Check out the new design

அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் * - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை


மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அந்நஹ்ல்   வசனம்:
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
43. Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд? [1363]
[1363] Аз ин оят чунин қоида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили дини нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1 /441
அரபு விரிவுரைகள்:
بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ
44. Онҳоро ба далелҳои равшан ва китобҳои осмони фиристодем. Ва ба сӯи ту эй Расул низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд ва итоъат кунанд[1364].
[1364] Тафсири Табарӣ 17\211
அரபு விரிவுரைகள்:
أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخۡسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
45. Оё он мушрикони араб, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Аллоҳ онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?
அரபு விரிவுரைகள்:
أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ فِي تَقَلُّبِهِمۡ فَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ
46. Ё ба ҳангоми омаду рафт онҳоро фурӯ бигирад, пас онҳо оҷиз карда наметавонанд Аллоҳро.
அரபு விரிவுரைகள்:
أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ عَلَىٰ تَخَوُّفٖ فَإِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٌ
47. Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо азобашон кунанд? Пас ҳароина Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст , зуд ба уқубат намегирад![1365]
[1365] Тафсири Бағавӣ 5\21
அரபு விரிவுரைகள்:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٖ يَتَفَيَّؤُاْ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدٗا لِّلَّهِ وَهُمۡ دَٰخِرُونَ
48. Оё инҳо кофирон чизҳоеро, ки Аллоҳ офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ фурӯтан шудаанд.
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن دَآبَّةٖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ
49. Ва он чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагон ва фариштагон Аллоҳро саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд.
அரபு விரிவுரைகள்:
يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ۩
50. Малоикаҳо аз Парвардигорашон, ки дар болои сарашон аст, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамонро мекунанд.[1366]
[1366] Дар ин оят исботи сифати олӣ ва боло будани бар ҷамъии махлуқоташ омдааст.
அரபு விரிவுரைகள்:
۞ وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓاْ إِلَٰهَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ
51. Аллоҳ ба бандагонаш гуфт: «Ду маъбудро мапарастед ва ҷуз ин нест, ки Ӯ таъоло маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»
அரபு விரிவுரைகள்:
وَلَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًاۚ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ
52. Ҳар чи дар осмонҳову замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед?[1367]
[1367] Тафсири Бағавӣ 5\23
அரபு விரிவுரைகள்:
وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجۡـَٔرُونَ
53. Ва ҳар неъмате, аз саломати , фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред , аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, касалӣ ва қаҳтӣ, пас ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед.[1368]
[1368] Тафсири Саъдӣ 1\442
அரபு விரிவுரைகள்:
ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمۡ إِذَا فَرِيقٞ مِّنكُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ
54. Ва боз чун сахтиро аз сари шумо бардорад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд.
அரபு விரிவுரைகள்:
 
மொழிபெயர்ப்பு அத்தியாயம்: அந்நஹ்ல்
அத்தியாயங்களின் அட்டவணை பக்க எண்
 
அல்குர்ஆன் மொழிபெயர்ப்பு - தாஜிக் மொழிபெயர்ப்பு - கோஜா மைரூப் கோஜா மைர் - மொழிபெயர்ப்பு அட்டவணை

கோஜா மிரோவ் கோஜா மிர் மூலம் மொழிபெயர்க்கப்பட்டது. மொழிபெயர்ப்பு முன்னோடிகள் மையத்தின் கண்காணிப்பில் உருவாக்கப்பட்டது. தொடர்ந்த மேம்பாட்டிற்காக மதிப்பீடு செய்திடவும், கருத்துத் தெரிவிக்கவும் பிரதான மொழிபெயர்ப்பை பார்க்க அனுமதி வழங்கப்படும்.

மூடுக