3. Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, барҳақ[2563] ва дар муддати муайян офаридаем. Ва кофирон аз он чи Қуръон бимашон медиҳад, рӯй мегардонанд.
[2563] Яъне, то бидонанд бандагон бузургии Парвардигорашонро ва Ӯро ягона ибодат кунанд ва бидонанд, ки Ӯ таъоло қодир аст бандагонро баъд аз маргашон дубора зиндабаргардонад, то ки ҳақ ва адлро дар байнашон то вақти муаян кардашуда барпо кунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 779
5. Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба дуъо мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, чунки онҳо (бутон, ё мурдагон, ё сангҳо ва дарахтон ва монанди инҳо) аз дуъои бутпарастон бехабаранд, на худ мешунаванд ва на мефаҳманд.[2565]
9. Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: Ман аз миёни дигар паёмбарон нахустин паёмбар нестам, (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Аллоҳ гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо дар дунё чӣ хоҳад расид, чунки илми ғайб намедонам. Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва шуморо низ ба он амр намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандаи ошкоре нестам.[2567]
10.Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: «Ба ман хабар диҳед, агар Қуръон аз ҷониби Аллоҳ бошад ва шумо ба он имон наоваред ва яке аз мардони бани Исроил (мисли Абдулло ибни Салом)[2568] ба он гувоҳӣ диҳад ва имон биоварад, вале шумо гарданкашӣ кардед, оё ситамгар нестед? Албатта, Аллоҳ таъоло мардуми ситамкорро ба сӯи Ислом ҳидоят намекунад!»
[2568] Яъне, Абдулло ибни Салом, олими аҳли китоб, ки аз илми Таврот бо хабар буд аз омадани паёмбари охири замон огоҳӣ дошт ва ба паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овард.Тафсири Бағавӣ 7/ 254
15. Ва одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ дар ҳаёташон ва баъд аз маргашон амр кардаем. Албатта модараш ӯро ҳангоми ҳомилагӣ бо душворӣ бардошт ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард). Ва муддати ҳамл ва то аз шир ҷудо шуданаш, сӣ моҳ аст,[2569] то чун ба синни ҷавонӣ (пурқувватӣ) расад ва ба чиҳилсолагӣ медарояд, дуъо карда мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман тавфиқ деҳ, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷой орам ва кори шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам»[2570].
[2569]Ин оят далел аст ба бартар будани ҳаққи модар аз падар. [2570] Яъне, аз онҳое, ки сар фуруд оварданд барои тоътат ва таслим шудаанд ба амрҳоят ва наҳйҳоят.
19. Ва барои ҳар як аз ду гӯруҳ (аҳли хайр ва аҳли шар) нисбат ба корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ дараҷотест, то ки Аллоҳ подоши корҳояшонро, ки дар дунё кардаанд, ба пуррагӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад, на бар гуноҳашон афзуда мешавад ва на аз хубиҳояшон кам карда мешавад.[2573]
22. Қавми Ҳуд гуфтанд: «Оё омадаӣ, бо дурӯғҳоят то моро аз парастиши маъбудонамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда медиҳӣ, аз азоби бузург ба миён биёвар».
పవిత్ర ఖురాన్ యొక్క భావార్థాల అనువాదం - తాజిక్ అనువాదం - ఖాజా మీరూఫ్ ఖాజా మీర్ - అనువాదాల విషయసూచిక
ఖురాన్ యొక్క అర్థాలను తాజిక్ లోకి అనువదించడం. దాని అనువాదకులు ఖాజా మీరోఫ్ ఖాజా మీర్. సెంటర్ ఫర్ ట్రాన్స్ లేషన్ పయినీర్ల పర్యవేక్షణలో ఇది సరిచేయబడింది మరియు అభిప్రాయం, మదింపు మరియు నిరంతర అభివృద్ధి కొరకు ఒరిజినల్ ట్రాన్స్ లేషన్ యాక్సెస్ లభ్యం అవుతుంది.
Contents of the translations can be downloaded and re-published, with the following terms and conditions:
1. No modification, addition, or deletion of the content.
2. Clearly referring to the publisher and the source (QuranEnc.com).
3. Mentioning the version number when re-publishing the translation.
4. Keeping the transcript information inside the document.
5. Notifying the source (QuranEnc.com) of any note on the translation.
6. Updating the translation according to the latest version issued from the source (QuranEnc.com).
7. Inappropriate advertisements must not be included when displaying translations of the meanings of the Noble Quran.
అన్వేషణ ఫలితాలు:
API specs
Endpoints:
Sura translation
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/sura/{translation_key}/{sura_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified sura (by its number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114)
Returns:
json object containing array of objects, each object contains the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".
GET / https://quranenc.com/api/v1/translation/aya/{translation_key}/{sura_number}/{aya_number} description: get the specified translation (by its translation_key) for the speicified aya (by its number sura_number and aya_number)
Parameters: translation_key: (the key of the currently selected translation) sura_number: [1-114] (Sura number in the mosshaf which should be between 1 and 114) aya_number: [1-...] (Aya number in the sura)
Returns:
json object containing the "sura", "aya", "translation" and "footnotes".