5.Пас чун моҳҳои ҳаром[859] ба поён расанд, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва бозгаштанд аз ширк ва исломро қабул карданд ва намозробарпо карданд ва закотро адо намуданд, пас раҳо кунед ононро, ки бародарони шумоанд дар ислом. Ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаи тавбакунандагон ва меҳрубон аст бар онон![860]
6. Ва агар касе аз мушрикон аз ту эй Паёмбар паноҳ талаб кунанд, паноҳ бидеҳ ӯро, то каломи Аллоҳро (қуръон) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, ин ҳукм ба сабаби он аст, ки мушрикон гурӯҳеанд, ки намедонанд ҳақиқати Исломро.
8.Чӣ гуна бошад мушриконро аҳду паймоне!? Зеро агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Ва шуморо фирефта накунад муомила карданашон аз тарси шумо, зеро ки онҳо бо забон хушнудатон месозанд ва қабул намекунад дилҳояшон ва бисёриашон аз дин хориҷанд ва аҳду паймонҳоро мешикананд.[862]
13.Оё намеҷангед бо мардуме, ки савганди худро шикастанд ва қасд карданд хориҷ кардани паёмбарро аз Макка ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва ҷанг) оғоз карданд? Оё аз онҳо метарсед? Бояд аз Аллоҳ битарсед, агар мӯъмини воқеъӣ ва ҳақиқӣ бошед.[865]
24.Бигӯ (эй Расул): «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз беравнақии он метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо аз итоъати Аллоҳу паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Аллоҳ фармони хеш[872] биёварад». Ва Аллоҳ ононро, ки аз тоъати Ӯ баромаданд, ҳидоят нахоҳад кард![873]
26.Сипас, Аллоҳ оромиши хешро бар Паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкарҳоеро, ки онҳоро намедидед (яъне, фариштагонро), фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард (яъне, баъзе аз онон кушта ва баъзе дигарашон асир шуданд) ва ин аст ҷазои кофирон.[876]
27. Сипас, баъд аз ин ҷанг касе аз куфри худ бозгашт ва дохили ислом шуд, боз қабул мекунад Аллоҳ баъд аз ин (ҷанг) тавбаро бар ҳар кӣ мехоҳад. Ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст![877]
33. Аллоҳ Зотест, ки паёмбари худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро барои ҳидояти мардум фиристод бо Қуръон ва дини дурусту барҳақ, то Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро дини Ислом хуш наояд.[884]
35.Рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам порае аз он тиллову нуқраро гудохта шавад ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ва гуфта шавад: Ин аст ҷазои он чи захира намудед барои худ (яъне, закоташро надода будед), пас бичашед азоби он молеро, ки захира мекардед.[886]
45. Ҳамоно касоне, ки аз ту рухсат мехоҳанд[895] ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва амали солеҳ намекунанд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст аз савоб ва иқоби рӯзи қиёмат ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст.[896]
[895] Аз тарки ҷиҳод бо ҳамроҳии ту эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. [896] Тафсири Табарӣ 14/ 275
48. Ҳамоно пеш аз ин ҳам (яъне, дар ҷанги Табук) фитнагарӣ мекарданд ва барои ту эй Паёмбар корҳоро баръакс ва дигаргун ҷилва медоданд (яъне, кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳ аз пешрафти дини ту пешгирӣ кунанд), то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Аллоҳ ошкор шуд, дар ҳоле, ки онҳоро хуш намеомад, ки дин пирӯз шавад.[900]
58. Баъзе аз мунофиқон туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд[909], агар аз он садақот ба онҳо бисёр диҳанд, хушнуд мешаванд ва агар бисёр надиҳанд, хашм мегиранд.
64. Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд аз куфр, бохабарашон созад. Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Масхара кунед, ки Аллоҳ он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».
65. Агар аз онҳо (мунофиқон) бипурсӣ –эй Паёмбар-, аз он чи ки сухани дурӯғ гуфтанд?[912] Мегӯянд: «Мо бо ҳам гап мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ба Аллоҳ ва оёти Ӯ ва паёмбараш масхара мекардед?»
[912] Яъне, Паёмбар ва мӯъминон, ки аз ҷанги Табук бозгаштанд ва гурӯҳе аз мунофиқон дар байнашон буданд, тамасхӯр карда мегуфтанд; Ин мард умед дорад, ки қасру қалъаҳои Шомро фатҳ кунад ва ҳофизони Қуръон бошанд,аз ҳама шикамкалон ва дурӯғгӯ ва дар рӯ ба рӯ омадани душман тарсончаканд. Тафсири Табарӣ 14\334.
74. Мунофиқон ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд чизеро, ки Паёмбар ва мусалмонон аз он нороҳат шаванд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва бар қасд кор карданд, ки ба Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зарарҳо оваранд, аммо ба он ноил нашуданд. Ва мунофиқон чизеро инкор накарданд, магар Аллоҳу паёмбарашро, ки аз ғаниматҳо сарватмандашон карданд. Пас, агар тавба кунанд, некиашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Аллоҳ ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд, ки азоби Аллоҳро аз онҳо боздорад ва на мададкоре, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад![917]
83. Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид[922] ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд[923], бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!»[924]
84. Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоъатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст).[925]
86. Чун сурае бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, ки ба Аллоҳ имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»
91. Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хешро намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Аллоҳу паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Аллоҳ некӯкоронро бахшояндааст ва бо онон меҳрубон аст!
92. Ва низ гуноҳе нест бар онон, ки назди ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, то барои набардашон саворӣ диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки саворие надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ чизе наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд.
93. Хашму азоби Аллоҳ бар касонест, ки дар ҳолати тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва онон мунофиқонанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Аллоҳ дар дилҳояшон мӯҳр гузоштааст ва оқибати бадашонро намедонанд, бо он чи ки аз гуноҳҳо касб кардаанд.[928]
98. Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки нафақа мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Аллоҳ шунаво аст ба он чи мегӯянд ва доност ба ниятҳои вайронашон![932]
100. Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон[933] ва аҳли Мадина, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба хотири Аллоҳ ба некӣ аз онон пайравӣ карданд (дар эътиқод, гуфтор ва амалҳояшон), Аллоҳ хушнуд аст ва онҳо низ аз Аллоҳ хушнуданд. Аллоҳ барояшон биҳиштҳоеро омода кардааст, ки дар онҳо дарёҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд. Ин аст комёбии бузург!
101. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки атрофи шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, Мо онҳоро мешиносем ва ду бор азобашон хоҳем кард; ба қатл ва асир гирифтан дар дунё ва дар охират ба азоби бузург гирифтор мешаванд.[934]
103. Аз молҳои тавбакунандагоне, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд, садақа (закот) биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Аллоҳ ба ҳар дуъо шунаво ва ба аҳволи бандагон ва ниятҳояшон доност![936]
115. Аллоҳ қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то замоне ки он чиро бояд аз он бипарҳезанд, барояшон равшан намояд. Дар ҳақиқат Аллоҳ бар ҳар чизе доност!
118. Ва низ Аллоҳ пазируфт тавбаи он се тан (аз ансориҳо)-ро,[952] ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид (ба сабаби ақибнишиниашон аз ҷанг) ва худ донистанд, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе надоранд, ки ба он рӯй оваранд. Пас Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!
119. Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро баҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш бозистед ва бо ростгӯён бошед!
128. Албатта паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ки шумо вайро мешиносед, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Бар ҳидояти шумо бисёр ҳарис аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст.
129. Агар мушрикон ва мунофиқон аз имон овардан ба ту рӯй гардонанд, бигӯ барояшон: «Аллоҳ барои ман кофист, маъбуде ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва ҳамаи амрамро ба Ӯ таслим намудам ва нусратдиҳанда ва мададгори ман аст ва Ӯст Парвардигори Арши бузург![957]
पवित्र कुर्आनको अर्थको ताजिक भाषामा अनुवाद, अनुवादक : खाजा मीरूफ खाजा मीर र यसको संशोधन रव्वाद अनुवाद केन्द्रको निरीक्षणमा गरिएको छ । सुझाव, मूल्याङ्कन र निरन्तर परिमार्जनका लागि मूल अनुवाद हेर्न सक्नुहुन्छ ।
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
نتائج البحث:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".