Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ബഖറഃ   ആയത്ത്:
سَلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ كَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّنۡ ءَايَةِۭ بَيِّنَةٖۗ وَمَن يُبَدِّلۡ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
[Эй паёмбар], аз Бани Исроил бипурс, [ки] чӣ андоза нишонаҳои ошкор ба онҳо додаем; ва касе, ки неъмати Аллоҳро пас аз он ки насибаш шуд, [ба куфру носипосӣ] табдил кунад, [азоби сахте хоҳад дошт ва бояд бидонад, ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ
Зиндагии дунё барои кофирон ороста шудааст ва муъминонро масхара мекунанд, ҳол он ки парҳезкорон дар рӯзи қиёмат болотар аз онон ҳастанд; [зеро дар биҳишт ҷовидонанд] ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَمَا ٱخۡتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ مِنَ ٱلۡحَقِّ بِإِذۡنِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٍ
[Дар оғоз] мардум як уммат буданд [аммо дар амри дин ихтилоф карданд]; он гоҳ Аллоҳ таоло паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда барангехт ва ҳамроҳ бо онон китоб [-и осмонӣ]-ро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар он чи ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд; ва фақат касоне, ки Таврот] ба онон дода шуда буд – пас аз он ки нишонаҳои равшан ба онҳо расид – ба хотири ситам ва ҳасодате, ки байнашон буд, дар мавриди он ихтилоф карданд; пас, Аллоҳ таоло ба фармони хеш касонеро, ки имон оварда буданд, ба ҳақиқате, ки дар он ихтилоф доштанд, ҳидоят намуд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَأۡتِكُم مَّثَلُ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِكُمۖ مَّسَّتۡهُمُ ٱلۡبَأۡسَآءُ وَٱلضَّرَّآءُ وَزُلۡزِلُواْ حَتَّىٰ يَقُولَ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ مَتَىٰ نَصۡرُ ٱللَّهِۗ أَلَآ إِنَّ نَصۡرَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ
[Эй муъминон] Оё пиндоштаед, ки вориди биҳишт мешавед, ҳол он ки ҳанӯз монанди он чи бар [сари] пешиниёни шумо омад, бар [сари] шумо наомадааст? Душворӣ ва зиён ба эшон расид ва [он чунон сахтӣ кашиданд ва] ба ларза афтоданд, ки паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, гуфтанд: "Ёрии Аллоҳ таоло кай фаро хоҳад расид"? Огоҳ бошед! Бе тардид ёрии Аллоҳ таоло наздик аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلۡ مَآ أَنفَقۡتُم مِّنۡ خَيۡرٖ فَلِلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ
[Эй паёмбар, ёронат] Аз ту мепурсанд, чи чизе инфоқ кунанд, бигӯ: "Ҳар моле, ки инфоқ кардед, барои падару модару наздикон ва ятимону тиҳидастон ва дарроҳмондагон аст ва ҳар кори неке, ки анҷом диҳед, Аллоҳ таоло ба он доност"
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ബഖറഃ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

റബ്‌വ ഇസ്‌ലാമിക് ദഅ്വാ ആൻഡ് ഗൈഡൻസ് സെൻററിൻ്റെയും കോൺടെന്റ് ഇൻ ലാംഗ്വേജസ് സർവീസ് അസോസിയേഷൻ്റെയും സഹകരണത്തോടെ മർകസ് റുവാദ് തർജമ വിഭാഗം വിവർത്തനം ചെയ്തത്.

അടക്കുക