Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir * - Índice de tradução


Tradução dos significados Surah: Suratu Al-Mutaffifin   Versículo:

Сураи Мутаффифин (Камкунандагон)

وَيۡلٞ لِّلۡمُطَفِّفِينَ
1. Вой[3089] бар ҳоли камкунандагон,
[3089] Азоби сахт
Os Tafssir em língua árabe:
ٱلَّذِينَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ يَسۡتَوۡفُونَ
2. онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ يُخۡسِرُونَ
3. ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
أَلَا يَظُنُّ أُوْلَٰٓئِكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ
4. Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд,
Os Tafssir em língua árabe:
لِيَوۡمٍ عَظِيمٖ
5. дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд.
Os Tafssir em língua árabe:
يَوۡمَ يَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
6. Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд.
Os Tafssir em língua árabe:
كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٖ
7. Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст.
Os Tafssir em língua árabe:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّينٞ
8. Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст.
Os Tafssir em língua árabe:
كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ
9. Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад.
Os Tafssir em língua árabe:
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
10. Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон,
Os Tafssir em língua árabe:
ٱلَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
11. онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
Os Tafssir em língua árabe:
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِۦٓ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ
12. Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад.
Os Tafssir em língua árabe:
إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
13. Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст.
Os Tafssir em língua árabe:
كَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
14. Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст.
Os Tafssir em língua árabe:
كَلَّآ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّمَحۡجُوبُونَ
15. Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон[3090] маҳрум бошанд.
[3090] Дар ин оят далелест, ки мӯъминон Парвардигорашонро мебинанд, модоме ки ғайри мӯъминон аз дидори Ӯ маҳруманд.
Os Tafssir em língua árabe:
ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِيمِ
16. Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд.
Os Tafssir em língua árabe:
ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
17. Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
Os Tafssir em língua árabe:
كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ
18. Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин[3091] қарор дорад.
[3091] Дар мартабаҳои олӣ дар ҷаннат
Os Tafssir em língua árabe:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ
19. Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист?
Os Tafssir em língua árabe:
كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ
20. Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад,
Os Tafssir em língua árabe:
يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ
21. ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд.
Os Tafssir em língua árabe:
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ
22. Бегумон некон[3092] дар неъматанд,
[3092] Аҳли сидқ ва итоаткорон
Os Tafssir em língua árabe:
عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ
23. бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ
24. Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ.
Os Tafssir em língua árabe:
يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ
25. Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд.
Os Tafssir em língua árabe:
خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ
26. Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ
27. Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст.
Os Tafssir em língua árabe:
عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ
28. Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд.
Os Tafssir em língua árabe:
إِنَّ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَضۡحَكُونَ
29. Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ يَتَغَامَزُونَ
30. Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِينَ
31. ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَضَآلُّونَ
32. Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.
Os Tafssir em língua árabe:
وَمَآ أُرۡسِلُواْ عَلَيۡهِمۡ حَٰفِظِينَ
33. Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд.
Os Tafssir em língua árabe:
فَٱلۡيَوۡمَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ يَضۡحَكُونَ
34. Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд,
Os Tafssir em língua árabe:
عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ
35. бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст , менигаранд.
Os Tafssir em língua árabe:
هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ
36. Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст?
Os Tafssir em língua árabe:
 
Tradução dos significados Surah: Suratu Al-Mutaffifin
Índice de capítulos Número de página
 
Tradução dos significados do Nobre Qur’an. - Tradução Tadjique - Khojah Mirov Khojah Mir - Índice de tradução

Tradução dos significados do Alcorão em Tajik por Khawja Mirov Khawja. Corrigido pela supervisão do Rowwad Translation Center. A tradução original está disponível para sugestões, avaliação contínua e desenvolvimento.

Fechar