Check out the new design

Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja * - Ishakiro ry'ibisobanuro


Ibisobanuro by'amagambo Isura: Hud   Umurongo:
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِعَشۡرِ سُوَرٖ مِّثۡلِهِۦ مُفۡتَرَيَٰتٖ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
13. Ё он ки мегӯянд ин мушрикони аҳли Макка, ки Муҳаммад аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбаташ мекунад. Бигӯ барояшон: Агар рост мегӯед, ҷуз Аллоҳ ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта биёваред.
Ibisobanuro by'icyarabu:
فَإِلَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَآ أُنزِلَ بِعِلۡمِ ٱللَّهِ وَأَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ
14. Бигӯ эй Муҳаммад, барои инҳо мушрикон, пас агар шуморо иҷобат накарданд, (ба овардани даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта) бидонед, ки Қуръон ба илми Аллоҳ нозил шуда ва низ ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас оё шумо мусалмон (фармонбардори Аллоҳ) ҳастед?[1042]
[1042] Тафсири Табарӣ 15\261
Ibisobanuro by'icyarabu:
مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيۡهِمۡ أَعۡمَٰلَهُمۡ فِيهَا وَهُمۡ فِيهَا لَا يُبۡخَسُونَ
15. Онон, ки (дар мақсадашон танҳо) зиндагиву зиннати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.
Ibisobanuro by'icyarabu:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَيۡسَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِلَّا ٱلنَّارُۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُواْ فِيهَا وَبَٰطِلٞ مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
16. Инҳо касоне ҳастанд[1043], ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, бекор карда шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, дурӯғ аст!
[1043] Яъне аз аҳли куффоранд, гуё ки барои дунё офарида шудаанд. Тафсири Саъдӣ 1\378
Ibisobanuro by'icyarabu:
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّهِۦ وَيَتۡلُوهُ شَاهِدٞ مِّنۡهُ وَمِن قَبۡلِهِۦ كِتَٰبُ مُوسَىٰٓ إِمَامٗا وَرَحۡمَةًۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۚ وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ مِنَ ٱلۡأَحۡزَابِ فَٱلنَّارُ مَوۡعِدُهُۥۚ فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّنۡهُۚ إِنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤۡمِنُونَ
17. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далели равшане дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд (ва он Ҷабраил ё Муҳаммад алайҳимуссалом аст) ва пеш аз Қуръон ҳам китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ додааст ва бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби қуръон имон меоваранд. Ва ҳар кӣ аз гурӯҳҳо ба қуръон кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар фуруд омадани Қуръон шак макун, эй Расул, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд ва ба он чӣ фармуда шудааст, амал намекунанд! (Ва ин роҳнамуди ом барои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст).[1044]
[1044] Тафсири Бағавӣ 4\167
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُعۡرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمۡ وَيَقُولُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ هَٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ أَلَا لَعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ
18.Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад? Онҳо ба пеши Парвардигорашон рӯзи қиёмат оварда мешаванд, пас аз амалҳояшон мепурсад ва шоҳидон[1045] гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
[1045] Фариштагон ва паёмбарон
Ibisobanuro by'icyarabu:
ٱلَّذِينَ يَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
19. Он ситамкороне, ки мардумро аз роҳи Аллоҳ[1046] бозмедоранд ва онро каҷ ва нодуруст нишон медиҳанд ва онон кофиронанд, ба охират имон надоранд,
[1046] Аз имон овардани ба Аллоҳ ва иқрор кардани убудияташ ва аз ихлос ибодат карданашро бозмедоранд.
Ibisobanuro by'icyarabu:
 
Ibisobanuro by'amagambo Isura: Hud
Urutonde rw'amasura numero y'urupapuro
 
Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja - Ishakiro ry'ibisobanuro

Byasobanuwe na Khawja Mirov Khawja. Byakosowe bihagarariwe n'ikigo Rowad cy'ubusobanuzi, hatangwa uburenganzira bwo gusoma umwimerere wabyo kugira ngo hatangweho ibitekerezo no kubigenzura ndetse no gukomeza kubisobanura mu buryo buhoraho.

Gufunga