Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ബഖറഃ   ആയത്ത്:
إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Ба ростӣ дар офариниши осмонҳо ва замину гузари шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои баҳрабардории мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Аллоҳ таоло аз осмон нозил намудааст, ки бо он заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда карда ва анвои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва [ҳамчунин] дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмон ва замин ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادٗا يُحِبُّونَهُمۡ كَحُبِّ ٱللَّهِۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَشَدُّ حُبّٗا لِّلَّهِۗ وَلَوۡ يَرَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِذۡ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ أَنَّ ٱلۡقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعٗا وَأَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعَذَابِ
[Бо вуҷуди ин оёти равшан] бархе аз мардум ҳамтоёни ғайр аз Аллоҳро [барои парастиш] бармегузинанд ва онҳоро ҳамчун Аллоҳ таоло дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд ва онон, ки [бо ширку иртикоби гуноҳон] ситам карданд, ҳангоме ки азоби [қиёмат] – ро бубинанд, [хоҳанд донист], ки тамоми қудрат аз они Аллоҳ таоло аст ва ин ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِذۡ تَبَرَّأَ ٱلَّذِينَ ٱتُّبِعُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُواْ وَرَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَ وَتَقَطَّعَتۡ بِهِمُ ٱلۡأَسۡبَابُ
Он гоҳ, ки раҳбарон [-и гумроҳгар] аз пайравони худ безорӣ меҷӯянд ва азобро мебинанд ва асбоб [-у равобите, ки муҷиби наҷоташон мешуд, ҳамагӣ] гусаста мегардад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُواْ لَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَتَبَرَّأَ مِنۡهُمۡ كَمَا تَبَرَّءُواْ مِنَّاۗ كَذَٰلِكَ يُرِيهِمُ ٱللَّهُ أَعۡمَٰلَهُمۡ حَسَرَٰتٍ عَلَيۡهِمۡۖ وَمَا هُم بِخَٰرِجِينَ مِنَ ٱلنَّارِ
Ва [дар ин ҳангом] касоне, ки [дар дунё аз раҳбарони гумроҳгар] пайравӣ карда буданд, мегӯянд: "Кош барои мо бозгаште [ба дунё] буд, то ҳамон гуна, ки онон аз мо безорӣ ҷустанд, [мо низ] аз онҳо безорӣ ҷӯем. Аллоҳ таоло чунин рафтори эшонро, ки мояи ҳасраташон аст, ба онҳо нишон медиҳад ва ҳаргиз аз оташи [дӯзах] берун нахоҳанд омад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ حَلَٰلٗا طَيِّبٗا وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٌ
Эй мардум, аз он чи дар замин аст ҳалолу покиза бихӯред ва аз [роҳҳо ва] гомҳои шайтон [ки ба василаи онҳо ба тадриҷ шуморо ба сӯйи азоб мекашад], пайравӣ накунед, ки ба ростӣ ӯ душмани ошкори шумост
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّمَا يَأۡمُرُكُم بِٱلسُّوٓءِ وَٱلۡفَحۡشَآءِ وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
[Ӯ] Шуморо фақат ба бадӣ ва зиштӣ фармон медиҳад ва [бар он медорад, то] он чиро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ബഖറഃ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

റബ്‌വ ഇസ്‌ലാമിക് ദഅ്വാ ആൻഡ് ഗൈഡൻസ് സെൻററിൻ്റെയും കോൺടെന്റ് ഇൻ ലാംഗ്വേജസ് സർവീസ് അസോസിയേഷൻ്റെയും സഹകരണത്തോടെ മർകസ് റുവാദ് തർജമ വിഭാഗം വിവർത്തനം ചെയ്തത്.

അടക്കുക