Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Ahqaf   Câu:
وَإِذۡ صَرَفۡنَآ إِلَيۡكَ نَفَرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ يَسۡتَمِعُونَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوٓاْ أَنصِتُواْۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوۡاْ إِلَىٰ قَوۡمِهِم مُّنذِرِينَ
29. Ва ба ёд овар эй паёмбар, чун гурӯҳе аз ҷинҳоро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон мехонд, гуфтанд: «Хомӯш бошед, то Қуръонро бишнавем! Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.[2582]
[2582] Тафсири Табарӣ 22/ 140
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالُواْ يَٰقَوۡمَنَآ إِنَّا سَمِعۡنَا كِتَٰبًا أُنزِلَ مِنۢ بَعۡدِ مُوسَىٰ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلۡحَقِّ وَإِلَىٰ طَرِيقٖ مُّسۡتَقِيمٖ
30. Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳароина, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро, ки ба паёмбаронаш нозил кардааст, тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
يَٰقَوۡمَنَآ أَجِيبُواْ دَاعِيَ ٱللَّهِ وَءَامِنُواْ بِهِۦ يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُجِرۡكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
31. Эй қавми мо, суханҳои ин фиристодаи Аллоҳ (Муҳаммад)-ро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Аллоҳ гуноҳҳоятонро биёмӯрзад ва шуморо аз азоби дардовар дар амон дорад.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَمَن لَّا يُجِبۡ دَاعِيَ ٱللَّهِ فَلَيۡسَ بِمُعۡجِزٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَيۡسَ لَهُۥ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءُۚ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
32.Ва ҳар касе, ки қабул накунад даъвати даъваткунандаи Аллоҳро, ки даъват мекунад ба сӯи Аллоҳ, наметавонад, дар рӯйи замин аз азоби Аллоҳи барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Аллоҳи барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَلَمۡ يَعۡيَ بِخَلۡقِهِنَّ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
33. Оё намебинанд ва надонистаанд, Аллоҳе, ки осмонҳову заминро нахустин бор биёфарид[2583], дар офаридани онҳо оҷиз намондааст. Ӯ тавоност, бар он ки мурдагонро зинда кунад. Бале, ин кор ба Аллоҳ осон аст. Ӯ бар ҳар коре тавоност!
[2583] Ба ғайри мисоли пешина, яъне аз дигар осмон ё замине рӯй бардор карда нашудааст.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَيَوۡمَ يُعۡرَضُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَلَى ٱلنَّارِ أَلَيۡسَ هَٰذَا بِٱلۡحَقِّۖ قَالُواْ بَلَىٰ وَرَبِّنَاۚ قَالَ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ
34. Ва рӯзи қиёмат, ки кофирон бар оташи дӯзах барои азоб пешкаш карда шаванд, пас гуфта шавад ба онон: Оё ин азоб ҳақ нест? Гӯянд: «Бале, савганд ба Парвардигорамон!» Парвардигорашон мефармояд: «Ба хотири куфре[2584], ки меварзидаед, азобро бичашед!»
[2584] Яъне, инкор мекардед дар дунё азоби дузахро.Тафсири Табарӣ 22/144
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
فَٱصۡبِرۡ كَمَا صَبَرَ أُوْلُواْ ٱلۡعَزۡمِ مِنَ ٱلرُّسُلِ وَلَا تَسۡتَعۡجِل لَّهُمۡۚ كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَ مَا يُوعَدُونَ لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا سَاعَةٗ مِّن نَّهَارِۭۚ بَلَٰغٞۚ فَهَلۡ يُهۡلَكُ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
35. Пас, сабр кун эй паёмбар, ба озору азияти мушрикон, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм[2585] сабр карда буданд. Ва дар азоб додани онҳо шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шудааст, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз дар дунё ба қадри соате аз рӯз ҳаёт надидаанд. Ин хабар асту бас барои онон ва ғайрашон. Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.
[2585] Яъне, ҳиммати олидошта ба мисли Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва ту эй Паёмбар (саллаллоҳу алайка ва алайҳимуссаллоту ва саллом). Тафсири ибни Касир 7/ 305
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Ahqaf
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại