Check out the new design

Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 * - Mục lục các bản dịch


Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Ambiya'   Câu:
قُلۡ إِنَّمَآ أُنذِرُكُم بِٱلۡوَحۡيِۚ وَلَا يَسۡمَعُ ٱلصُّمُّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا مَا يُنذَرُونَ
45. Бигӯ эй Расул барои он гуяндгоне, ки аз ту талаб мекунанд, то барояшон нишонае биёварӣ: «Ман шуморо бо ваҳй (Қуръон) бим медиҳам», вале одамони карро (яъне кофирон) чун бим диҳанд, садоро намешунаванд.[1652]
[1652] Тафсири Табарӣ 18\449
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَلَئِن مَّسَّتۡهُمۡ نَفۡحَةٞ مِّنۡ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
46. Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо (кофирон) бирасад, бар гуноҳи худ иқрор шаванд ва хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ба дурустӣ, ки мо ситамкор будаем!»[1653]
[1653] Тафсири Бағавӣ 5\321
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَنَضَعُ ٱلۡمَوَٰزِينَ ٱلۡقِسۡطَ لِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَلَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗاۖ وَإِن كَانَ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٍ أَتَيۡنَا بِهَاۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَٰسِبِينَ
47. Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал[1654] ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!
[1654] Донаи сипандон (ҳазориспанд)
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٱلۡفُرۡقَانَ وَضِيَآءٗ وَذِكۡرٗا لِّلۡمُتَّقِينَ
48. Ва ба дурустӣ, ки ба Мӯсо ва Ҳорун ҳуҷҷат ва нусрате додем бар ғолиб омадани душманашон ва низ китоби (Тавротро) додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва он равшаниву панд аст барои парҳезгорон.[1655]
[1655] Тафсири Бағавӣ 5\322
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ وَهُم مِّنَ ٱلسَّاعَةِ مُشۡفِقُونَ
49. Онон, ки аз Аллоҳи хеш ғоибона метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَهَٰذَا ذِكۡرٞ مُّبَارَكٌ أَنزَلۡنَٰهُۚ أَفَأَنتُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ
50. Ва ин Қуръоне, ки нозил кардаем бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он пандест барои касе, ки панд мегирад ва амал ба он мекунад ва бисёр фоидаовару бобаракат аст. Оё шумо мункири он ҳастед?[1656]
[1656] Тафсири Табарӣ 18\454
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
۞ وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ إِبۡرَٰهِيمَ رُشۡدَهُۥ مِن قَبۡلُ وَكُنَّا بِهِۦ عَٰلِمِينَ
51. Ва ба таҳқиқ Мо пеш аз ин додем ба Иброҳим ҳидоят ва роҳёбиашро, ки мардумро ба он даъват намуд ва ба аҳволи ӯ доно будем.[1657]
[1657] Тафсири Саъдӣ 1\525
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا هَٰذِهِ ٱلتَّمَاثِيلُ ٱلَّتِيٓ أَنتُمۡ لَهَا عَٰكِفُونَ
52. Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин бутҳое, ки худ сохтаед ва парастиши онҳоро лозим гирифтаед, чистанд?»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالُواْ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا لَهَا عَٰبِدِينَ
53.Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالَ لَقَدۡ كُنتُمۡ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمۡ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
54. Иброҳим барояшон гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا بِٱلۡحَقِّ أَمۡ أَنتَ مِنَ ٱللَّٰعِبِينَ
55. Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё аз касони шӯхикунандаву бозингар ҳастӣ?»
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
قَالَ بَل رَّبُّكُمۡ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا۠ عَلَىٰ ذَٰلِكُم مِّنَ ٱلشَّٰهِدِينَ
56. Иброҳим барояшон гуфт: «Балки ҳақро овардаам ва шуморо даъват ба ибодати Вай мекунам, балки Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он зотест, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.[1658]
[1658] Тафсири Табарӣ 18\456
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
وَتَٱللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصۡنَٰمَكُم بَعۡدَ أَن تُوَلُّواْ مُدۡبِرِينَ
57.Ва ба Аллоҳ савганд, баъде ки шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».
Các Tafsir tiếng Ả-rập:
 
Ý nghĩa nội dung Chương: Al-Ambiya'
Mục lục các chương Kinh Số trang
 
Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉 - Mục lục các bản dịch

由胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉翻译,在由先锋翻译中心的监督下完成,并可查阅原始译文,以便提出意见、评估和持续改进。

Đóng lại