Check out the new design

Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja * - Ishakiro ry'ibisobanuro


Ibisobanuro by'amagambo Isura: Annisau   Umurongo:
فَبِمَا نَقۡضِهِم مِّيثَٰقَهُمۡ وَكُفۡرِهِم بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَقَتۡلِهِمُ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖ وَقَوۡلِهِمۡ قُلُوبُنَا غُلۡفُۢۚ بَلۡ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَيۡهَا بِكُفۡرِهِمۡ فَلَا يُؤۡمِنُونَ إِلَّا قَلِيلٗا
155. Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Аллоҳ ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст ва болояш пардаест», Аллоҳ бар дилҳояшон мўҳр ниҳодааст ва ҷуз каме аз онон имон намеоваранд.
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَبِكُفۡرِهِمۡ وَقَوۡلِهِمۡ عَلَىٰ مَرۡيَمَ بُهۡتَٰنًا عَظِيمٗا
156. Ва низ ба сабаби куфрашон ва он тўҳмати бузург, ки ба Марям заданд (яъне, ўро ба зинокорӣ тўҳмат карданд, ҳол он ки ў покдоман буд).
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَقَوۡلِهِمۡ إِنَّا قَتَلۡنَا ٱلۡمَسِيحَ عِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ رَسُولَ ٱللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَٰكِن شُبِّهَ لَهُمۡۚ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُۚ مَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍ إِلَّا ٱتِّبَاعَ ٱلظَّنِّۚ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينَۢا
157. Ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд: «Мо Масеҳ (Исо алайҳиссалом), писари Марям, паёмбари Аллоҳро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор наовехтанд, балки ин амр барояшон монанд шуд (яъне, онон шахсеро ба монанди Исо куштанд),ҳамоно ки дар бораи ў ихтилоф мекарданд (яҳуду насоро), худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он боварӣ надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро дар воқеъ накуштаанд,
Ibisobanuro by'icyarabu:
بَل رَّفَعَهُ ٱللَّهُ إِلَيۡهِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا
158. балки Аллоҳ ўро (Исоро бо баданаш ва рўҳаш) ба назди худ боло бурд, ки Аллоҳ пирўзманд аст дар мулкаш ва соҳиби тадбир аст дар ҳукмҳояш ![410]
[410] Тафсири Бағавӣ 2/ 307
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَإِن مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ إِلَّا لَيُؤۡمِنَنَّ بِهِۦ قَبۡلَ مَوۡتِهِۦۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكُونُ عَلَيۡهِمۡ شَهِيدٗا
159. Ва ҳеҷ як аз аҳли китоб нест, магар ки пеш аз марги (Исо алайҳиссалом) ба Ӯ имон оварад ва Исо дар рўзи қиёмат ба имонашон гувоҳӣ хоҳад дод оё имонашон мувофиқи шариъат буд ё на,[411]
[411] Тафсири Саъдӣ 1|213
Ibisobanuro by'icyarabu:
فَبِظُلۡمٖ مِّنَ ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا عَلَيۡهِمۡ طَيِّبَٰتٍ أُحِلَّتۡ لَهُمۡ وَبِصَدِّهِمۡ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ كَثِيرٗا
160. пас ба сабаби зулму ситаме[412], ки аз ҷониби яҳудиҳо сар зад, ҳаром гардондем барояшон чизҳои покизаро, ки пеш аз он барояшон ҳалол буд. Ваниз ба сабаби манъ карданашон мардумони бисёрро аз роҳи Аллоҳ.[413]
[412]Яъне, куштани паёмбарон, тўҳмат ба Исо ва модараш алайҳима-с-салом..
[413] Тафсири Табарӣ 9/ 391
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَأَخۡذِهِمُ ٱلرِّبَوٰاْ وَقَدۡ نُهُواْ عَنۡهُ وَأَكۡلِهِمۡ أَمۡوَٰلَ ٱلنَّاسِ بِٱلۡبَٰطِلِۚ وَأَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ مِنۡهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا
161. Ва низ ба сабаби судхўриҳояшон, ҳол он ки дар Таврот аз он манъ карда шуда буданд ва ба сабаби хўрданашон молҳои мардумро ба ноҳақ (бо роҳи рибо ва зиёдахурӣ). Ва мо барои кофирони яҳуд азоби дардоваре муҳайё кардаем.[414]
[414] Тафсири Бағавӣ 2/ 309
Ibisobanuro by'icyarabu:
لَّٰكِنِ ٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ مِنۡهُمۡ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَۚ وَٱلۡمُقِيمِينَ ٱلصَّلَوٰةَۚ وَٱلۡمُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ أُوْلَٰٓئِكَ سَنُؤۡتِيهِمۡ أَجۡرًا عَظِيمًا
162. Вале ононе, ки собитқадаманд дар илм аз аҳли китоб ва он мўъминонеро, ки ба он чӣ бар ту Қуръон ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, ба Тавроту Инҷил имон доранд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молҳояшонро медиҳанд ва боварӣ доранд ба Аллоҳу рўзи қиёмат, аҷри бузурге хоҳем дод![415]
[415] Тафсири Бағавӣ 2/ 309
Ibisobanuro by'icyarabu:
 
Ibisobanuro by'amagambo Isura: Annisau
Urutonde rw'amasura numero y'urupapuro
 
Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja - Ishakiro ry'ibisobanuro

Byasobanuwe na Khawja Mirov Khawja. Byakosowe bihagarariwe n'ikigo Rowad cy'ubusobanuzi, hatangwa uburenganzira bwo gusoma umwimerere wabyo kugira ngo hatangweho ibitekerezo no kubigenzura ndetse no gukomeza kubisobanura mu buryo buhoraho.

Gufunga