Check out the new design

ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර් * - පරිවර්තන පටුන


අර්ථ කථනය පරිච්ඡේදය: ෆාතිර්   වාක්‍යය:
وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ
19. Ва нобинову бино баробар нестанд.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَلَا ٱلظُّلُمَٰتُ وَلَا ٱلنُّورُ
20. ва на торикиву равшанӣ.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَلَا ٱلظِّلُّ وَلَا ٱلۡحَرُورُ
21. ва на сояву ҳарорати офтоб.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَحۡيَآءُ وَلَا ٱلۡأَمۡوَٰتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُسۡمِعُ مَن يَشَآءُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُسۡمِعٖ مَّن فِي ٱلۡقُبُورِ
22. Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Аллоҳ ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ, пас ҳамчунон наметавонӣ ҳақиқатро бар кофироне, ки дилҳояшон мурдааст, бишунавонӣ.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
إِنۡ أَنتَ إِلَّا نَذِيرٌ
23. Ту ҷуз бимдиҳандае нестӣ.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗاۚ وَإِن مِّنۡ أُمَّةٍ إِلَّا خَلَا فِيهَا نَذِيرٞ
24.Ҳароина, Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба ҷаннат касонеро, ки ба ту имон оварданд ва ба фармудаи ту амал намудаанд ва бим диҳӣ ба дӯзах касонеро, ки ба ту имон наовардаанд ва аз амри ту сарпечӣ кардаанд ва ҳеҷ миллате нест, магар ки дар миёнашон бимдиҳандае омада буд, то ҳуҷҷати Аллоҳро бар онҳо бар по намояд![2137]
[2137] Тафсири Саъдӣ 1\688
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَبِٱلزُّبُرِ وَبِٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُنِيرِ
25. Ва агар туро мушрикон дурӯғгӯ шуморанд, бегумон касоне ҳам, ки пеш аз онон будаанд, пайёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғгӯ баровардаанд.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
ثُمَّ أَخَذۡتُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ
26. Сипас онҳоеро, ки куфр варзиданд, ба навъҳои азоб фурӯ гирифтам. Пас бингар уқубати ман чӣ гуна буд?
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ ثَمَرَٰتٖ مُّخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهَاۚ وَمِنَ ٱلۡجِبَالِ جُدَدُۢ بِيضٞ وَحُمۡرٞ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهَا وَغَرَابِيبُ سُودٞ
27. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ, ба таҳқиқ, аз осмон борон фиристод, пас ба он меваҳои гуногун рӯйёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳое: сафед ва сурх ва рангоранг ва ба ғоят сиёҳ падид овардем.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَمِنَ ٱلنَّاسِ وَٱلدَّوَآبِّ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ مُخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ كَذَٰلِكَۗ إِنَّمَا يَخۡشَى ٱللَّهَ مِنۡ عِبَادِهِ ٱلۡعُلَمَٰٓؤُاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ
28. Ва ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни бо рангҳои гуногун падид овардем. Албатта, аз миёни бандагони Аллоҳ танҳо донишмандон, ки фармонашро итоъат мекунанд аз иқоби Ӯ метарсанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар мулкаш пирӯзманду қавӣ аст ва гуноҳи тавбакунандагонро омӯрзанда аст![2138]
[2138] Тафсири Табарӣ 20\462
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ يَرۡجُونَ تِجَٰرَةٗ لَّن تَبُورَ
29. Ба таҳқиқ, онон, ки китоби қуръонро мехонанд ва ба он амал мекунанд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва аз он чи ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате[2139] ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад ва барбод намеравад.
[2139] Мурод аз тиҷорат он савобҳое, ки Аллоҳ барои бандагонаш ваъда додааст. Тафсири Бағавӣ 6\420
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
لِيُوَفِّيَهُمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ غَفُورٞ شَكُورٞ
30. Зеро Аллоҳ мукофоташонро ба пуррагӣ медиҳад ва аз фазли худ подоше бар он меафзояд. Ба таҳқиқ, Аллоҳ гуноҳонашонро омӯрзанда аст ва пазирандаи сипос аст, ки некии андакро аз онҳо мепазирад[2140]!
[2140] Тафсири Саздӣ 1\689
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
 
අර්ථ කථනය පරිච්ඡේදය: ෆාතිර්
සූරා පටුන පිටු අංක
 
ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර් - පරිවර්තන පටුන

කවුජා මිරෝෆ් කවුජා විසින් මෙය පරිවර්තනය කරන ලදී. රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානයේ අධීක්ෂණය යටතේ එය වැඩි දියුණු කර ඇත. අදහස් ප්‍රකාශ කිරීමට, ඇගයීමට හා තවදුරටත් වැඩි දියුණු කිරීමට මුල් පරිවර්තනය දෙස යොමු විය හැක.

වසන්න