Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - Dịch thuật tiếng Tajik - Khawjah Mirov Khawjah Mir * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Câu: (187) Chương: Chương Al-Baqarah
أُحِلَّ لَكُمۡ لَيۡلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمۡۚ هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَخۡتَانُونَ أَنفُسَكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ وَعَفَا عَنكُمۡۖ فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِۚ وَلَا تُبَٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمۡ عَٰكِفُونَ فِي ٱلۡمَسَٰجِدِۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ
187. Аллоҳ дар шабҳои моҳи Рамазон бароятон ҳамбистарӣ бо ҳамсаронатонро мубоҳ гардонид. Онҳо пўшиш ва ҳифзи шумоянд ва шумо низ пўшиш ва ҳифзи онҳо ҳастед. Аллоҳ медонист, ки шумо бо нафси худ хиёнат меварзед, бо мухолифати ҳаромкардаи Аллоҳ дар шабҳои Рамазон бо ҳамбистарӣ карданатон бо ҳамсарон,[110] пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард ва амрро ба шумо васеъ гардонид. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро ки Аллоҳ бар шумо муқаддар гардонидааст, талаб кунед (аз фарзанд) ва бихўреду биёшомед то равшании субҳ дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рўзаро то фурў рафтани офтоб ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид ба эътикоф[111] нишастед, бо ҳамсарон ҳамбистар нашавед. Ин ҳудуд фармони Аллоҳ аст, ба он наздик машавед. Аллоҳ оёт ва аҳкоми худро инчунин баён мекунад, бошад, ки ба парҳезгорӣ бирасанд!
[110] Яъне дар ибтидои ислом дар моҳи Рамазон дар шаб ҳамбистарӣ кардан бо занон манъ буд. Тафсири Бағавӣ 1\206
[111] Дар даҳаи охири моҳи Рамазон дар масҷид бо нияти наздик шудан ба Аллоҳ истодан.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Câu: (187) Chương: Chương Al-Baqarah
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - Dịch thuật tiếng Tajik - Khawjah Mirov Khawjah Mir - Mục lục các bản dịch

Bản dịch ý nghĩa nội dung Kinh Qur'an bằng tiếng Tajik, dịch thuật bởi Khawja Mirov Khawja. Bản dịch đã được kiểm duyệt bởi Trung tâm Dịch thuật Rowwad và bản dịch gốc hiện đang có sẵn cho tham khảo, đóng góp ý kiến, đánh giá để không ngừng nâng cao.

Đóng lại