Check out the new design

पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । * - अनुवादहरूको सूची


अर्थको अनुवाद सूरः: मरयम   श्लोक:
رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا فَٱعۡبُدۡهُ وَٱصۡطَبِرۡ لِعِبَٰدَتِهِۦۚ هَلۡ تَعۡلَمُ لَهُۥ سَمِيّٗا
65. Ӯст Парвардигор ва холиқи осмонҳову замин ва он чӣ миёни он ду ҳаст. Пас Ӯро ибодат кун ва дар ибодаташ босабр бош. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест на дар зот ва асмову сифоташ ва на дар корҳояш.[1566]
[1566] Тафсири Табарӣ 18/226
अरबी व्याख्याहरू:
وَيَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَءِذَا مَا مِتُّ لَسَوۡفَ أُخۡرَجُ حَيًّا
66. Ва одамикофир[1567] мегӯяд: «Оё замоне, ки бимирам, боз зинда аз қабр берун оварда хоҳам шуд?»
[1567]Ҳар як кофире, ки ба зинда шудани баъд аз марг бовар надорад. Тафсири Саъдӣ 1/ 498
अरबी व्याख्याहरू:
أَوَلَا يَذۡكُرُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ يَكُ شَيۡـٔٗا
67. Оё одами кофир ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ ҳеҷ чизе набуд?
अरबी व्याख्याहरू:
فَوَرَبِّكَ لَنَحۡشُرَنَّهُمۡ وَٱلشَّيَٰطِينَ ثُمَّ لَنُحۡضِرَنَّهُمۡ حَوۡلَ جَهَنَّمَ جِثِيّٗا
68. Пас қасам ба номи Парвардигорат эй паёмбар, албатта он мункирони баъсро рӯзи қиёмат бо шайтонҳо ҷамъ меоварем , он гоҳ ҳамаро (кофирону шаётинро) дар атрофи ҷаҳаннам ҳозир карда ва ба зону мешинонем[1568]
[1568]Аз тарси он рӯз наметавонанд рост истанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 498
अरबी व्याख्याहरू:
ثُمَّ لَنَنزِعَنَّ مِن كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمۡ أَشَدُّ عَلَى ٱلرَّحۡمَٰنِ عِتِيّٗا
69. Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Аллоҳи меҳрубон бештар гуноҳ ва саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем ва аввал ононро азоб мекунем.[1569]
[1569] Тафсири Саъдӣ 1/ 498
अरबी व्याख्याहरू:
ثُمَّ لَنَحۡنُ أَعۡلَمُ بِٱلَّذِينَ هُمۡ أَوۡلَىٰ بِهَا صِلِيّٗا
70. Ва Мо албатта, онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем.
अरबी व्याख्याहरू:
وَإِن مِّنكُمۡ إِلَّا وَارِدُهَاۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتۡمٗا مَّقۡضِيّٗا
71. Ва ҳеҷ як аз шумо эй одамон нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад[1570] ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту.
[1570] Яъне,бар пули сироте, ки болои ҷаҳаннам аст. Тафсири Саъдӣ 1/ 499
अरबी व्याख्याहरू:
ثُمَّ نُنَجِّي ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّنَذَرُ ٱلظَّٰلِمِينَ فِيهَا جِثِيّٗا
72. Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону шинонда дар он ҷо вомегузорем.
अरबी व्याख्याहरू:
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَيُّ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ خَيۡرٞ مَّقَامٗا وَأَحۡسَنُ نَدِيّٗا
73. Чун оёти возеҳу равшани моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Кадом яке аз ду гурӯҳ ҷойгоҳи беҳтар ва маҷлиси зеботаре доранд?»
अरबी व्याख्याहरू:
وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّن قَرۡنٍ هُمۡ أَحۡسَنُ أَثَٰثٗا وَرِءۡيٗا
74. Пеш аз кофирони қавмат эй Паёмбар чӣ басо мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки ба эътибори хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд.
अरबी व्याख्याहरू:
قُلۡ مَن كَانَ فِي ٱلضَّلَٰلَةِ فَلۡيَمۡدُدۡ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ مَدًّاۚ حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوۡاْ مَا يُوعَدُونَ إِمَّا ٱلۡعَذَابَ وَإِمَّا ٱلسَّاعَةَ فَسَيَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ شَرّٞ مَّكَانٗا وَأَضۡعَفُ جُندٗا
75. Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад, Аллоҳи меҳрубон ӯро мӯҳлат медиҳад», то он гоҳ, он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоби ин дунё ва ё вуқӯъи қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтарва лашкараш заифтар ва нотавонтар аст.[1571]
[1571] Тафсири Бағавӣ 5 /253
अरबी व्याख्याहरू:
وَيَزِيدُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ هُدٗىۗ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٞ مَّرَدًّا
76. Ва Аллоҳбар ҳидояти онон, ки ҳидоят ёфтаанд, меафзояд[1572] ва назди Парвардигори ту подош ва оқибати кирдорҳои шоистае, ки боқӣ мондаанд, беҳтар аст.
[1572] Яъне, имонашон зиёд мешавад. Тафсири Саъдӣ 1/ 499
अरबी व्याख्याहरू:
 
अर्थको अनुवाद सूरः: मरयम
अध्यायहरूको (सूरःहरूको) सूची رقم الصفحة
 
पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । - अनुवादहरूको सूची

यसलाई खाजा मीरूफ खाजा मीरले अनुवाद गरेका हुन् । यसलाई रुव्वाद अनुवाद केन्द्रको निरक्षणमा विकसित गरिएको छ । प्रतिक्रिया, मूल्याङ्कन र निरन्तर विकासको लागि मूल अनुवाद अध्ययनको लागि उपलब्ध छ ।

बन्द गर्नुस्