Check out the new design

Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja * - Ishakiro ry'ibisobanuro


Ibisobanuro by'amagambo Isura: Al Hujrati   Umurongo:
وَلَوۡ أَنَّهُمۡ صَبَرُواْ حَتَّىٰ تَخۡرُجَ إِلَيۡهِمۡ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
5. Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Аллоҳ омӯрзанда аст онҳоро, аз сабаби беадабӣ ва кӯтоҳие, ки аз рӯи нодонӣ аз онон сар зад ва меҳрубон аст, ба онҳо, ки зуд онҳоро азоб намекунад.[2635]
[2635] Тафсири Табарӣ 22\286
Ibisobanuro by'icyarabu:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن جَآءَكُمۡ فَاسِقُۢ بِنَبَإٖ فَتَبَيَّنُوٓاْ أَن تُصِيبُواْ قَوۡمَۢا بِجَهَٰلَةٖ فَتُصۡبِحُواْ عَلَىٰ مَا فَعَلۡتُمۡ نَٰدِمِينَ
6. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардед, ва ба шариъати ӯ амал намудаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ فِيكُمۡ رَسُولَ ٱللَّهِۚ لَوۡ يُطِيعُكُمۡ فِي كَثِيرٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ لَعَنِتُّمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ حَبَّبَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡإِيمَٰنَ وَزَيَّنَهُۥ فِي قُلُوبِكُمۡ وَكَرَّهَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكُفۡرَ وَٱلۡفُسُوقَ وَٱلۡعِصۡيَانَۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلرَّٰشِدُونَ
7. Ва бидонед, ки ҳароина, паёмбари Аллоҳ дар миёни шумост, ҳурмати ӯро нигаҳ доред. Агар дар бисёре аз корҳо шуморо итоъат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Аллоҳ имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биёрост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон нописанд ва зишт гардонид. Инҳо худ ба ҳақ роҳёфтагонанд.
Ibisobanuro by'icyarabu:
فَضۡلٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَنِعۡمَةٗۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
8. Ин хайре, ки барояшон муваффақ шуд, бахшишу неъматест аз ҷониби Аллоҳ ва Аллоҳ доно аст ба касе, ки Ӯро шукргузорӣ мекунад ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст![2636]
[2636] Тафсири Табарӣ 22\290
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَإِن طَآئِفَتَانِ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱقۡتَتَلُواْ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَهُمَاۖ فَإِنۢ بَغَتۡ إِحۡدَىٰهُمَا عَلَى ٱلۡأُخۡرَىٰ فَقَٰتِلُواْ ٱلَّتِي تَبۡغِي حَتَّىٰ تَفِيٓءَ إِلَىٰٓ أَمۡرِ ٱللَّهِۚ فَإِن فَآءَتۡ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَهُمَا بِٱلۡعَدۡلِ وَأَقۡسِطُوٓاْۖ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ
9. Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон бо ҳукми китоби Аллоҳ ва суннати расулаш оштигӣ барқарор кунед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре дастдарозӣ кард ва қабул накард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Аллоҳ бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳи одилонае барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳароина, Аллоҳ одилонро дӯст дорад.[2637]
[2637] Дар оят сифати муҳаббати Аллоҳ исбот шудааст, ҳамчунон ки лоиқ ба Зоти бузургии Ӯ мекунад.
Ibisobanuro by'icyarabu:
إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَ أَخَوَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
10. Ҳароина, мӯъминон бо якдигар дар дин бародаронанд. Миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Аллоҳ битарсед, то бар шумо раҳмат орад.
Ibisobanuro by'icyarabu:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا يَسۡخَرۡ قَوۡمٞ مِّن قَوۡمٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُونُواْ خَيۡرٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا نِسَآءٞ مِّن نِّسَآءٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُنَّ خَيۡرٗا مِّنۡهُنَّۖ وَلَا تَلۡمِزُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَلَا تَنَابَزُواْ بِٱلۡأَلۡقَٰبِۖ بِئۡسَ ٱلِٱسۡمُ ٱلۡفُسُوقُ بَعۡدَ ٱلۡإِيمَٰنِۚ وَمَن لَّمۡ يَتُبۡ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ
11. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.[2638]
[2638] Тафсири Бағавӣ 7\344
Ibisobanuro by'icyarabu:
 
Ibisobanuro by'amagambo Isura: Al Hujrati
Urutonde rw'amasura numero y'urupapuro
 
Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja - Ishakiro ry'ibisobanuro

Byasobanuwe na Khawja Mirov Khawja. Byakosowe bihagarariwe n'ikigo Rowad cy'ubusobanuzi, hatangwa uburenganzira bwo gusoma umwimerere wabyo kugira ngo hatangweho ibitekerezo no kubigenzura ndetse no gukomeza kubisobanura mu buryo buhoraho.

Gufunga