Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Nahl   Câu:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖ نَّحۡنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ فَهَلۡ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
35. Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем[1353]». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд (ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)[1354]. Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.
[1353] Ба монанди “баҳира” ва “соиба” ва “васила” ва “ҳом”. Тафсири Бағавӣ 5\18. Нигар ба сураи Моида, ояти 103
[1354] Тафсири Саъдӣ 1\440
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنۡهُم مَّنۡ حَقَّتۡ عَلَيۡهِ ٱلضَّلَٰلَةُۚ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
36. Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут[1355] дурӣҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард , ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас дар замин бигардед ва бинед , ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.[1356]
[1355] Ҳар чизе ки ғайр аз Аллоҳпарастиш карда мешавад; аз шайтон, бут, мурдаҳо ва ғайра..
[1356] Тафсири Саъдӣ 1\440
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِن تَحۡرِصۡ عَلَىٰ هُدَىٰهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَن يُضِلُّۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ
37. Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, ҷаҳди худро дар онҳо сарф намоӣ Аллоҳ онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад[1357].
[1357] Тафсири Саъдӣ 1\440
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَا يَبۡعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُۚ بَلَىٰ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقّٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
38. Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.[1358]
[1358] Тафсири ибни Касир 4\571
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
لِيُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي يَخۡتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰذِبِينَ
39. Оре Аллоҳ ҳама бандагонро зинда мегардонад, то он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва ҳамоно кофирон бидонанд, ки ҳақиқатан дурӯғ мегуфтанд.[1359]
[1359] Тафсири Табарӣ 17\204
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
40. Ҳаргоҳ фармони Мо ба ҳар чизе[1360], ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад.
[1360] Яъне аз нав зинда гардонидан бар Мо осон аст. Тафсири Бағавӣ 5\19
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْ لَنُبَوِّئَنَّهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗۖ وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
41. Ва ононе, ки мавриди ситам қарор гирифтанд ва дар роҳи Аллоҳ муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон[1361]ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар инҳо, пасмондагон медонистанд, чи гуна аҷри охират бузургтар аст, ҳеҷ кас аз муҳоҷират кардан дар роҳи Аллоҳ дар ватанаш боқӣ намемонд.[1362]
[1361] Дар Мадина .
[1362] Тафсири Саъдӣ 1\440
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ
42. Ононе, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Nahl
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại