Check out the new design

แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - เคาญะฮ์ เมรูฟ เคาญะฮ์ เมร์ * - สารบัญ​คำแปล


แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: At-Tawbah   อายะฮ์:
ٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ أَوۡ لَا تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ إِن تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ سَبۡعِينَ مَرَّةٗ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
80. Мехоҳӣ эй Расул барои мунофиқон бахшиш бихоҳ, мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ. Аллоҳ барояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Аллоҳу паёмбараш имон надоранд ва Аллоҳ мардуми фосиқро ҳидоят намекунад!
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
فَرِحَ ٱلۡمُخَلَّفُونَ بِمَقۡعَدِهِمۡ خِلَٰفَ رَسُولِ ٱللَّهِ وَكَرِهُوٓاْ أَن يُجَٰهِدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَقَالُواْ لَا تَنفِرُواْ فِي ٱلۡحَرِّۗ قُلۡ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرّٗاۚ لَّوۡ كَانُواْ يَفۡقَهُونَ
81. Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Аллоҳ ақибнишинӣ карданд (дар Мадина), хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Аллоҳ нохуш шумурданду ва ба ҳамдигар гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!»[920] Агар мефаҳманд, бигӯ бар онҳо эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!»
[920] Дар ин воқеаи баромадан ба ҷанги Табук ҳаво бениҳоят гарм буд
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
فَلۡيَضۡحَكُواْ قَلِيلٗا وَلۡيَبۡكُواْ كَثِيرٗا جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
82. Ба ҷазои аъмоли анҷом додаашон (мунофиқон) бояд, ки андак биханданд ва бисёр бигирянд! (Яъне, дар ин дунёи гузаро баҳраманд шаванд ва ба лаззатҳои он хушҳол шаванд, зуд аст, ки бисёр бигирянд дар азоби дарднок ба сабаби он чи касб кардаанд дар дунё аз куфру нифоқ ва нофармонии амри Парвардигорашон).[921]
[921] Тафсири Саъдӣ 1\346
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
فَإِن رَّجَعَكَ ٱللَّهُ إِلَىٰ طَآئِفَةٖ مِّنۡهُمۡ فَٱسۡتَـٔۡذَنُوكَ لِلۡخُرُوجِ فَقُل لَّن تَخۡرُجُواْ مَعِيَ أَبَدٗا وَلَن تُقَٰتِلُواْ مَعِيَ عَدُوًّاۖ إِنَّكُمۡ رَضِيتُم بِٱلۡقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٖ فَٱقۡعُدُواْ مَعَ ٱلۡخَٰلِفِينَ
83. Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид[922] ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд[923], бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!»[924]
[922] Аз ғазваи Табук
[923] Барои ба даст овардани ғаниматҳо
[924] Тафсири Бағавӣ 4\81
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰٓ أَحَدٖ مِّنۡهُم مَّاتَ أَبَدٗا وَلَا تَقُمۡ عَلَىٰ قَبۡرِهِۦٓۖ إِنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَمَاتُواْ وَهُمۡ فَٰسِقُونَ
84. Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоъатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст).[925]
[925] Тафсири Саъдӣ 1\347
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَلَا تُعۡجِبۡكَ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَأَوۡلَٰدُهُمۡۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُعَذِّبَهُم بِهَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَتَزۡهَقَ أَنفُسُهُمۡ وَهُمۡ كَٰفِرُونَ
85. Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бисёрии молу фарзандони онон туро ба ҳайрат наорад. Аллоҳ мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар ҳолати куфр ҷон бисупоранд.
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
وَإِذَآ أُنزِلَتۡ سُورَةٌ أَنۡ ءَامِنُواْ بِٱللَّهِ وَجَٰهِدُواْ مَعَ رَسُولِهِ ٱسۡتَـٔۡذَنَكَ أُوْلُواْ ٱلطَّوۡلِ مِنۡهُمۡ وَقَالُواْ ذَرۡنَا نَكُن مَّعَ ٱلۡقَٰعِدِينَ
86. Чун сурае бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, ки ба Аллоҳ имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»
ตัฟสีรต่างๆ​ ภาษาอาหรับ:
 
แปลความหมาย​ สูเราะฮ์: At-Tawbah
สารบัญสูเราะฮ์ หมายเลข​หน้า​
 
แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - เคาญะฮ์ เมรูฟ เคาญะฮ์ เมร์ - สารบัญ​คำแปล

แปลโดย คูวญะฮ์ เมรูฟ คูวญะฮ์ เมร์ ได้รับการพัฒนาภายใต้การดูแลของทีมงานศูนย์แปลรุว๊าด และสามารถดูคำแปลต้นฉบับที่มีไว้เพื่อการเสนอแนะ ประเมินผลและพัฒนาอย่างต่อเนื่อง

ปิด