Check out the new design

ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර් * - පරිවර්තන පටුන


අර්ථ කථනය පරිච්ඡේදය: අල් අඃරාෆ්   වාක්‍යය:
وَلَمَّا رَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗا قَالَ بِئۡسَمَا خَلَفۡتُمُونِي مِنۢ بَعۡدِيٓۖ أَعَجِلۡتُمۡ أَمۡرَ رَبِّكُمۡۖ وَأَلۡقَى ٱلۡأَلۡوَاحَ وَأَخَذَ بِرَأۡسِ أَخِيهِ يَجُرُّهُۥٓ إِلَيۡهِۚ قَالَ ٱبۡنَ أُمَّ إِنَّ ٱلۡقَوۡمَ ٱسۡتَضۡعَفُونِي وَكَادُواْ يَقۡتُلُونَنِي فَلَا تُشۡمِتۡ بِيَ ٱلۡأَعۡدَآءَ وَلَا تَجۡعَلۡنِي مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
150. Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт (зеро Аллоҳ ӯро огоҳ намуд, ки қавмат дар фитнае мубтало шуданд ва онҳоро Сомирӣ ба залолат бурд), гуфт: «Дар набудани ман чӣ бад ҷонишинӣ кардед. Чаро фармони Парвардигори худро напазируфтед?» Ва лавҳаҳоро бар замин афканд ва мӯйи сари бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: «Эй писари модарам, ин қавм маро заъиф шумурданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас гумон мабар, ки ман кӯтоҳӣ варзидаам, душманонро хурсанд макун ва маро дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд,[733]қарор мадеҳ!»
[733] Тафсири Бағавӣ 3\284
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
قَالَ رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِأَخِي وَأَدۡخِلۡنَا فِي رَحۡمَتِكَۖ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ
151. Вақте Мӯсо аз кардаи худ пушаймон шуд, гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ғазабам ва бародарамро аз он чи байни ӯ ва байни бани Исроил гузашт, биёмӯрз ва моро дар раҳмати хеш дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!»[734]
[734] Тафсири Бағавӣ 3\284
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ ٱلۡعِجۡلَ سَيَنَالُهُمۡ غَضَبٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَذِلَّةٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُفۡتَرِينَ
152. Онон, ки гӯсоларо барои худ маъбуд интихоб карданд, ба зудӣ ба ғазаби сахти Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва ба сабаби куфрашон дар зиндагонии ин дунё ба хорӣ хоҳанд афтод. Ва ба касоне, ки дурӯғ мебанданд ва ибодати ғайри Ӯро иқрор мекунанд, инчунин ҷазо медиҳем![735]
[735] Тафсири Табарӣ 13\135
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَٱلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِهَا وَءَامَنُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
153. Онон, ки корҳои бадро анҷом медиҳанд (аз ширк ва гуноҳони кабира ва сағира), сипас тавба мекунанд ва ба Аллоҳ ва он чи воҷиб гардондаст, имон меоваранд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба омӯрзандаи гуноҳон аст, гарчи ба андозаи замин бошад ва меҳрубон аст бо пазируфтани тавба![736]
[736] Тафсири Саъдӣ 1\ 303 ва Тафсири Табарӣ 13\ 137
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَلَمَّا سَكَتَ عَن مُّوسَى ٱلۡغَضَبُ أَخَذَ ٱلۡأَلۡوَاحَۖ وَفِي نُسۡخَتِهَا هُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلَّذِينَ هُمۡ لِرَبِّهِمۡ يَرۡهَبُونَ
154. Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, лавҳаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд.
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
وَٱخۡتَارَ مُوسَىٰ قَوۡمَهُۥ سَبۡعِينَ رَجُلٗا لِّمِيقَٰتِنَاۖ فَلَمَّآ أَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ قَالَ رَبِّ لَوۡ شِئۡتَ أَهۡلَكۡتَهُم مِّن قَبۡلُ وَإِيَّٰيَۖ أَتُهۡلِكُنَا بِمَا فَعَلَ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَّآۖ إِنۡ هِيَ إِلَّا فِتۡنَتُكَ تُضِلُّ بِهَا مَن تَشَآءُ وَتَهۡدِي مَن تَشَآءُۖ أَنتَ وَلِيُّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَاۖ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡغَٰفِرِينَ
155. Ва Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро ихтиёр кард ва онҳоро ба кӯҳи Тур баровард, то қавмаш аз Парвардигорашон маъзаратхоҳӣ кунанд. Пас, чун ҳозир шуданд, гуфтанд: “Эй Мӯсо Аллоҳро ба мо ошкоро нишон деҳ!”. Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, беҳӯш афтоданд ва ҳалок шуданд. Ва Мӯсо ба зорӣ ва дуъо пардохт ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири аъмоле, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ, моро биёмӯрз ва бар мо раҳм фармо, ки Ту беҳтарини омӯрзандагон ҳастӣ![737]
[737] Тафсири Саъдӣ 1\303
අල්කුර්ආන් අරාබි අර්ථ විවරණ:
 
අර්ථ කථනය පරිච්ඡේදය: අල් අඃරාෆ්
සූරා පටුන පිටු අංක
 
ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර් - පරිවර්තන පටුන

කවුජා මිරෝෆ් කවුජා විසින් මෙය පරිවර්තනය කරන ලදී. රුව්වාද් පරිවර්තන මධ්‍යස්ථානයේ අධීක්ෂණය යටතේ එය වැඩි දියුණු කර ඇත. අදහස් ප්‍රකාශ කිරීමට, ඇගයීමට හා තවදුරටත් වැඩි දියුණු කිරීමට මුල් පරිවර්තනය දෙස යොමු විය හැක.

වසන්න