Check out the new design

แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - เคาญะฮ์ เมรูฟ เคาญะฮ์ เมร์ * - สารบัญ​คำแปล


แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: Yūnus   อายะฮ์:
وَلَوۡ أَنَّ لِكُلِّ نَفۡسٖ ظَلَمَتۡ مَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لَٱفۡتَدَتۡ بِهِۦۗ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۖ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡقِسۡطِ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
54. Ва агар ҳар касе, шарик оварад ва кофир шавад, соҳиби ҳамаи сарвати рӯи замин бошад, барои наҷоти худ аз азоб албатта онро фидя диҳад. Ва чун (пешвоёни мушрикон) азобро бингаранд, пушаймонии хеш дар дил пинҳон доранд, миёнашон ба адолат ҳукм шавад ва мавриди ситам воқеъ нагарданд.[993]
[993] Тафсири Табарӣ 15\103
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَلَآ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
55. Бидонед, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Аллоҳ аст! Ва огоҳ бошед, ки ваъдаи Аллоҳ[994] ҳақ аст, вале бештарашон ҳақиқати онро намедонанд!
[994] Расидан ба дидори Аллоҳ ва азобаш барои мушрикон.
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
56. Ӯст, ки зинда мекунаду мемиронад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешаванд.
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَتۡكُم مَّوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَشِفَآءٞ لِّمَا فِي ٱلصُّدُورِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ
57. Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад, ки шуморо аз азоби Аллоҳ бим медиҳад ва он Қуръон аст, ки дорои ахлоқ ва аъмоли шоистаи шумо аст ва дар он шифоест барои он беморие, ки дар дил доред (аз нодонӣ, шакку шубҳа ва ширк) ва роҳнамоиву раҳматест барои мӯъминон.[995]
[995] Тафсири Саъдӣ 1\365
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
قُلۡ بِفَضۡلِ ٱللَّهِ وَبِرَحۡمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلۡيَفۡرَحُواْ هُوَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ
58. Эй Паёмбар, барои ҳамаи мардум бигӯ: Ба фазли Аллоҳу раҳмати Ӯ (ки Қуръон ва дини ислом аст), шодмон шаванд, зеро ин ду (яъне, фазлу раҳмати Аллоҳ) аз ҳар чӣ аз матои дунё ва лаззатҳои он ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.[996]
[996] Тафсири Саъдӣ 1\365
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
قُلۡ أَرَءَيۡتُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ لَكُم مِّن رِّزۡقٖ فَجَعَلۡتُم مِّنۡهُ حَرَامٗا وَحَلَٰلٗا قُلۡ ءَآللَّهُ أَذِنَ لَكُمۡۖ أَمۡ عَلَى ٱللَّهِ تَفۡتَرُونَ
59. Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «Оё ба ризқе, ки Аллоҳ бароятон (аз ҳайвон, наботот ва хайрот) нозил кардааст, нигаристаед? Баъзеро ҳаром шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ барояшон: «Аллоҳ ба шумо иҷоза додааст ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»[997]
[997] Тафсири Табарӣ 15\111
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَمَا ظَنُّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ
60. Онон, ки дар бораи рӯзи қиёмат ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, чӣ гумон кардаанд? Оё гумон мекунанд, ки бо ин кирдорашон гуноҳонашон омурзида мешавад. Аллоҳ фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, ки онҳоро зуд ба азоб намегирад, балки дар дунё мӯҳлаташон медиҳад, вале бештаринашон шукр намегӯянд ва ба худ вазнинӣ меоранд ва ҳалолкардаи Аллоҳро бар худ ҳаром мекунанд![998]
[998] Тафсири ибни Касир 4\276
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَمَا تَكُونُ فِي شَأۡنٖ وَمَا تَتۡلُواْ مِنۡهُ مِن قُرۡءَانٖ وَلَا تَعۡمَلُونَ مِنۡ عَمَلٍ إِلَّا كُنَّا عَلَيۡكُمۡ شُهُودًا إِذۡ تُفِيضُونَ فِيهِۚ وَمَا يَعۡزُبُ عَن رَّبِّكَ مِن مِّثۡقَالِ ذَرَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَآ أَصۡغَرَ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡبَرَ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٍ
61. Эй Расул, дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ; ва ҳар амалеро, ки мекунед аз неку бад, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем. Ва мувофиқи он амалҳоятон подошатон хоҳем дод ва бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин[999]навишта шудааст.[1000]
[999] Лавҳу-л-маҳфуз: китобест, ки тақдири ҳама махлуқот дар он сабт шудааст
[1000] Тафсири Табарӣ 15\114
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
 
แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: Yūnus
สารบัญสูเราะฮ์ หมายเลข​หน้า​
 
แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - เคาญะฮ์ เมรูฟ เคาญะฮ์ เมร์ - สารบัญ​คำแปล

แปลโดย คูวญะฮ์ เมรูฟ คูวญะฮ์ เมร์ ได้รับการพัฒนาภายใต้การดูแลของทีมงานศูนย์แปลรุว๊าด และสามารถดูคำแปลต้นฉบับที่มีไว้เพื่อการเสนอแนะ ประเมินผลและพัฒนาอย่างต่อเนื่อง

ปิด