แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - คูวจญะฮ์ เมรูฟ คูวจญะฮ์ เมรฺ * - สารบัญ​คำแปล


แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: Al-Jumu‘ah   อายะฮ์:

Сураи Ҷумъа

يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡمَلِكِ ٱلۡقُدُّوسِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ
1. Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд[2893] ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, Аллоҳ , ки фармонраво, подшоҳи олам пок аз ҳама айб, пирӯзманд ва дар тадбир ва санъаташ бо ҳикмат аст![2894]
[2893] Яъне, ба покӣ ёд мекунанд Ӯро аз ҳар чизе, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест
[2894] Тафсири Табарӣ 23\371
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
هُوَ ٱلَّذِي بَعَثَ فِي ٱلۡأُمِّيِّـۧنَ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
2. Ӯст Аллоҳ, ки дар миёни арабҳои бесавод, ки хонда наметавонистанд, на китоб ва на рисолате доштанд, паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро аз ақидаҳои ботил ва ахлоқи бад покиза созад ва ба онон китоб (Қуръон) ва ҳикмат (Суннат) биёмӯзонад. Ва агарчи пеш аз ин биъсати Расули акрам онҳодар гумроҳии ошкор буданд.
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَءَاخَرِينَ مِنۡهُمۡ لَمَّا يَلۡحَقُواْ بِهِمۡۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
3. Ва низ ин паёмбар фиристода шудааст бар гурӯҳи дигаре аз онҳо, (аз фарзандони Одам), ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд ва ба зудӣ дар оянда ба дунё хоҳанд омад. Ва Ӯст пирӯзманд бар ҳама чиз ва ҳаким дар гуфтор ва корҳояш![2895]
[2895] Тафсири Саъдӣ 1\862
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ
4. Ин биъсати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар мардуми араб ва ғайри араб фазлу неъмати Илоҳӣ аст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Аллоҳро бахшоиши бузурге аст.[2896]
[2896] Тафсири Табарӣ 23\376
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
مَثَلُ ٱلَّذِينَ حُمِّلُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ ثُمَّ لَمۡ يَحۡمِلُوهَا كَمَثَلِ ٱلۡحِمَارِ يَحۡمِلُ أَسۡفَارَۢاۚ بِئۡسَ مَثَلُ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
5. Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо (яҳудиҳо ) бор шуд, сипас онро барнадоштанд, (яъне ба он амал накарданд), мисли он хар аст, ки китобҳоеро бар пушт бор мекунад ва намедонад дар он чист. Чи бад мисолест,мисоли мардуме, ки оёти Аллоҳро дурӯғ шумурданд ва аз он манфиъат набурданд. Ва Аллоҳ ситамкоронеро, ки аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ берун мераванд, ҳидоят намекунад.[2897]
[2897] Тафсири Бағавӣ 8\115
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ هَادُوٓاْ إِن زَعَمۡتُمۡ أَنَّكُمۡ أَوۡلِيَآءُ لِلَّهِ مِن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُاْ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
6. Бигӯ эй Расул ба яҳудиҳое, ки даъвои бузургӣ мекунанд: «Эй касоне, ки яҳудӣ шудаед, агар гумон доред, ки ҳароина, танҳо шумо дӯстони Аллоҳ ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар ростгӯй ҳастед!»
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَلَا يَتَمَنَّوۡنَهُۥٓ أَبَدَۢا بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّٰلِمِينَ
7. Ва он яҳудиҳо ба сабаби аъмоли баде , ки пеш аз ин кардаанд, барои ҳаёти дунёро бар охират муқаддам донисташон ва тарсашон аз азоби Аллоҳ ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ аз ҳоли ситамкорон доност ва аз ситамкории онҳо чизе бар Ӯ пӯшида намемонад![2898]
[2898] Тафсири табарӣ 23\379
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
قُلۡ إِنَّ ٱلۡمَوۡتَ ٱلَّذِي تَفِرُّونَ مِنۡهُ فَإِنَّهُۥ مُلَٰقِيكُمۡۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
8. Бигӯ: «Ҳароина, он марге, ки аз он мегурезед, ҳоло он ки ҷои гурез нест шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас рӯзи қиёмат ба сӯи Аллоҳи донандаи ниҳону ошкоро баргардонида хоҳед шуд, пас шуморо ба он чӣ мекардед хабар медиҳад.[2899]
[2899] Тафсири Табарӣ 23\380
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
9. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба сӯи зикри Аллоҳ ба гӯш кардани хутба ва адои намоз бишитобед ва хариду фурӯшро ва тамоми корҳое, ки шуморо аз он машғул месозад, тарк кунед. Агар бидонед, ин дастуроти фармудашуда бароятон беҳтар аст.[2900]
[2900] Ин оят далолат бар воҷиб будани намози ҷумъа ва гӯш кардани хутба мекунад. Тафсири Табарӣ23\384
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
10. Пас чун хутбаро шунидед ва намоз ба охир расид, аз пайи ризқу рӯзӣ дар замин пароканда шавед ва аз ризқи Аллоҳ талаб кунед ва Аллоҳро бо дилу забон ва дар ҳама ҳол бисёр ёд кунед, бошад, ки дар дунёву охират растагор шавед![2901]
[2901] Тафсири Саъдӣ 1\863
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَإِذَا رَأَوۡاْ تِجَٰرَةً أَوۡ لَهۡوًا ٱنفَضُّوٓاْ إِلَيۡهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِمٗاۚ قُلۡ مَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ مِّنَ ٱللَّهۡوِ وَمِنَ ٱلتِّجَٰرَةِۚ وَٱللَّهُ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ
11. Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, баъзе аз мусалмонон пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро эй Паёмбар бар минбар истода[2902] раҳо кунанд? Бигӯ: «Он чӣ дар назди Аллоҳ аз подоши бузург аст аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Аллоҳ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст, пас аз Ӯ талаби ризқу рӯзӣ кунед ва бо тоъати Ӯ мадад ҷӯед аз хайри дунёву охират![2903]
[2902] Яъне дар хутба.
[2903] Тафсири Табарӣ23\389
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
 
แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: Al-Jumu‘ah
สารบัญสูเราะฮ์ หมายเลข​หน้า​
 
แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - คูวจญะฮ์ เมรูฟ คูวจญะฮ์ เมรฺ - สารบัญ​คำแปล

การแปลความหมายอัลกุรอานเป็นภาษาทาจิก แปลโดย คูวจญะฮ เมรูฟ คูวจญะฮ เมร ได้รับการแก้ไขอย่างสมบูรณ์โดยศูนย์การแปลรุววาด คำแปลต้นฉบับมีให้เพื่อการพัฒนา การประเมินอย่างต่อเนื่อง และการเสนอข้อชี้แนะ

ปิด