Check out the new design

पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । * - अनुवादहरूको सूची


अर्थको अनुवाद सूरः: मुहम्मद   श्लोक:
وَلَوۡ نَشَآءُ لَأَرَيۡنَٰكَهُمۡ فَلَعَرَفۡتَهُم بِسِيمَٰهُمۡۚ وَلَتَعۡرِفَنَّهُمۡ فِي لَحۡنِ ٱلۡقَوۡلِۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ أَعۡمَٰلَكُمۡ
30. Ва агар бихоҳем нишонаҳои зоҳирии онҳоро ба ту эй Расул нишон медиҳем, пас ҳароина, ту онҳоро ба симо ва қиёфаҳояшон бишиносӣ ва ҳатман, ту онҳоро дар тарзи сухан гуфтанашон мешиносӣ. Ва Аллоҳ аз аъмолатон огоҳ аст ва ҳеҷ кори нек ё баде бар Ӯ пинҳон намемонад, пас шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазои муносиб медиҳад.[2602]
[2602] Тафсири Табарӣ 22\185
अरबी व्याख्याहरू:
وَلَنَبۡلُوَنَّكُمۡ حَتَّىٰ نَعۡلَمَ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ مِنكُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَنَبۡلُوَاْ أَخۡبَارَكُمۡ
31. Ва албатта, эй мӯъминон шуморо меозмоем бо ҷанг кардан бо душманони Аллоҳ, то муҷоҳидон ва собиронатонро бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон маълум бидорем ва ахборатонро ошкор кунем, то ростгӯ аз дурӯғгӯ маълум шавад.[2603]
[2603] Тафсири Бағавӣ 7\289
अरबी व्याख्याहरू:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَشَآقُّواْ ٱلرَّسُولَ مِنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡهُدَىٰ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗا وَسَيُحۡبِطُ أَعۡمَٰلَهُمۡ
32. Албатта, касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон наёварданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва баъд аз он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, ки ӯ паёмбари бар ҳақ аст, бо паёмбар мухолифат варзидаанд, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба дини Аллоҳ нахоҳанд расонид ва Аллоҳ савоби аъмолашонро нобуд хоҳад кард. Зеро ба он амалҳо ризоияти Аллоҳро ирода накарда буданд.[2604]
[2604]Тафсири Табарӣ 22\186
अरबी व्याख्याहरू:
۞ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَلَا تُبۡطِلُوٓاْ أَعۡمَٰلَكُمۡ
33. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед , ба Аллоҳ ва ба Паёмбар итоъат кунед ва савоби аъмоли хешро бо куфру маъсият ботил масозед.
अरबी व्याख्याहरू:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ مَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡ
34. Албатта, Аллоҳ касонеро, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар куфр мурданд, пас ҳаргиз Аллоҳ гуноҳашонро нахоҳад омурзид ва бар куфрашон азобашон хоҳад дод.
अरबी व्याख्याहरू:
فَلَا تَهِنُواْ وَتَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱلسَّلۡمِ وَأَنتُمُ ٱلۡأَعۡلَوۡنَ وَٱللَّهُ مَعَكُمۡ وَلَن يَتِرَكُمۡ أَعۡمَٰلَكُمۡ
35. Эй мӯъминон, аз ҷиҳоди мушрикон сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо аз онҳо боло ва бартар ҳастед ва Аллоҳ бо мадади худ ҳамроҳи шумост ва аз савоби амалҳоятон ҳаргиз кам нахоҳад кард.[2605]
[2605]Тафсири ибни Касир 7\323
अरबी व्याख्याहरू:
إِنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞۚ وَإِن تُؤۡمِنُواْ وَتَتَّقُواْ يُؤۡتِكُمۡ أُجُورَكُمۡ وَلَا يَسۡـَٔلۡكُمۡ أَمۡوَٰلَكُمۡ
36.Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист, магар он ки барои Аллоҳ бошад. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо ҳамаи амволатонро барои закот наметалабад.
अरबी व्याख्याहरू:
إِن يَسۡـَٔلۡكُمُوهَا فَيُحۡفِكُمۡ تَبۡخَلُواْ وَيُخۡرِجۡ أَضۡغَٰنَكُمۡ
37. Агар тамоми молатонро талабад ва ба доим ҳам талабад, он гоҳ аз додани мол бухл меварзед ва манъ мекунед ва кинаҳои дар дил доштаатонро ошкор месозад.[2606]
[2606]Тафсири ибни Касир 7\324
अरबी व्याख्याहरू:
هَٰٓأَنتُمۡ هَٰٓؤُلَآءِ تُدۡعَوۡنَ لِتُنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَمِنكُم مَّن يَبۡخَلُۖ وَمَن يَبۡخَلۡ فَإِنَّمَا يَبۡخَلُ عَن نَّفۡسِهِۦۚ وَٱللَّهُ ٱلۡغَنِيُّ وَأَنتُمُ ٱلۡفُقَرَآءُۚ وَإِن تَتَوَلَّوۡاْ يَسۡتَبۡدِلۡ قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُونُوٓاْ أَمۡثَٰلَكُم
38. Огоҳ бошед, эй мӯъминон , ки шуморо ба хайр кардан дар роҳи ҷиҳод даъват мекунанд, то дар роҳи Аллоҳ нафақа кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас, ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд.[2607]
[2607]Тафсири Табарӣ 22\192
अरबी व्याख्याहरू:
 
अर्थको अनुवाद सूरः: मुहम्मद
अध्यायहरूको (सूरःहरूको) सूची رقم الصفحة
 
पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर । - अनुवादहरूको सूची

यसलाई खाजा मीरूफ खाजा मीरले अनुवाद गरेका हुन् । यसलाई रुव्वाद अनुवाद केन्द्रको निरक्षणमा विकसित गरिएको छ । प्रतिक्रिया, मूल्याङ्कन र निरन्तर विकासको लागि मूल अनुवाद अध्ययनको लागि उपलब्ध छ ।

बन्द गर्नुस्