӣ бад атое (лаънат) ба онон дода шудааст![1101]
[1101] Тафсири Табарӣ 15 / 468
تەفسیرە عەرەبیەکان:
ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّهُۥ عَلَيۡكَۖ مِنۡهَا قَآئِمٞ وَحَصِيدٞ
100. Инҳо ахбори деҳаҳоест[1102], ки барои туэй Паёмбар ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе осори он ҳанӯз боқианд ва баъзе вайрон шуда нобуд шудаанд.
[1102] Деҳаҳое, ки гирифтори азоби Аллоҳ шуданд
تەفسیرە عەرەبیەکان:
وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡۖ فَمَآ أَغۡنَتۡ عَنۡهُمۡ ءَالِهَتُهُمُ ٱلَّتِي يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖ لَّمَّا جَآءَ أَمۡرُ رَبِّكَۖ وَمَا زَادُوهُمۡ غَيۡرَ تَتۡبِيبٖ
101. Мо ба онҳо ситам накардаем, балки худ ба ҷони худ ситам мекарданд, (яъне, ширк меоварданд). Ва чун амри Парвардигори ту барои ҳалоки онҳо фаро расид, маъбудоне, ки ба ҷои Аллоҳи барҳақ мепарастиданд, ҳеҷ ба ёриашон наомаданд ва ҷуз зиёнкорӣ ва ҳалокат чизе бар онон наяфзуданд.[1103]
[1103] Тафсири Бағавӣ 4/ 198
تەفسیرە عەرەبیەکان:
وَكَذَٰلِكَ أَخۡذُ رَبِّكَ إِذَآ أَخَذَ ٱلۡقُرَىٰ وَهِيَ ظَٰلِمَةٌۚ إِنَّ أَخۡذَهُۥٓ أَلِيمٞ شَدِيدٌ
102. Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳаҳои ситамкорро ба азоб кашад. Ба ростӣ, азоби Аллоҳ дарднок ва сахт аст.
تەفسیرە عەرەبیەکان:
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّمَنۡ خَافَ عَذَابَ ٱلۡأٓخِرَةِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّجۡمُوعٞ لَّهُ ٱلنَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّشۡهُودٞ
103. Албатта, дар қисса ва ахбори гузаштагон барои касоне, ки аз азоби охират метарсанд, ибратест. Он рӯз рӯзест, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро аз аввалин то охирин дар он ҳозир оваранд![1104]
[1104] Тафсири Табарӣ 15/ 477
تەفسیرە عەرەبیەکان:
وَمَا نُؤَخِّرُهُۥٓ إِلَّا لِأَجَلٖ مَّعۡدُودٖ
104. Ва ҷуз то андак муддати муайяне (омадани рӯзи қиёматро) ба таъхир намеандозем.
تەفسیرە عەرەبیەکان:
يَوۡمَ يَأۡتِ لَا تَكَلَّمُ نَفۡسٌ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ فَمِنۡهُمۡ شَقِيّٞ وَسَعِيدٞ
105. Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт.
تەفسیرە عەرەبیەکان:
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ شَقُواْ فَفِي ٱلنَّارِ لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَشَهِيقٌ
106. Аммо онон, ки бадбахт шудаанд, пас дар оташанд ва ононро дар он дӯзах нолаи зору фарёди сахте бувад, (яъне, монанди овози хар).[1105]
[1105] Тафсири Бағавӣ 4/ 200
تەفسیرە عەرەبیەکان:
خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۚ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ
107. Ҳамеша дар дузах ҷовидон хоҳанд монд, то осмонҳову замин боқӣ аст, магар он чи Парвардигорат бихоҳад[1106], албатта, Парвардигори ту эй Паёмбар ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад![1107]
[1106] Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро баъд аз муддате аз дузах берун орад
[1107] Тафсири Табарӣ 15/ 481
تەفسیرە عەرەبیەکان:
۞ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ سُعِدُواْ فَفِي ٱلۡجَنَّةِ خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۖ عَطَآءً غَيۡرَ مَجۡذُوذٖ
108. Ва аммо ононе, ки некбахт гардонида шудаанд, то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, ҳамеша дар биҳишт ҷовидон бимонанд; магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад[1108]. Атои Ӯ (неъматҳои ҷаннат) ҳеҷ қатъ намешавад.[1109]
[1108] Яъне, гунаҳкорони муваҳҳидро андак замон дар дузах нигоҳ дошта сипас ба ҷаннат дохилашон кунад
[1109] Тафсири Табарӣ 15/ 488
تەفسیرە عەرەبیەکان:
 
وه‌رگێڕانی ماناكان سوره‌تی: هود
پێڕستی سوره‌ته‌كان ژمارەی پەڕە
 
وه‌رگێڕانی ماناكانی قورئانی پیرۆز - وەرگێڕاوی تاجیکی - خوجه ميروف خوجه مير - پێڕستی وه‌رگێڕاوه‌كان

وەرگێڕان: خوجه ميروف خوجه مير. پەرەیپێدراوە بە سەرپەرشتیاری ناوەندی ڕوواد بۆ وەرگێڕان، پیشاندانی وەرگێڕاوە سەرەکیەکە لەبەردەستە بۆ ڕا دەربڕین لەسەری وهەڵسەنگاندنی وپێشنیارکردنی پەرەپێدانی بەردەوام.

داخستن