Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov * - Përmbajtja e përkthimeve


Përkthimi i kuptimeve Surja: Suretu Fussilet   Ajeti:

Сураи Фуссилат (Равшан сохта шуд)

حمٓ
1.Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)
Tefsiret në gjuhën arabe:
تَنزِيلٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
2.Ин Қуръон китобест, ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон бар паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.
Tefsiret në gjuhën arabe:
كِتَٰبٞ فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
3. Китобест, ки оятҳояш бо тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест, ки ба забони арабӣ, осонфаҳм барои мардуме, ки забони арабиро медонанд
Tefsiret në gjuhën arabe:
بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا فَأَعۡرَضَ أَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ
4. Ҳам муждадиҳанда аст ин китоб мӯъминро ба подоши дунё ва охират ва ҳам бимдиҳанда кофирро ба азоби дунё ва охират. Бештарини мардум аз онрӯй гардонидаанд ва онҳо намешунаванд.[2369]
[2369] Шунидане, ки аз он қабул ва иҷобати он мужда ҳосил шавад. Тафсири Саъдӣ 1/ 744
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَقَالُواْ قُلُوبُنَا فِيٓ أَكِنَّةٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ وَفِيٓ ءَاذَانِنَا وَقۡرٞ وَمِنۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابٞ فَٱعۡمَلۡ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ
5. Кофирон ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту (эй Муҳаммад) ҳиҷобест. Пас амал кун ту ба дини худ, албатта мо ҳам амалкунандаем ба дини худ.[2370]
[2370]Тафсири Бағавӣ 7/ 161
Tefsiret në gjuhën arabe:
قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَٱسۡتَقِيمُوٓاْ إِلَيۡهِ وَٱسۡتَغۡفِرُوهُۗ وَوَيۡلٞ لِّلۡمُشۡرِكِينَ
6. Бигӯ (эйПаёмбар): «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки лоиқи ибодат аст. Пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омӯрзиш бихоҳед. Ва вой (азоб), бар мушрикон:
Tefsiret në gjuhën arabe:
ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
7. Онҳое, ки ба ғайри Аллоҳ бутонеро парастиш карданд, ки фоида ва зараре нарасонанд ва нафсҳояшонро ба тавҳид ва ихлос пок накарданд ва намоз нахонданд ва закот надоданд ва ба охират (яъне ба баъс, ҷаннат ва дӯзах) имон надоранд.[2371]
[2371]Тафсири Саъдӣ 1/ 744
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٖ
8. Ҳамоно онон, ки ба Аллоҳу Расулаш ва Китобаш имон овардаанд ва корҳои шоиста карданд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданӣ.
Tefsiret në gjuhën arabe:
۞ قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
9. Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: Оё ба Аллоҳе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори тамоми ҷаҳониён!
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامٖ سَوَآءٗ لِّلسَّآئِلِينَ
10. Ӯ зотест, ки офарид дар болои замин кӯҳҳои устуворро ва баракат[2372] ниҳод дар он ва муайян сохт дар рӯи замин ризқу рӯзӣ (аҳли онро) дар муддати чаҳор рӯз[2373] , ин тафсилот барои суолкунандагон аст.
[2372] Яъне, сарсабзу хуррам гардонид.
[2373] Яъне, ду рӯз заминро офарид ва ду рӯзи дигар дар он куҳҳоро офарид. Тафсири Саъдӣ 1/ 745
Tefsiret në gjuhën arabe:
ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانٞ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ
11. Сипас Аллоҳи пок ба осмон мутаваҷҷиҳ шуд ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед[2374]». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем»[2375].
[2374] Яъне, таслими ҳукми Ман шавед. Тафсири Саъдӣ 1/ 745
[2375] Яъне, нашояд иродаи мо мухолифи иродаи Ту бошад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَقَضَىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَاتٖ فِي يَوۡمَيۡنِ وَأَوۡحَىٰ فِي كُلِّ سَمَآءٍ أَمۡرَهَاۚ وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفۡظٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ
12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард[2376]. Ва осмони дунёро ба чароғҳое (ситорагоне) биёростем ва ҳифзаш кардем [2377]. Ин аст тадбири (Аллоҳи) ғолибу доно.
[2376] Яъне, ба ҳамин тариқ осмонҳову заминҳоро дар шаш рӯз халқ кард. Ва ҳикмати офариниши онҳоро худаш медонад, ҳол он, ки қодир буд дар як лаҳзае онҳоро биёфарад.
[2377] Яъне, аз шайтонҳо, ки хабари осмонро надузданд. Тафсири Бағавӣ 7/ 166
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَقُلۡ أَنذَرۡتُكُمۡ صَٰعِقَةٗ مِّثۡلَ صَٰعِقَةِ عَادٖ وَثَمُودَ
13. Пас, агар рӯй гардонанд он мушрикон, баъд аз он, ки сифатҳои Қуръони накӯ ва сифатҳои Аллоҳи бузург ба онҳо баён шуд. Пас бигӯ ба онҳо: Шуморо аз раъду барқе метарсонам, монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд (ҳангоми кофир шуданашон) фурӯд омад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِذۡ جَآءَتۡهُمُ ٱلرُّسُلُ مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ قَالُواْ لَوۡ شَآءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةٗ فَإِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ
14. Он гоҳ ки расулон аз пешу паси онҳо (пай дар пай) наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Аллоҳи барҳақро мапарастед, (ба паёмбаронашон) гуфтанд : «Агар Парвардигори мо мехост, ки Ӯро ягона ибодат кунем ҳароина, фариштагонеро ба сифати паёмбарон аз осмон нозил мекард. Пас мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, аз имон овардан ба Аллоҳи ягона бовар надорем[2378].
[2378] Тафсири Табарӣ 21/ 443
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَأَمَّا عَادٞ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَقَالُواْ مَنۡ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةًۖ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَهُمۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ
15. Пас аммо Од (қавми Ҳуд) ба ноҳаққӣ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва (мағрурона) гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд, ки албатта, Аллоҳе, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёту ҳуҷҷатҳои Моро инкор мекарданд?
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِيٓ أَيَّامٖ نَّحِسَاتٖ لِّنُذِيقَهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَخۡزَىٰۖ وَهُمۡ لَا يُنصَرُونَ
16. Пас Мо низ боди сахти хунуки овоздор дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта, азоби охират хоркунандатар аст ва ҳеҷ касе барои манъ кардани азоб ба ёриашон барнахезад![2379]
[2379] Тафсири Бағавӣ 7/ 169
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيۡنَٰهُمۡ فَٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡعَمَىٰ عَلَى ٱلۡهُدَىٰ فَأَخَذَتۡهُمۡ صَٰعِقَةُ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡهُونِ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
17. Ва аммо Самуд (қавми Солеҳ )-ро, пас ҳамоно роҳи ҳақ ва рушдро барояшон баён кардем. Пас онҳо кӯриро бар ҳидоят ихтиёр карданд, пас ба хотири гуноҳҳое,[2380] ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.
[2380] Ба Аллоҳ куфр меоварданд ва паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَنَجَّيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ
18. Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, аз азобе, ки Оду Самудро фаро гирифт, наҷот додем.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَيَوۡمَ يُحۡشَرُ أَعۡدَآءُ ٱللَّهِ إِلَى ٱلنَّارِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ
19. Ва рӯзе, ки барангехта шаванд душманони Аллоҳ, пас онҳоро ронанд фариштаҳои азобкунанда ба сӯи дӯзах.
Tefsiret në gjuhën arabe:
حَتَّىٰٓ إِذَا مَا جَآءُوهَا شَهِدَ عَلَيۡهِمۡ سَمۡعُهُمۡ وَأَبۡصَٰرُهُمۡ وَجُلُودُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
20. Чун ба канори оташ оянд, аз иқрори гуноҳҳои худ саркашӣ кунанд, ин ҳангом гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.[2381]
[2381] Тафсири Саъдӣ 1/ 747
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءٖۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
21.Ва он душманони Аллоҳ ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». Гӯянд пӯстҳояшон: «Он Аллоҳе, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ҳеҷ чиз набудед ва баъд аз марг барои ҳисобу китоб ба сӯӣ Ӯ бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَتِرُونَ أَن يَشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُكُمۡ وَلَا جُلُودُكُمۡ وَلَٰكِن ظَنَنتُمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَعۡمَلُونَ
22. Ва аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, ҳангоме ки гуноҳ мекардед чизеро пинҳон намедоштед валекин мепиндоштед, ки Аллоҳ бар бисёре аз корҳои гуноҳеро, ки мекунед, огоҳ нест.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَذَٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِي ظَنَنتُم بِرَبِّكُمۡ أَرۡدَىٰكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
23. Ва ин бадгумоние[2382], ки дар ҳаққи Парвардигоратон доштед, ҳалокатон кард ва (дӯзахӣ шуда) дар шумори зиёнкардагон гардидед.
[2382] Гумонатон ба ин ки Аллоҳ бисёре аз амалҳоятонро намедонад , пас ба ҳамин сабаб ба гуноҳ шитоб кардед ва ҳамин амр шуморо ҳалок гардонид. Тафсири Табарӣ 21\456
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَإِن يَصۡبِرُواْ فَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡۖ وَإِن يَسۡتَعۡتِبُواْ فَمَا هُم مِّنَ ٱلۡمُعۡتَبِينَ
24. Пас, агар сабр кунанд ва бар азоб ҳам тобу тоқат варзанд, пас ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд[2383], касе онҳоро афв накунад.
[2383] Яъне, ин, ки ду бора ба дунё оянд ва амали шоиста кунанд, пас қабул карда нашавад ин талабашон. Тафсири Саъдӣ 1/ 747
Tefsiret në gjuhën arabe:
۞ وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُواْ لَهُم مَّا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ خَٰسِرِينَ
25. Ва барои он мушрикон ҳамнишинҳои бад муқаррар кардем аз шаётини инс ва ҷин, пас барои онҳо аъмоли зишташонро дар дунё дар назарашон биёростанд ва низ барояшон ояндаашонро оростанд[2384]. Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Ҳамоно онҳо ба сабаби амалҳои бади хеш зиёнкор буданд дар дунё ва низ зиён карданд рӯзи қиёмат.[2385]
[2384] Яъне, он чӣ ваъда мешавад дар охират аз қиёмат, ҳисоб, ҷаннат ва дузах ва ғайра дар назарашон дур ё, ки воқеъ нашаванда нишон доданд.
[2385] Тафсири Саъдӣ 1\747
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ
26. Ва гуфтанд кофирон ба якдигар: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва амрҳои онро итоъат накунед ва сухани беҳуда гӯед дар вақти Қуръон хондани Муҳаммад, шояд, ки ба ин роҳ пирӯз шавед бар Муҳаммад ва аз хондани Қуръон бозистад!»[2386]
[2386] Тафсири Табарӣ 21/ 460
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَذَابٗا شَدِيدٗا وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
27. Пас ҳароина, кофиронро азоби сахт мечашонем дар дунёву охират ва ҳамоно сазо медиҳем онҳоро дар охират мувофиқи бадтарин куфру исёне, ки дар дунё мекарданд.
Tefsiret në gjuhën arabe:
ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعۡدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُۖ لَهُمۡ فِيهَا دَارُ ٱلۡخُلۡدِ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ
28. Ин аст ҷазои душманони Аллоҳ, оташ. Дар даруни он хонаи ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро дар дунё инкор мекарданд.[2387]
[2387] Ин оят далолат мекунад ба бузургии гуноҳи шахсе, ки одамонро аз Қуръон ва ҳидоят ба ҳар роҳе боз дорад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيۡنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ أَقۡدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلۡأَسۡفَلِينَ
29. Ва кофирон дар дӯзах гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо нишон деҳ, то, ки онҳоро зери пой кунем, то ки бошанд аз зертарини қаъри дӯзах!»
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ
30. Ҳамоно онҳое, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» баъд аз он дар шариъати Ӯ пойдорӣ варзиданд, дар вақти марг фариштагон фуруд меоянд ва мегӯянд: Матарсед аз марг ва ғамгин мабошед бар гузашта, шуморо мужда аст ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешуд.[2388]
[2388] Тафсири Бағавӣ 7/173
Tefsiret në gjuhën arabe:
نَحۡنُ أَوۡلِيَآؤُكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَشۡتَهِيٓ أَنفُسُكُمۡ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ
31. Фариштагон ба онҳо мегӯянд: Мо ба амри Аллоҳ дар дунё дӯстон ва муҳофизи шумо будем ва низ дар охират дӯстони шумоем. Ва дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст[2389].
[2389] Тафсири Бағавӣ 7/173
Tefsiret në gjuhën arabe:
نُزُلٗا مِّنۡ غَفُورٖ رَّحِيمٖ
32. Меҳмоннавозист аз ҷониби Аллоҳи омӯрзандаи меҳрубон.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَمَنۡ أَحۡسَنُ قَوۡلٗا مِّمَّن دَعَآ إِلَى ٱللَّهِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
33. Ва кист некӯтар (ба эътибори сухан) аз сухани он, ки ба сӯи тавҳид ва ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?[2390]
[2390] Ин оят баёнгари бузргии уламоест, ки аз рӯи басират ва мувофиқи суннат даъват мекунанд. Тафсири Саъдӣ 1/749
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَلَا تَسۡتَوِي ٱلۡحَسَنَةُ وَلَا ٱلسَّيِّئَةُۚ ٱدۡفَعۡ بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ فَإِذَا ٱلَّذِي بَيۡنَكَ وَبَيۡنَهُۥ عَدَٰوَةٞ كَأَنَّهُۥ وَلِيٌّ حَمِيمٞ
34. Ҳаргиз шахсони имондори нек хулқ ва шахсони кофири бад хулқ баробар нестанд. Бартараф кун, (яъне ҷавоб гардон ҳар гуна бадиро) ба муъомалаву хислати беҳтару некӯтар ва мебинӣ, ки ногоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душманист гӯё ӯ ба ту дӯсту хешованд аст.[2391]
[2391] Тафсири Табарӣ 21/ 470
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمٖ
35. Ва бархурдор нашаванд аз ин хислати некӯ магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд дар дунё ва охират.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ نَزۡغٞ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
36. Ва чун аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ[2392], пас ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ таъоло шунавову доност ба корҳои халқаш!
[2392] Барои анҷом додани бадиро бо бади. Тафсири Табарӣ 21/ 473
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
37. Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед![2393]
[2393] Тафсири Табарӣ 21/473
Tefsiret në gjuhën arabe:
فَإِنِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فَٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُۥ بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُمۡ لَا يَسۡـَٔمُونَ۩
38. Пас агар он мушрикон аз саҷда кардани барои Аллоҳ такаббур меварзанд, пас ҳамоно фариштагоне, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, такаббур намеварзанд, балки бехастагиву дилгиршавӣ, шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд.[2394]
[2394] Ояти мазкур саҷдаи навбатист, ки бар хонандаву шунаванда як бор саҷда кардан воҷиб мешавад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
39. Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад. Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَآۗ أَفَمَن يُلۡقَىٰ فِي ٱلنَّارِ خَيۡرٌ أَم مَّن يَأۡتِيٓ ءَامِنٗا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ
40. Ҳамоно касоне, ки аз ҳақ дур мешаванд ва ба Қуръон кофир мешаванду онро дигаргун мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он мулҳиде,[2395] ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё касе , ки биёяд эмин шуда дар рӯзи қиёмат? Ҳар чӣ мехоҳед эй мулҳидон бикунед, ҳароина, Ӯ ба кард ва кирдорҳоятон биност![2396]
[2395] Яъне, мункирон ё таҳриф кунандаҳои оятҳои Аллоҳ. Тафсири Саъдӣ 1/ 750
[2396] Яъне, мебинад амали шуморо ва тибқи он мукофот медиҳад ба шумо. Тафсири Саъдӣ 1/ 750
Tefsiret në gjuhën arabe:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ
41. Ҳамоно онҳое, ки ба Қуръон чун бар онҳо нозил шуд инкор карданд, кофир шуданд ва дар баробари куфри хеш, ҳалокшавандаву азоб кардашуда мебошанд. Ва ҳамоно ин Қуръон китоби арҷманду гиромиқадр аст ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст.
Tefsiret në gjuhën arabe:
لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ
42. Ҳаргиз аз пешу паси ӯ ботил роҳ намеёбад.[2397] Нозилшуда аз ҷониби Аллоҳе, ки доност ба корҳои бандагонаш ва соҳиби ҳамду саност ба сифатҳои камол.
[2397] Яъне, Аллоҳ Қуръонро аз ҳама гуна тағйиру табдил ҳифз кардааст.
Tefsiret në gjuhën arabe:
مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدۡ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبۡلِكَۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٖ
43. Ҳар чӣ дар бораи ту (эй Паёмбар он мушрикон) мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Пас сабр кун ва дар даъвати худ устувор бош! Албатта, Парвардигори ту ҳам омӯрзандаи тавбакунандагон аст ва ҳам соҳиби азоби дардовар аст кофиронро![2398]
[2398] Тафсири Саъдӣ 1/ 750
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيّٗا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيّٞ وَعَرَبِيّٞۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدٗى وَشِفَآءٞۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٞ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ
44. Ва агар ин Қуръонро (эй Паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: « Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд.[2399]
[2399] Тафсири Табарӣ 21/482
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ
45. Ва ҳароина, ба Мӯсо китоби Таврот додем, ҳамчунон ки ба ту Қуръонро додем, пас дар он қавми ӯ ихтилоф карданд, баъзеяшон имон оварданд ва баъзеяшон кофир шуданд. Ва агар набуд он калимае,[2400] ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, ҳароина, миёнашон кор ба поён меомад. Ва албатта, ҳанӯз мушрикон дар шакку шубҳаи сахтанд аз Қуръон.
[2400] Яъне, таъхири азоб аз қавмат то рӯзи қиёмат, дар ҳол азоб карда мешуданд. Тафсири Саъдӣ 1/ 751
Tefsiret në gjuhën arabe:
مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ
46. Ҳар кас, ки кори шоистае кунад ва итоъати Аллоҳу Расулаш кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад ва нофармонии Аллоҳу Расулаш кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.[2401]
[2401] Яъне, дар додани сазову ҷазо. Тафсири Табарӣ 21\487
Tefsiret në gjuhën arabe:
۞ إِلَيۡهِ يُرَدُّ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِۚ وَمَا تَخۡرُجُ مِن ثَمَرَٰتٖ مِّنۡ أَكۡمَامِهَا وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ أَيۡنَ شُرَكَآءِي قَالُوٓاْ ءَاذَنَّٰكَ مَا مِنَّا مِن شَهِيدٖ
47. Сӯӣ Аллоҳи ягона бармегардад илми вуқӯъи қиёмат (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки Ӯ таъоло ба он огоҳ аст. Ва рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ мушриконро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд[2402]? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки нест ҳеҷ касе аз мо гувоҳӣ диҳад, ки Ту бо худ шарике дорӣ ва имрӯз мо ҳама яктопараст ҳастем!
[2402] Яъне, онҳоеро, ки дар ибодати Ман шарик мекардед. Тафсири Табарӣ 21 / 488
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَدۡعُونَ مِن قَبۡلُۖ وَظَنُّواْ مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٖ
48. Ва мушрикон он чиро пеш аз ғайри Аллоҳ мепарастиданд, аз даст доданд ва донистанд, ки аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе надоранд.
Tefsiret në gjuhën arabe:
لَّا يَسۡـَٔمُ ٱلۡإِنسَٰنُ مِن دُعَآءِ ٱلۡخَيۡرِ وَإِن مَّسَّهُ ٱلشَّرُّ فَيَـُٔوسٞ قَنُوطٞ
49. Дилгиру хаста намешавад инсон аз талаби хайр аз Парвардигораш, (яъне, аз талаби молу давлат, бахту саъодат). Ва агар бирасадаш сахтӣ (яъне камбағалӣ ва сахтӣ). Пас ӯ аз раҳмати Аллоҳ ноумед аст, ва бадандеш аст.[2403]
[2403] Яъне, ба нисбати Парвардигораш .Тафсири Саъдӣ 1/752
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَلَئِنۡ أَذَقۡنَٰهُ رَحۡمَةٗ مِّنَّا مِنۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُولَنَّ هَٰذَا لِي وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةٗ وَلَئِن رُّجِعۡتُ إِلَىٰ رَبِّيٓ إِنَّ لِي عِندَهُۥ لَلۡحُسۡنَىٰۚ فَلَنُنَبِّئَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِمَا عَمِلُواْ وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيظٖ
50. Агар пас аз ранҷе, ки ба инсон расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, шукри Аллоҳ намекунад, балки гуноҳ карда мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва бовар надорам, ки қиёмат барпо шавад[2404]. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта назди Ӯ ҳолате хуштар (ҷаннате бароям) бошад». Пас, ҳатман, кофиронро рӯзи қиёмат ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азоби сахте мечашонем.[2405]
[2404]Яъне, ба рӯзи (баъс) аз нав зинда шудан бовар надорам.
[2405] Тафсири Табарӣ 21/491
Tefsiret në gjuhën arabe:
وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ فَذُو دُعَآءٍ عَرِيضٖ
51. Ва чун ба одамӣ неъмате (саломатӣ ё ризқу рузӣ) инъом кунем, рӯйгардон мешавад ва бо такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ балое бирасад, дар ҳол ба Парвардигораш дуъову илтиҷои бисёре кунад.[2406]
[2406] Яъне, ӯ Парвардигорашро дар сахтиҳо мешиносад ва дар осониҳо намешиносад.
Tefsiret në gjuhën arabe:
قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كَانَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ثُمَّ كَفَرۡتُم بِهِۦ مَنۡ أَضَلُّ مِمَّنۡ هُوَ فِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ
52. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикон: «Хабар диҳед ба ман, агар ин Қуръон, аз ҷониби Аллоҳ бошад, сипас шумо онро дурӯғ бароварда боз кофир шавед, дар ин ҳол ҳеҷ кас -ба сабаби адоват ва ситезии шумо бо ҳақ- аз шумо гумроҳтар нест.
Tefsiret në gjuhën arabe:
سَنُرِيهِمۡ ءَايَٰتِنَا فِي ٱلۡأٓفَاقِ وَفِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّۗ أَوَلَمۡ يَكۡفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ
53. Ба зудӣ, нишон хоҳем дод ба ин мункирон нишонаҳои қудрати худро аз футуҳот ва зоҳир шудани Ислом дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон, то барояшон возеҳу равшан шавад, ки ҳароина, Қуръоне, ки аз назди Парвардигори оламиён ваҳй шудааст, ҳақ аст. Оё кофӣ нест барои онҳо гувоҳии Парвардигори ту бар ин, ки Қуръон ҳақ аст ва касе, ки онро овардааст ростқавл аст. Пас ба дурустӣ, Ӯ таъоло шоҳидӣ додааст ба ҳақ барои ӯ. Ва Ӯ таъоло бар ҳама чиз шоҳид аст ва шаҳодати Ӯ таъоло аз ҳама шаҳодатҳо бузургтар аст. [2407]
[2407] Тафсири Саъдӣ 1/ 752
Tefsiret në gjuhën arabe:
أَلَآ إِنَّهُمۡ فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآءِ رَبِّهِمۡۗ أَلَآ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءٖ مُّحِيطُۢ
54. Огоҳ бош, ки ҳароина, кофирон аз дидори Парвардигорашон ва аз ду бора зинда шудан дар шубҳаанд. Огоҳ бош, ки Ӯ ҳароина, (аз рӯи илм ва қудрат ва иззат) бар ҳар чизе иҳота дорад. Ҳеҷ чизе дар замину осмон аз Ӯ пинҳон нест.[2408]
[2408] Тафсири Саъдӣ 1/752
Tefsiret në gjuhën arabe:
 
Përkthimi i kuptimeve Surja: Suretu Fussilet
Përmbajtja e sureve Numri i faqes
 
Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov - Përmbajtja e përkthimeve

Përkthimi i kuptimeve të Kuranit në taxhikishte - Përkthyer nga Hoxha Mirov - Botuar nga Kompleksi Mbreti Fehd për Botimin e Mushafit Fisnik në Medinë. Redaktuar nga qendra "Ruvad et-Terxheme". Çdo vërejtje a kritikë lidhur me përkthimin është e mirëseardhur.

Mbyll