แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - คูวจญะฮ์ เมรูฟ คูวจญะฮ์ เมรฺ * - สารบัญ​คำแปล


แปลความหมาย​ อายะฮ์: (154) สูเราะฮ์: Āl-‘Imrān
ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيۡكُم مِّنۢ بَعۡدِ ٱلۡغَمِّ أَمَنَةٗ نُّعَاسٗا يَغۡشَىٰ طَآئِفَةٗ مِّنكُمۡۖ وَطَآئِفَةٞ قَدۡ أَهَمَّتۡهُمۡ أَنفُسُهُمۡ يَظُنُّونَ بِٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ ظَنَّ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِۖ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ مِن شَيۡءٖۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَمۡرَ كُلَّهُۥ لِلَّهِۗ يُخۡفُونَ فِيٓ أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبۡدُونَ لَكَۖ يَقُولُونَ لَوۡ كَانَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٞ مَّا قُتِلۡنَا هَٰهُنَاۗ قُل لَّوۡ كُنتُمۡ فِي بُيُوتِكُمۡ لَبَرَزَ ٱلَّذِينَ كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَتۡلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمۡۖ وَلِيَبۡتَلِيَ ٱللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمۡ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
154. Ва пас аз ғаме, ки ба шумо расида буд, оромишро бар шумо фуруд овард, ба гунае, ки хоби сабуке гурўҳе аз шуморо фаро гирифт. Ва ин гурўҳ мўъминон буданд. Аммо гурўҳи дигар, касоне буданд, ки фақат дар фикри худашон буданд, ба хотири ин ки мунофиқ буданд ё ин ки имонашон заъиф буд, бино бар ин хобе, ки дигаронро фаро гирифта буд, ба онҳо нарасид. Ва гуфтанд: Мо аз пирўзӣ баҳрае надорем, пас нисбат ба Парвардигор ва Паёмбараш гумони бад бурданд ва тасаввур карданд, ки Аллоҳ Паёмбарро ёрӣ намедиҳад. Бигӯ: Ҳама кор аз они Аллоҳ аст. Мунофиқон дар дили худ чизҳоеро пинҳон медоранд, ки онро барои ту ошкор намекунанд. Мегўянд: Агар бо мо дар ин амр бо розигӣ машварате мешуд, дар инҷо кушта намешудем. Бигў: Агар дар хонаҳоятон ҳам мебудед, ҳароина касоне ки бар онҳо кушта шудан муқаддар шуда буд ба маҳалли кушта шудани худ берун меомаданд. Ва то Аллоҳ он чиро аз нифоқ ё заъфи имон дар дилҳоятон доред, биёзмоид, то дилҳоятонро аз васвасаҳои шайтон, ки дар он асар гузоштааст, холис ва пок гардонад. Ва Аллоҳ ба он чи дар дилҳост, огоҳ аст.[285]
[285]Тафсири Саъдӣ 1\153
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
 
แปลความหมาย​ อายะฮ์: (154) สูเราะฮ์: Āl-‘Imrān
สารบัญสูเราะฮ์ หมายเลข​หน้า​
 
แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - คูวจญะฮ์ เมรูฟ คูวจญะฮ์ เมรฺ - สารบัญ​คำแปล

การแปลความหมายอัลกุรอานเป็นภาษาทาจิก แปลโดย คูวจญะฮ เมรูฟ คูวจญะฮ เมร ได้รับการแก้ไขอย่างสมบูรณ์โดยศูนย์การแปลรุววาด คำแปลต้นฉบับมีให้เพื่อการพัฒนา การประเมินอย่างต่อเนื่อง และการเสนอข้อชี้แนะ

ปิด