Check out the new design

Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja * - Ishakiro ry'ibisobanuro


Ibisobanuro by'amagambo Isura: Al Maidat   Umurongo:
وَمَا لَنَا لَا نُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَمَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡحَقِّ وَنَطۡمَعُ أَن يُدۡخِلَنَا رَبُّنَا مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلصَّٰلِحِينَ
84. Чаро ба Аллоҳ ва ин дини ҳақ, ки бар мо нозил шудааст, имон наёварем ва тамаъ накунем, дар ин ки Парвардигори мо моро дар шумори солеҳон оварад?
Ibisobanuro by'icyarabu:
فَأَثَٰبَهُمُ ٱللَّهُ بِمَا قَالُواْ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
85. Пас ба сабаби имоне, ки оварданд ва эътирофе, ки ба ҳақ карданд, Парвардигор онҳоро ба биҳиштҳое, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст, дарорад ва онҳо дар он ҷовидон мемонанд ва ин подоши некўкорон аст.
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ
86. Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурўғ шумориданд, онҳо аз аҳли ҷаҳаннаманд.
Ibisobanuro by'icyarabu:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحَرِّمُواْ طَيِّبَٰتِ مَآ أَحَلَّ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَعۡتَدُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ
87. Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ бар шумо ҳалол кардааст, ҳаром макунед аз таъом, нўшокӣ , никоҳи занон ва неъматеро, ки Парвардигор ба шумо ба фарохӣ арзонӣ намудааст, ба тангӣ магиред ва аз ҳад дармагузаред, ки ҳамоно Аллоҳ аз ҳад таҷовузкунандагонро дўст надорад.[501]
[501] Тафсири Бағавӣ 3\90
Ibisobanuro by'icyarabu:
وَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ
88. Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рўзӣ додааст, бихўред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷўед.
Ibisobanuro by'icyarabu:
لَا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ ٱلۡأَيۡمَٰنَۖ فَكَفَّٰرَتُهُۥٓ إِطۡعَامُ عَشَرَةِ مَسَٰكِينَ مِنۡ أَوۡسَطِ مَا تُطۡعِمُونَ أَهۡلِيكُمۡ أَوۡ كِسۡوَتُهُمۡ أَوۡ تَحۡرِيرُ رَقَبَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖۚ ذَٰلِكَ كَفَّٰرَةُ أَيۡمَٰنِكُمۡ إِذَا حَلَفۡتُمۡۚ وَٱحۡفَظُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
89. Парвардигор шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда аз забонатон ҷорӣ гашта бозхост нахоҳад кард. (ба монанди Валлоҳӣ не! Валлоҳӣ оре!), вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки аз рўи қасд мехўред, бозхост мекунад ва каффорати он таъом додани даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехўронед ё пўшиши (либоси) онҳо ё озод кардани як банда. Ва ҳар кӣ наёбад, се рўз рўза медорад. Ин кафорати қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хўрдед, ба қасамҳои худ вафо кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки сипосгузор бошед, ки Парвардигор шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармудааст.
Ibisobanuro by'icyarabu:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
90. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб[502] ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд).
[502]Ҳар масткунандае, ки ақлро тира мекунад.
Ibisobanuro by'icyarabu:
 
Ibisobanuro by'amagambo Isura: Al Maidat
Urutonde rw'amasura numero y'urupapuro
 
Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki - Khawja Mirov Khawja - Ishakiro ry'ibisobanuro

Byasobanuwe na Khawja Mirov Khawja. Byakosowe bihagarariwe n'ikigo Rowad cy'ubusobanuzi, hatangwa uburenganzira bwo gusoma umwimerere wabyo kugira ngo hatangweho ibitekerezo no kubigenzura ndetse no gukomeza kubisobanura mu buryo buhoraho.

Gufunga