Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அந்நஹ்ல்   வசனம்:
وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَأَنۡهَٰرٗا وَسُبُلٗا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
15. Ва бар замин кӯҳҳоро устувор ва мустаҳкам қарор дод, то шуморо наларзонад. Ва дарёҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед!
அரபு விரிவுரைகள்:
وَعَلَٰمَٰتٖۚ وَبِٱلنَّجۡمِ هُمۡ يَهۡتَدُونَ
16. Ва дар рӯз нишонаҳоеро қарор дод чун дарёҳо ва кӯҳҳо ва дар шаб ба василаи ситорагон роҳ меёбанд.[1338]
[1338] Тафсири Табарӣ 17\185
அரபு விரிவுரைகள்:
أَفَمَن يَخۡلُقُ كَمَن لَّا يَخۡلُقُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
17. Оё он касе ки меофарад, ҳамаи чизҳоро монанди касест, ки намеофарад? Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед.[1339]
[1339] Тафсири Саъдӣ 1\437
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
18. Агар бихоҳед неъматҳои Аллоҳро шумор кунед, пас аз сабаби бисёр ва гуногун буданаш ҳисобидан натавонед. Албатта Аллоҳ барои шумо омӯрзандаву меҳрубон аст ва аз камбудиҳоятон неъматашро аз шумо қатъ намекунад ва шуморо тез ба уқубат намегирад![1340]
[1340] Тафсири Бағавӣ 5\14
அரபு விரிவுரைகள்:
وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ
19. Он чиро, ки пинҳон мекунед ва ё ошкор месозед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва аз он дар рӯзи қиёмат ҳисобатон хоҳад кард[1341]
[1341] Тафсири Табарӣ 17\187
அரபு விரிவுரைகள்:
وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَخۡلُقُونَ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ
20. Ва онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд аз бутон, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ офарида мешаванд.
அரபு விரிவுரைகள்:
أَمۡوَٰتٌ غَيۡرُ أَحۡيَآءٖۖ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ
21. Он бутҳоеро, ки мепарастанд мурдаанд ва беҷонанд, намедонанд, ки чи вақт зинда мешаванд.[1342]
[1342] Тафсири Табарӣ 17\188
அரபு விரிவுரைகள்:
إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۚ فَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ قُلُوبُهُم مُّنكِرَةٞ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ
22. Аллоҳи шумо ягона маъбудест, ки Ӯст сазовори ибодат. Ва онон, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон ягонагии Аллоҳро инкоркунандааст ва аз сабаби натарсиданашон аз азоби Парвардигор худашон мутакаббир ҳастанд.[1343]
[1343] Тафсири Табарӣ 17\189
அரபு விரிவுரைகள்:
لَا جَرَمَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡتَكۡبِرِينَ
23. Ба ростӣ, ки Аллоҳ медонад, ки чи дар ақидаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо пинҳон медоранд ва чи чизеро аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод![1344]
[1344] Тафсири Табарӣ 17\189
அரபு விரிவுரைகள்:
وَإِذَا قِيلَ لَهُم مَّاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡ قَالُوٓاْ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
24. Чун ба онҳое ки ба охират имон намеоранд аз мушрикон гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чизҳоеро нозил кардааст?» Ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Афсонаҳои гузаштагонро нозил кардааст».[1345]
[1345] Тафсири Саъдӣ 1\438
அரபு விரிவுரைகள்:
لِيَحۡمِلُوٓاْ أَوۡزَارَهُمۡ كَامِلَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَمِنۡ أَوۡزَارِ ٱلَّذِينَ يُضِلُّونَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٍۗ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ
25. То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш[1346] ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки чибори баде бар дӯшмебардоранд!
[1346] Ба сабаби имон наоварданашон ба Аллоҳ ва куфр оварданашон ба он чи нозил шудааст ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 17\190
அரபு விரிவுரைகள்:
قَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنۡيَٰنَهُم مِّنَ ٱلۡقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّقۡفُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
26. Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон аҳли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд. Пас фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд.[1347]
[1347] Тафсири Саъдӣ 1\438
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அந்நஹ்ல்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக